Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писаронам гуфтанд, нони қоқ мехӯрем, вале Русия намеравӣ


Таманно қаблан дар Русия кор мекард
Таманно қаблан дар Русия кор мекард

Ҷамила Соҳибоваи 50-сола аз шаҳри Хуҷанд панҷ соли ахир асосан дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба ошпазӣ рӯз мегузаронд. Шавҳараш низ дар вилояти Москва дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад. Се писари хонум Соҳибова бузург шуда, интизори дубора ба ҳам омадани оилаашон ҳастанд.

Волидайн ба умеди пайдо кардани даромади беҳтар назар ба Тоҷикистон ҳамасола озими Русия мешаванд, то аз ҳисоби пули кор масоили хонаводагии худро дар Тоҷикистон ҳал кунанд.

Ҷамила Соҳибова мегӯяд, ки кор дар Русия барояш сангин аст, зеро ҳавои сарду муносибати хашини корфармоҳои рус ӯро дилгир кардааст. Гузашта аз ин, як сол қабл ҳангоми ошпазӣ ҷароҳат бардошта, тӯли ду моҳ натавонистааст кор кунад.

Ба гуфтаи вай, корфармо дар ин ду моҳ барояш маош намедод, ҳарчанд ба табобати гарон ниёз дошт. Оқибат, писаронаш ба хулосае омаданд, ки дигар сафари модари худ барои муҳоҷирати кориро иҷоза надиҳанд. Хонум Соҳибова рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хуҷанд гуфт:

Гуфтанд, бигзор нони қоқ хӯрем, вале саломатии модар барои мо заруртар аст.

“Вазъи саломатиам хуб набуд ва соли гузашта, вақте ба аёдати фарзандонам омадам, писаронам нагузоштанд, ки дубора ба Русия биравам. Гуфтанд, бигзор нони қоқ хӯрем, вале саломатии модар барои мо заруртар аст. Дар Русия маоши хуб мегирифтам, ҳарчанд сардиҳояш дилбазан шуда буд. Ҳоло дар Хуҷанд машғули дӯзандагӣ ҳастам ва мақомот барои харидории таҷҳизоти либосдӯзӣ бароям кӯмак карданд. Пули камтар мегирам, аммо дар назди фарзандону хешовандонам ҳастам”.

Писарҳо дар муддати кори ӯву шавҳараш дар Русия бузург шуда калонӣ аз ин ҳисоб хонадор, дуюмӣ донишҷӯи мактаби олӣ шуд ва писари сеюм ҳоло барои хатми мактаби миёна омода мешавад.

Ҳанӯз даҳ соли пеш бархе созмонҳои байналмилалӣ мегуфтанд, ки аз миёни як миллион муҳоҷирони тоҷик дар Русия 15 дар садашон занону духтарон мебошанд, вале шумори дақиқ ва ниҳоии онҳоро касе гуфта наметавонад. Манобеи расмии сохторҳои давлатӣ дар Русияву Тоҷикистон шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русияро солҳои гузашта дар ҳудуди 600-800 ҳазор нафар мегуфтанд.

Ахиран мақомоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон изҳорот доданд, ки таваҷҷӯҳи занони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ камтар мешавад. Аз ҷумла, вазир Сумангул Тағойзода гуфт, соли 2017 бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ дар Русия теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон шаш дарсад коҳиш ёфт ва дар миёни баргаштаҳо занон низ буданд:

Сумангул Тағоева
Сумангул Тағоева

“Соли гузашта тақрибан 66 ҳазор занҳои тоҷик аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия баргаштанд. Дуруст аст, ки теъдоде аз онҳо ба сабаби зимистони сарди Русия ба ватан меоянд ва бо фарорасии фасли баҳор дубора озими Русия мешаванд. Аммо соли гузашта ҳудуди 25 ҳазор нафар занҳо изҳор доштанд, ки намехоҳанд, дубора барои кор ба Русия муҳоҷират кунанд”.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива плюс” 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба омори расмии давлати Тоҷикистон чандон эътимод надорад.

Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, ки созмонаш машғули баррасии мушкилоти занҳои муҳоҷири тоҷик низ аст, дар минтақаҳои мухталифи Русия дидааст, ки теъдоди занҳои тоҷик дар ин кишвар ҳамчунон зиёд аст. Аксар аксари онҳо бо ҳадафи кору пулёбӣ рафта бошанд, бархе ҳам ба хотири бунёди оила Тоҷикистонро тарк мекунанд:

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

“Хонумони тоҷик асосан бидуни шавҳар ба Русия мераванд ва мехоҳанд дар муҳоҷират барои хонаводаи худ пул кор кунанд. Ҳоло гурӯҳи калони бонувони тоҷик низ ба хотири пайдо кардани шавҳар озими Русия мешаванд. Зеро, ҷавонҳои тоҷик дар Русия зиёданд. Вақте дар Тоҷикистон корхонаҳои нав сохта намешаванд, табиист, ки теъдоди занҳои муҳоҷир бештар мешавад на кам."

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, талош мекунанд барои аҳолии бекор ҷои кор таҳия кунанд ва соли гузашта шумори занони соҳиби кор шуда бештар шудааст.

Сумангул Тағойзода гуфт, соли гузашта ҳудуди 23 ҳазор зани тоҷик, умдатан дар бахши кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои худ ҷойи кор пайдо кардаанд.

Вазири тоҷик афзуд, ки ҳукумати кишвар вобаста ба ҳадафҳои худи муҳоҷирони ба ватан баргашта барои кор дар бахши кишоварзӣ, ошпазӣ, дӯзандагӣ кӯмакҳои пулӣ ихтисос медиҳад, ки дар ниҳоят бидуни пардохти фоизҳои изофӣ бояд баргардонида шаванд. Вале боз ҳам бисёриҳо муҳоҷиратро ба хотири имкони ёфтани пули бештар ҳамчун макони кор интихоб мекунанд.

XS
SM
MD
LG