Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук: "Содирот коҳиш ва воридот афзоиш ёфтааст"


Нишасти матбуотии масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Нишасти матбуотии масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, ки дар нимаи нахусти соли ҷорӣ Русия аз кишварҳои аслии воридкунандаи мол ба Тоҷикистон будааст.

Неъмат Раҳматов, муовини раиси Хадамоти рӯзи чоршанбеи 16 июл зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамоти гумрук дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ маблағи ҳудуди 2, 9 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 15 дарсад бештар будааст.

Ба ин тартиб воридоти мол дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маблағи 2, 4 миллиард долларро ташкил додаастя. ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23, 5 дар сади бештар шудааст. Аммо мақомот мегӯянд, содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ин давра маблағи ба 521 миллион доллар расидааст, ки нисбати давраи мушобеҳ 14, 8 дар сад камтар аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматов, шарикони аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли ҷорӣ Русия, Қазоқистон, Чин ва Туркия будааст, аммо ҳудуди 30 дар сади воридоти мол ба Русия рост меояд.

Ҷаноби Раҳматов афзуд, ки дар ин давра воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия афзоиш ёфтааст. Ба таъкиди муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, маҳз лағви боҷи гумрукӣ барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ, сабаби аслии афзоиши воридоти ин маҳсулот ба Тоҷикистон шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар нимаи нахусти соли ҷорӣ бо 86 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 76 кишвари хориҷии дур тиҷорати хориҷӣ доштааст.

Зимнан, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар соли 2013 маблағи ҳудуди 5 миллиарду 285 миллион долларро ташкил дода буд, ки нисбати соле пеш ҳудуди 3 дар сад зиёдтар будааст.

Коҳиши содироти нахи пахта ва алюминиум аз Тоҷикистон

Тибқи иттилои масъулоони Хадамоти гумруки Тоҷикистон содироти нахи пахта ва алюминиум ба хориҷи кишвар дар нимаи нахусти соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. Неъмат Раҳматов гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 24 ҳазор тонна ва зиёда аз 60 ҳазор тонна алюминиум содир шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан кам аст.

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Раҳматов, дар ҳамин давраи соли гузашта аз Тоҷикистон беш аз 67 ҳазор тонна нахи пахта ва 102 ҳазор тонна алюминиум содир шуда буд. Муовини раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон сабаби аслии коҳиш ёфтани нахи пахта ва алюминиумро ба таҳаввулот дар бозори ҷаҳонӣ рабт донист. Зимнан, нахи пахта ва алюминиум ду маҳсули аслии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

XS
SM
MD
LG