Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане аз Файзобод – довталаби рекордҳои Гиннес


Надежда Сайфуллоева, сокини Файзобод ва модари 13 фарзанд, аз Эмомалӣ Раҳмон хост, то Вазорати кишоварзиро барои сабтиноми маҳсулоти ӯ дар китоби рекордҳои Гиннес муваззаф намояд.

Надежда Сайфуллоева, сокини ноҳияи Файзобод, иддао дорад, занҷабили булғории парвардааш 60 грамм вазнинтар аз занҷабилест, ки ҳоло дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шудааст. Ӯ, ки соҳиби 13 фарзанд буда, ба хоҷагидорӣ машғул аст, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хост, то Вазорати кишоварзиро барои сабтиномаш дар китоби рекордҳо муваззаф намояд.

Ин ҳарфҳоро Надежда Сайфуллоева рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ ҳангоми сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон дар Душанбе баён дошт. “Мехоҳам, Вазорати кишоварзӣ маҳсулоти маро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид намояд. Барои он ки, гӯш кунед, занҷабили парвардаи ман 60 грамм аз рекорди ҳозира вазнинтар аст. Дар рекорди ҳозира вазни занҷабил ҳудуди 500 грамм гуфта мешавад, аз ман 560 грамм аст”,-таъкид кард ӯ.

Ба суоли раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи он ки занҷабили парвардааш тунд аст, ё булғорӣ, Надежда Сайфуллоева ҷавоб дод: “булғорӣ”. Аммо вақте Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони Вазорати кишоварзӣ гуфт, ба ин масъала таваҷҷуҳ кунанд ва хост, занҷабилро аз хонум Сайфуллоева бигиранд, ӯ гуфт: “инҳоро ба ҳеч кас намедиҳам”.

Ин зани файзободӣ, ки русзабон будааст, мегӯяд, баъд аз марги шавҳар бори гарони зиндагӣ ба дӯшаш афтод ва рӯ ба замин овард, то рисқу рӯзии 8 писару 5 духтарашро пайдо кунад. “Маҳсулоти худам ва фарзандонам аст. Боз дар оянда орзу дорам, дар панҷ гектар боғ бунёд кунам ва боғро Надежда номгузорӣ намоям. Фарзандонам ҳамроҳи худам кор мекунанд. Онҳо ба муҳоҷират намераванд. Дар вақти СССР 12-сӯмӣ барои онҳо кумакпулӣ медоданд ва мо ҳам шитоб карда, онҳоро дар вақташ гирифтем”,-гуфт ӯ ва ҳамаи толорро ба кафкӯбӣ водор кард. Ҳатто оқои Раҳмон ҳам барои ӯ сахт каф кӯфт ва ваъда дод ҳангоми сафараш ба Файзобод ҳатман аз боғҳои ӯ боздид хоҳад намуд.

Надежда Сайфуллоева мегӯяд, соли 2010 хоҷагии деҳқонии занбӯрпарвариро ташкил карда, баъдан дар ду гектар боғ дарахтони себу зардолу шинонд ва ба парвариши онҳо машғул шуд. “Соли аввал дарахтҳоро ба таври қатрагӣ об додем. Соли дувум об нарасид. Аз масоҳати се километр дуртар аз боғ бо шланг об овардем ва дар назди он ҳавз сохтем. Дар ҳавз моҳӣ ҳам партофтем”,-нақл кард ӯ.

Вай дар ин ҷои сӯҳбаташ обро ба тилло баробар кард ва гуфт, “агар обро бо пул харем, баъд мефаҳмем, ки чӣ қадар қимат будааст. Ман ин суханҳоро барои чӣ мегӯям. Барои он ки боғи ман дар замини Ёбиз мебошад ва об дар он ҷо камёб аст. Ҳамаи мо қадри обро донем. Ин ҳама ҳарфҳои ман барои ободии ватанам аст. Агар ҳама сидқан кор кунанд, ватани мо гулистон мешавад.”

XS
SM
MD
LG