Аммо тазоди аз ин ҳам бештар он аст, ки сардори шӯъбаи саноати сабуки вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, Шарофат Ҳусейнова, мегӯяд, сабаби якбора коҳиш ёфтани маҳсулоти нассоҷӣ кам будани ашёи хом, ба хусус нахи пахта аст. Шарофат Ҳусейнова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, корхонаҳои коркарди пахта фаъолияти хуб надоштанд ва ширкатҳои нассоҷию дӯзандагиро бо маводи кофӣ таъмин накарданд.
Аз сӯи дигар, меафзояд ӯ, худи корхонаҳои бофандагию дӯзандагӣ низ хуб кор накардаанд, зеро аксари онҳо дар ҳоли навсозиянд: «Аз оғози соли ҷорӣ 5 корхона фаъолият накардааст. Як корхона аз сабаби набудани пахта кор накардааст ва 4 корхонаи дигар бо сабаби фарсуда шудани таҷҳизот ва дастгоҳҳо фаъолият накардаанд. Аз тамосҳои телефонии мо бо роҳбарони ин корхонаҳо маълум гардид, ки онҳо дастгоҳҳои нав оварда, корхонаҳоро бозсозӣ доранд. Корхонаҳои «Файзи истиқлол 2011», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Хима-текстил», «Вализодаи Ниёз», «Авесто 2010», «Тоҷи Ғафуров» ва чанд корхонаи дигар дар семоҳаи соли ҷорӣ фаъолият накардаанд.»
Намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон сабаби асосии коҳиши тавлидоти нассоҷӣ ва дӯзандагиро ба фарсуда шудани дастгоҳҳои 8 корхонаи нассоҷӣ ва ресандагии кишвар пайванд медиҳанд. Сардори раёсати саноат дар ин вазорат Иттифоқ Аҳмадов, мегӯяд, гаронии нахи пахта низ яке аз сабабҳои коҳиши тавлидот аст: «Бисёре аз корхонаҳои ресандагӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карда буданд, ки андоз аз фурӯши нахи пахта, ки аз аввали соли 2000-ум ҷорӣ шудааст бардошта шавад. Зеро ин на танҳо барои содироткунандагон, инчунин барои харидорони нахи пахта дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Яъне арзиши пахта 10 дарсад гарон меафтад. Бинобар ин ҳукумати Тоҷикистон ҳоло тасмим дорад андоз аз фурӯши пахта бардошта шуда, ба ҷой он боҷи гумрукӣ илова шавад, ки ин нисбатан сабуктар меафтад барои соҳибкорон.»
Ин андоз дар ниҳояти амр, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагиро низ гаронтар мекунад, ки дар баробари сифати он фурӯшаш корхонаҳои мазкурро ҳавасманд намегардонад. Ин ҳам дар ҳоле ки дар чанд соли охир даҳҳо корхонаи нави нассоҷӣ ва дӯзандагӣ таъсис ёфта, шумораи умумии онҳо дар кишвар ба 200 адад расидааст. Дар ифтитоҳи бархе аз онҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, гуфта буд, ки акнун бояд ба ҷои фурӯши маводи хом ба хориҷа, пахта дар дохили кишвар ба маҳсулоти тайёр табдил ёбад, зеро он гоҳ даромади бештар хоҳад овард ва ҳам сокинонро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард.
Ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, ба хотири иҷрои ин дастури раисиҷумҳур ба соҳибкорон имтиёз дода шудааст. Барои намуна, корхонаҳое, ки калобаи пахта истеҳсол мекунанд аз андози арзиши иловашуда озоданд. Инчунин корхонаҳо, ки ба силсилаи коркарди нахи пахта то ба маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, аз боҷи гумрукӣ озоданд. Ҳамчунин аз таҷҳизоте, ки барои рушди ин корхонаҳо ворид мешаванд, ягон хел андоз ё боҷи гумрукӣ ситонида намешавад. Рӯшан нест, ки ин имтиёзҳо то куҷо кори тавлидкунандагонро сабук кардаанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадов, мушкили умдаи соҳибкорони ватанӣ ин аст, ки онҳо наметавонанд, ба осонӣ қарзҳои боимтиёз гиранд. Аммо ин ҳам гуфта мешавад, ки танҳо аз соли 2008 инҷониб барои рушди соҳа ба 8 корхонаи нави нассоҷӣ ва дӯзандагӣ беш аз 100 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст.
Бахтиёр Сайфиев, раиси ширкати «Тоҷи Ғафуров», ки бо коҳиши тавлидот рӯбарӯст ва як соли охир фаъолият накардааст, дар бораи сабабҳои ин ҳолат ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Ягона имтиёзе, мо дорем ин бидуни андоз ворид кардани таҷҳизот барои корхона аст. Барои мисол, барои хоҷагиҳои деҳқонӣ қарзҳои имтиёзнок дода мешавад, ки барои мо ин гуна имтиёз нест. Ба шуниди ман, дар Русия барои корхонаҳои нассоҷӣ қарзҳои имтиёзнок бо сарбахши 9 дарсад дода мешавад, аммо барои мо ҳадди ақал қарзҳои 12-дарсада диҳанд, корамон хеле рушд мекунад. Агар чунин қарзҳои имтиёзнок диҳанд, бовар дорам, ки чанд корхонаи вилояти Суғд, ки аз кор боз мондаанд, ба зудӣ фаъол мешаванд. Азбаски мушкили молӣ дорем, корамон ба қафо рафта истодааст, ки комилан бар зарарамон мебошад.”
Азбаски корхонаи «Тоҷи Ғафуров» калобаи пахта омода мекунад, гуфта мешавад ҳама дасгоҳҳои ин корхона мероси солҳои 90-уми асри гузашта аст. Барои бозсозӣ корхона ба беш аз 140 ҳазор доллари амрикоӣ ниёз дорад. Дар сурати ба кор шурӯъ кардани корхонаи «Тоҷи Ғафуров» зиёда аз 80 нафар ба кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҳоле ки ба саҳми корхонаҳои хурду миёна дар тавлиди маҳсулоти пахтагӣ диққати кам дода мешавад, коҳиши умумии тавлид асосан аз ҷониби онҳо ба миён омадааст. Вагарна, сарони калонтарин корхонаи соҳа -- «Нассоҷии тоҷик» (“Текстилкомбинат”-и собиқ) мегӯянд, ин коҳиш ба онҳо рабте надорад. Раҳбари иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», Хушмаҳмад Ҷонмаҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, корхона дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 8 миллиону 956 ҳазор сомонӣ маҳсулот баровард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 713 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Ба қавли раҳбари корхонаи «Нассоҷии тоҷик», ин корхона асосан ба коркарди нахи пахтаи ватанӣ машғул буда, аз хориҷ танҳо рангубор ва таҷҳизот меорад. Тавре гуфта мешавад маҳсулоти дӯзандагии ин корхона танҳо дар бозори дохили Тоҷикистон гардиш дорад ва он маҳсулоте, ки ба берун бароварда мешавад, ғолибан аз калобаи пахта, дока, читу сатин ва ришта иборат аст.
Бо вуҷуди комёбии нисбии корхона, раҳбари он низ яке аз сабабҳои умдаи коҳиши маҳсулоти нассоҷиро дар Тоҷикистон ба низоми андозбандӣ пайванд медиҳад. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Ҷонмаҳмадов, “андоз аз фурӯши пахтае, ки имрӯз ҷорӣ шудааст ба арзиши аслии маҳсулот зам карда мешавад, ки ба ҳамин хотир дар бештари корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон коркарди нахи пахта коҳиш ёфт. Ин дар ҳолест ки арзиши як тонна пахта 2097 доллар мебошад ва боз 210 доллари дигар андоз илова мешавад.”
Зимнан, ҳоло дар корхонаи «Нассоҷии тоҷик» наздикӣ ду ҳазор нафар кор мекунанд ва он бештар ба дӯхтани либосҳои мактабӣ машғул аст.
Аммо Давлат Усмон, иқтисоддони тоҷик рақобатпазир набудани моли корхонаҳои нассоҷии тоҷикро омили коҳиши маҳсулоти онҳо медонад: «Дар шароити феълии Тоҷикистон бештари корхонаҳои нассоҷӣ бо сабаби он, ки дар зимистон мушкили барқ дорем, имкони тамоми сол кор карданро надоранд. Ҳар корхонае ки бошад, агар дар тӯли сол кор накард ба таври табиӣ дар бозор рақобат карда наметавонад. Ё барномае, ки то имрӯз аз ҷониби ҳукумат таҳия шудааст, барои рушди соҳаи нассоҷӣ ба як барномаи сиёсӣ монанд аст, на иқтисодӣ. Яъне аз давлат кӯмак мегиранд, корхона боз мекунанд, аммо баъд он беназорат монда, аз байн меравад.»
Таҳлилгарон низ бар инанд, ки агар Тоҷикистон андозбандиро ислоҳ ва фишор ба соҳибкоронро бартараф кунад ва ба корхонаҳо қарзҳои имтиёзнок дода шудаву онҳо ба таври доимӣ нерӯи барқ дошта бошанд, соҳаи нассоҷӣ метавонад рушди бемисли иқтисодро таъмин кунад. Аммо дар айни ҳол он аз бархӯрди дурандешонаи давлат дур мондааст.