Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳнати сангин дар пахтазор барои ғӯзапоя


Занони пахтакор дар Хатлон мегӯянд, ки онҳо ба хотири ба даст овардани ғӯзапоя меҳнати сангин дар пахтазорро таҳаммул мекунанд.

Мавсими нави пахтачини дар вилояти Хатлон -- яке аз вилоятҳои аграрии Тоҷикистон шурӯъ шуд, вале занону духтарони пахтачин дар ин вилоят мегӯяд, ки кишти пахта ва ҷаъмоварии ҳосилиаш мисли солҳои Шӯравӣ ба онҳо даромади хубе намеорад ва онҳо ба хотири ғузапоя ба саҳро мебароянд.

Давлатмоҳ Салимова, зане аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, ки мардҳои хонаашон дар Русия муҳоҷиранд ва кори саҳро бар дӯши онҳо афтодааст. Хонуми Салимова мегӯяд, агарчи кор дар пахтазор душвору сангин аст, вале се фарзанд ва келинашро ба кори саҳро равон мекунад, ки тирамоҳ ғузапоя -- хезуми пахта биёранд: “Аз рӯзе, ки заминҳоро шудгор мекунанд, рафта заминҳоро тоза карда, кулухҳоро мешиканем ва заминҳоро аз санг тоза мекунем, дар баҳор зери об мемонему тобистон дар гармии офтоб месӯзем..”

Дар вилояти Хатлон мисли хонум Салимова занҳои зиёде ҳастанд, ки ба сабаби набудани ҷойи кори дигар маҷбур ҳастанд, ба саҳро бароянд. Онҳо ҳамчунин ба хотири ҷамъоварии ғӯзапоя фарзандони худро низ ба пахтазор ҷалб мекунанд. Ин хонаводаҳо мегӯянд, ки мушкилоти иқтисодӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки бо пули андак ва ба хотири ҳезум сангинтарин кори арсаи кишоварзиро анҷом диҳанд.

Коре, ки дар замони Шӯравӣ мардҳо ва техникаҳо анҷом медоданд, вале ҳоло танҳо занҳо ҳастанд, ки дар заминҳои кишоварзӣ зоҳир мешаванд.

Наргис Иброҳимова, ҳамоҳангсози созмони ҷаъмиятии”Парвози парасту”дар шаҳри Қӯрғонпеппа, ки бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва занони кишоварз кор мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои “Озодӣ” гуфт, ки занони пахтакор бештар барои ғузапая сангинтарин рӯзҳоро пушти сар мекунанд: “Ҳозир бештари мардҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, занону духтарони пахтакор маҷбур ҳастанд, ки ҳамин корҳои сангинро анҷом диҳанд, дигар ҷои кор надоранд ва онҳо дар гузашта нахондаанд ва дар ҳамин заминҳои пахта кор мекунад, вале онҳо аз ин корашон розӣ ҳастанд, чун барои замистон ғузапоя мегиранд ва ин ғузапоя хонаҳояшонро гарм мекунад.”

Масъулони идораи киҳшоварзии вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар вилояти Хатлон 47 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор фаъолият мекунанд, ки роҳбарони 15 ҳазори ин хоҷагиҳо занҳо будаанд ва беш аз 90 дар сади ҷаъмоварандагони пахта занону духтарон ҳастанд.

Коршиносони риштаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар баробари анҷоми кори сангини пахта ва дар иваз ба даст овардани музди андаку ночиз инчунин занону духтарон ҳуқуқҳои худро намедонистаанд. Илҳом Муродов, аграноми зироаткорӣ мегӯяд, ки худи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дониши хуб надоранд ва ба ҳамин хотир ба ҳуқуқи занону духтарони кишоварз расидагӣ намекунанд: “Занҳо дар бахши кишоварзӣ ниҳоят зиёд ҳастанд, вале ҳуқуқҳои худро намедонад ва худи роҳбарони онҳо низ маълумот надорад. Онҳо дафтарчаҳои меҳнатӣ надоранд ва онҳо аз ин чиҳат зарар мебинад, онҳо ба омӯзиш ниёз доранд.”

Дар ҳамин ҳол Назира Сафарова, корманди раёсати кишоварзии вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки маърифати ҳуқуқии кормандони хоҷагиҳои даҳқонӣ паст будааст ва занону духтарони кишоварз дафтарчаҳои меҳнатӣ надоштаанд, то дар вақти бознишастагӣ кори кардаашон дар саҳро ба инобат гирифта шавад.

Дар ҳоле, ки занону духтарон дар мавриди пули андак ва кори сангини пахтазорҳо суҳбат мекунанд, бахши раёсати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон мегӯяд, ки аксарияти занону духтароне, ки дар гармои ҳаво ва бе танаффус кор мекунанд, аз камхунӣ ва бемадорӣ ранҷ мебаранд. Ба иттилои расмӣ, 50 дар сад заноне, ки ба табибон дар мавриди камхунӣ муроҷиат кардаанд, занону духтароне будаанд, ки дар заминҳои пахта кор мекунанд.

Ҳарчанд бисёриҳо ғузапояро мояи ҷалби занон ба пахтазор медонанд, мақомот мегӯянд, хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор бо гардонидани андоз барои як кило пахта 75 дирам медиҳанд ва бо гузашти рӯзҳо нархи пахта боло рафта, дар рӯзҳои ахири мавсими пахта, ки нархи як килограми он ба 50 дирам мерасад.

Аммо он афроде, ки охирҳои моҳи март дар замин кор мекунад мегӯяд, ки пуле, ки аз як килои пахта ба даст меоранд, барои зиндагӣ ва ҳато барои куртаҳои дарида ва кафшҳои кандаашон басанда нест.

XS
SM
MD
LG