Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занҳои тоҷик имрӯз ҳама аз хона баромадаанд" ВИДЕО. АКС


Шумораи духтароне, ки ҳунарҳои ба истилоҳ мардона меомӯзанд, зиёдтар мешавад.
Шумораи духтароне, ки ҳунарҳои ба истилоҳ мардона меомӯзанд, зиёдтар мешавад.

Ёсуман Азизова сокини 21-солаи Душанбе мегӯяд, масалаи “чиҳил ҳунар” танҳо барои мардҳо нест ва занон ҳам бояд онро ҳалқае бар гӯш кунанд. Ёсуман, ки сокини Душанбест, бо пайравӣ аз ин масали тоҷикӣ бар изофаи ҳунарҳои занонае дорад, дасту остин барзада чанд касби мардонаро меомӯзад.

Бо ин ҳадаф ба маркази таълими калонсони вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон омадааст ва зӯри бозуяшро дар ҳунарҳои ба истилоҳ “мардона” меозмояд.

“Ман бисёр касбҳоро омӯхтам, дузандагӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва хостам касби таъмири мошинҳоро ҳам омӯзам, чунки барои ҳар як кас ин зарур аст. Мумкин ягон нуқтаи таъмири мошинҳо мекушоӣ, зеро ҳозир касб дигар мардонаву занона надорад, барои он ки бояд ҳам мард ҳам зан зиндагии худро пеш барад” -мегӯяд, Ёсуман.

Ёсуман ҳуҷҷати ронандагӣ ҳам дорад ва мегӯяд, дар сурати соҳиби мошин шудан намехоҳад, зарурат ба кӯмаки устои мошин нахоҳад дошт, ки биёяду чархи мошин ё ҷои дигари онро тармим кунад.

Ёсуман танҳо нест

Мисли Ёсуман даҳҳо зану духтарони тоҷикро ба маркази таълими калонсолони Тоҷикистон омадаанд, ки тахассусҳои мушкили ба истилоҳ мардонаро омӯзанд. Бисёре аз онҳоро зиндагӣ водор кардааст, ки мунтазиру дастнигари касе набошанд ва аз пайи зиндагии хеш шаванд.

Теъдоде аз онҳо занҳое ҳастанд, ки шавҳарашон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, баъзеи дигар мегӯянд, барои осон кардани кори хона ва кам кардани харҷи оилавӣ барои омӯхтани касби нав омадаанд. Заррина Набиева, сокини Душанбе, аз кори таъмиргарони лӯлаҳои оби хонааш хотираи хуб надорад ва барои ҳамин омадааст, ки худаш касби таъмиргарӣ омӯзад.

"Занҳои тоҷик имрӯз ҳама аз хона баромадаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00

“Сантехникро ҷеғ мезанӣ намебёяд, мунтазир мешавӣ, барои ҳамин мехоҳам, ки худам ёд гирам, ки ақаллан дар хонаам кори сантехникии худамро худам кунам” – мегӯяд Заррина.

Мехоҳам, ки худам ёд гирам, ки ақаллан дар хонаам кори сантехникии худамро худам кунам.

Мушкилоти иқтисодӣ ва ҳам дарки онки як нафар наметавонад, хонаводаро аз назари молӣ таъмин кунад, сабаб шудааст, занони тоҷик рӯ ба ҳар касб биёранд ва дар буҷаи хонавода саҳм гузоранд. Субҳия Боева, сокини Душанбе мегӯяд, агар кори мардона ҳам наёбад, метавонад, пулеро, ки ба таъмиргар медиҳад, сарфаҷӯӣ кунад.

“Дар вақти хӯрок пухтан, мешавад, ки ягон асбоби барқӣ вайрон мешавад, дар он вақт як устои барқчиро даъват мекунӣ 40-50 сомониатро мегирад. Агар аз ӯҳдаи ин кор худамон бароем, он 40-50 сомониро барои ягон камбудии дигари зиндагӣ истифода кунем. Ва дар ҳолати зарурӣ мешавад, ки ягон ҳамсоя даъват мекунад, дар мушкили бебарқӣ, мо метавонем ба ҳамсоя ҳам ёрдам кунем”- мегӯяд Субҳия.

Занҳо имрӯз ҳама аз хона баромадаанд

Ёд гирифтани таъмини абзори барқӣ ҳам кори осон нест.
Ёд гирифтани таъмини абзори барқӣ ҳам кори осон нест.

Омӯзгорони Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон мегӯянд, аксари кулли заноне, ки ба марказ барои омӯзиши тахассусҳои мардона муроҷиат мекунанд, дар зиндагӣ камбуди дасти мардонаро эҳсос кардаанд, ва ё бовар доранд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон касбҳои мардона сердаромадтар ҳаст.

Аҳад Оташов, омӯзгори тахассуси сантехникӣ дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: “Дар ҳақиқат ин нишонаи он аст, ки занҳо ҳам дар Тоҷикистон баробари мардҳо шудаанд. Занҳо имрӯз аз хона, баромаданд.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 25 зан барои омӯзиши касбҳои мардона ба Маркази таълими калонсолон муроҷиат каардаанд. Сар аз соли 2015 таваҷҷӯҳи занҳо барои омӯзиши тахассусҳои мардона афзоиш ёфтааст ва дар курсҳои кутоҳмуддат даҳҳо зану духтар чунин касбҳоро омӯхтанд.

“Ман фикр мекунам, ки ру овардани занҳо ба касбҳои мардона ин тақозои замон аст, яъне пешравии ҷомеа, талабот ва ниёзи занҳо ба омухтани ин касбҳо афзоиш ёфтааст” - мегӯяд, Майрамбӣ Афғонова, муовини мудири Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон.

Маркази таълими калонсолон
Маркази таълими калонсолон

Дар ҷомеаи Тоҷикистон занҳо маъмулан хонанишин ҳастанд ва асосан тарбияи фарзандону кори хона бар дӯши онҳост. Аммо муҳоҷирати мардон барои кор ба Русия, нокофӣ будани пули онҳо барои хонавода занони зиёдеро водор кардааст, ки дар бораи нақши зани “хонашин” фикр кунад. Ҳоло тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистонро асосан занон пеш мебаранд, ба таъмири мошин машғуланд. Ҷое муҳофиз ҳам кор мекунанд ва бармегарданду кори сахти хонаро ҳам анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG