Додгоҳи вилояти Хатлон як зану шавҳарро, ки ба қавли мақомот дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, дар ғайбашон аз 16 то 18 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ нисбат ба Хайриддин Назруллоеви 32-сола ва Соҷида Раҳматоваи 31-сола аввали моҳи январ дар як мурофиаи сайёр дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) содир шудааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин ҷуфт соли 2016 аз Русия тариқи Туркия ба Сурия рафтанд ва ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастанд. Аммо як сол боз аз онҳо ҳеҷ хабаре набудааст.
Муҳокимаи ғоибонаи чаҳор ДИИШ-ӣ
Ҳайрон шудам, ки худаш нест ва ӯро суд карданд. Ӯ дар ҳақиқат мегуфт, ки баргаштанӣ нест, вале ба фикрам, касе болои сараш буд ва метарсид, озодона сӯҳбат кунад.
Бар асоси тағйири банди 248-и Кодекси мурофиавии ҷиноӣ дар моҳи июли соли 2017 додгоҳҳои Тоҷикистон ҳақ пайдо карданд, ки ҳукми зиндони айбдоршавандаҳоро бе ҳузури онҳо содир кунанд. Феълан, бар асоси ин тағийрот, даҳҳо парвандаи ҷангҷӯёни тоҷик барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол шудаанд. Ин парвандаҳо маъмулан бо иттиҳоми “зархаридӣ” барррасӣ мешавад, ки аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Додгоҳи вилояти Хатлон то ба ҳол дар робита ба чаҳор тан аз тоҷикони узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар ғайбашон ҳукм содир кардааст.
Мақомот: "Афв" ҳанӯз пойбарҷост
Темур Бойзода, раиси коллегияи парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 26-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин парвандаҳо дар ҳоле бе ҳузури айбдоршаванда баррасӣ мешавад, ки далелҳои раднопазири ширкати онҳо дар ҷиноят мавҷуд бошад. Ӯ гуфт, дар парвандаи ин ҷуфт аксҳои ҳузурашон дар Сурия ва иқрори аудиоӣ ва видеоӣ, ки тасдиқ мекунанд, дар “ҷиҳод” қарор доранд ва нияти ба Тоҷикистон баргаштан надоранд, вуҷуд дошт.
Соли 2014 Тоҷикистон бо ворид кардани як тағйирот ба қонуни ҷиноӣ ба "ҷиҳодиҳо"-и тоҷик дар сафи ДИИШ имкон дод, ки аз роҳи хатарнок берун шаванд ва ба ватан баргарданд. Мақомот “афв”-и онҳоеро, ки сидқан пушаймон шудаанд, кафолат доданд. Бо истифода аз ин даъват, ба гуфтаи мақомот, даҳҳо нафар аз роҳи Сурия ва бархе ҳам аз хоки Ироқу Сурия ба Тоҷикистон баргаштанд. Аммо теъдоди онҳое, ки бо ДИИШ боқӣ монданд ва ё кушта шуданд, то ҳол маълум нест.
"Агар розӣ набошанд, метавонанд шикоят кунанд"
Темур Бойзода, додраси тоҷик мегӯяд, ин банди Кодекси ҷиноӣ ҳанӯз мавриди амал қарор дорад, вале парвандаи онҳое дар ғайбашон баррасӣ мешавад, ки дигар хоҳиши бозгашт ба ватанро надоранд. Ӯ гуфт, “онҳо метавонанд аз рӯи ин ҳукм шикоят кунанд. Агар сиҳату саломат ба ватан баргарданду бо ҳукми додгоҳ розӣ набошанд, дар асоси аризаи худи маҳкумшудаҳо судяе, ки қарорро қабул кардааст, ҳақ дорад, ҳукмашро бекор кунад ва аз нав баррасӣ кунад. Модоме ки гуноҳи ин ҷуфт ба пуррагӣ тасдиқи худашро ёфта буд, мо ҳукм содир кардем.”
Хайриддин Нарзуллоев, сокини деҳаи Шаҳринави ноҳияи Дустӣ (Ҷилликули собиқ) аз ҳамсари аввалаш бо як фарзанд ҷудо шуда, дубора бо Соҷида Раҳматова издивоҷ мекунад. Соли 2016 бо ҳамсараш аз Русия ба Сурия меравад.
Бародари Хайриддин: Гуфт, ки барнамегардад
Ҳоло қарор аст парвандаи аксари онҳо, ки ҳузурашон ба гуфтаи мақомот, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ “сад дар сад” тасдиқ шудааст, бе ҳузурашон баррасӣ шавад.
Исломиддин Назруллоев, бародари Хайриддин, рӯзи 26-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте фаҳмид, ки бародараш ба Сурия рафтааст, мақомотро огоҳ кард. Исломиддин Нарзуллоев мегӯяд, бародараш рӯзҳои аввали пайвастан ба ДИИШ аз дохили як хона сӯҳбат мекард, ки онҷо силоҳ ва парчами сиёҳи ин гурӯҳи тундрав дида мешуд. Ҳамсараш либоси сиёҳ дошт ва чеҳрааш нонамоён буд. Ин ҷуфт дар сӯҳбатҳо аз “ҷиҳод” ва қатли “кофирон” қисса мекарданд.
Баъдан, Исломиддин бо бародараш дар ҳузури муфаттишон низ сӯҳбати телефонӣ карда, ба суоли онҳо аз ӯ посух меҷуст. Вай гуфт, бародараш дар посух додан эҳтиёт мекард. Рӯзҳои аввал Хайриддин мегуфт, ки дар Ҳалаб қарор дорад, баъдан маҳалли буду бошашро иқрор намешуд.
Исломиддин мегӯяд, ҳукми ғоибонаи бародараш ӯро ҳайрон кардааст: “Як сол шуд, ки дигар бо мо тамос намегирад. Лекин ҳайрон шудам, ки худаш нест ва ӯро суд карданд. Ӯ дар ҳақиқат мегуфт, ки баргаштанӣ нест, вале ба фикрам, касе болои сараш буд ва метарсид, озодона сӯҳбат кунад. Маълум буд, ки зиқ мешавад ва ватанро ёд кардааст. Зоҳиран аз касе метарсид. Ҳар вақте мепурсидем, ки бармегардӣ?, не мегуфт.”
"Агар зинда мебуд, тамос мегирифт"
Исломидддин ба зинда будани бародараш зиёд бовар надорад ва мегӯяд, агар зинда мешуд, ҳатман бо хонавода тамос мегирифт.
Мисли Хайриддин беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба сафи гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд. Мақомот мегӯянд, ширкати онҳо тасдиқ ва нисбаташон бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “зархаридӣ” парванда боз шудааст.
Ҳоло қарор аст, парвандаи аксари онҳо, ки ҳузурашон ба гуфтаи мақомот, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ “сад дар сад” тасдиқ шудааст, ба мисли парвандаи Хайриддин бидуни ҳузурашон баррасӣ шавад. Мақомот мегӯянд, парвандаи онҳое дар додгоҳ баррасӣ мешавад, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд аз бозгашти ихтиёрӣ ба Тоҷикистон сарпечӣ кардаанд. Парвандаҳое, ки аз муттаҳамонашон беш аз як сол боз ҳеч ному нишоне нест.