Бибизаҳро баъзан барои набераҳояш афсона мехонад. Гоҳе Ҳингилдевро ба ёд меорад, гоҳе Бузаки ҷингилапо ва Кали зиракро. Ин сокини вилояти Суғд мегӯяд, дар кӯлбори хотирааш беш аз ин афсона надорад ва бисёр вақт набераҳояш рӯ ба телефон меоранд ва ё ба телевизион.
Чаро фақат дарахту гул метавонанд гап зананду инҳо не? Кӯдакони имрӯз чизи зиёдеро медонанд, ки мо намедонем. Вақте намедонем, чӣ гуна ёд медиҳем?
Шаҳлои Раҷабалӣ, модари ду фарзанд, дар Душанбе ҳам рӯзи 13-уми март гуфт, камбуди адабиёти ҷолиби кӯдакона ӯро водор кард, барои фарзандонаш филмҳои тасвирӣ харад, ки бо забони русӣ ҳастанд.
Баъзе аз адибони тоҷик ҳам мегӯянд, ки тайи солҳои охир достону ҳикояҳои ҷолиб ва дархӯри замон барои кӯдакон офарида нашуд. Ва агар вазъ ба ҳамин минвол идома кунад, кӯдакон адабиёт ва қаҳрамонҳои худиро аз ёд мебаранд.
Видео: Кадом шеъри овони кӯдакӣ дар ёдатон мондааст?
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми март дар як нишаст дар Душанбе гуфт, мушкили асосӣ тафовути замон аст. Яъне, ба қавли ӯ, насли калонсол тағйироти нав дар ҷаҳонро қабул надорад ва кӯдакон бо афсонаҳои кӯҳна созиш карданӣ нестанд.
"Эҳсос мекунем, ки дар масъалаи рушди адабиёти бачагона хеле қафо мондаем", - гуфт ӯ ва афзуд, "соли гузашта пас аз ҷамъбасти ҳафтаи китоб дар вилояти Суғд дидем, ки рақсу суруд дорем, вале, мутаассифона, китоб надорем."
Азим Байзоев, корманди Академияи таҳсилот дар Тоҷикистон, мегӯяд, адибон аз дунёи кӯдакони имрӯза бехабаранд ва такрори худро дар онҳо дидан мехоҳанд.
"Имрӯз ягон ҳикояе пайдо карда наметавонем, ки мошин бо кӯдак гап занад, телевизор гап занад. Чаро фақат дарахту гул метавонанд гап зананду инҳо не? Кӯдакони имрӯз чизи зиёдеро медонанд, ки мо намедонем. Вақте намедонем, чӣ гуна ёд медиҳем?" - суол гузошт ӯ.
Муҳиддин Зиёев масъули тарҳи “Бо ҳам бихонем” аз созмони USAID аст ва бозори адабиёти бачагонро дар Тоҷикистон меомӯзад. Ӯ мегӯяд, дар адабиёти кӯдакон ба ҷойи гург ва хирсу рӯбоҳ бояд қаҳрамонҳои нав ба майдон биоянд.
Зиёев даъват кард, мисли бисёре аз кишварҳои дунё Тоҷикистон ҳам дар баробари адабиёт барои кӯдакон махзани маълумот дар бораи илму фанновариҳоро таҳия кунад. "Тасмим дорем, ки 120 номгӯи китоби кӯдаконаро омода карда, бо теъдоди 600 ҳазор нусха ба мактабҳои миёна дастрас намоем", - афзуд ӯ.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, талабгорони китобҳои бадеии кӯдакона дар Тоҷикистон кам нест, вале шикоят ё аз камбуди китоб аст, ё аз муҳтавои онҳост. Вагарна, ба қавли онҳо, бештари волидон талош намекарданд, ки барои кӯдакони худ адабиёти русӣ бихаранд ё филмҳои тасвирии хориҷӣ бигиранд.
Азизи Азиз, адиби кӯдакон, ҳам тасдиқ кард, ки хонандагони китобҳои кӯдакона зиёд аст. "Вале соле то 20-25 номгӯи китоби бачагона нашр мешавад ва на ҳамаи он аз рӯи мазмуну мундариҷа ба талабот ҷавбгӯянд. Ҳам теъдоди чопашон хеле кам аст", - хулоса кард ӯ.