Дар идомаи ислоҳоти сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ дар кишвараш Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон қарореро ба имзо расонд, ки ҳадаф аз он беҳбуд бахшидан ба ҳамкорӣ бо узбекони бурунмарзӣ аст.
Қарори мазкур аз рӯзи 25-уми октябр зери унвони “Дар бораи иқдомот ҷиҳати беҳбуди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ” ба роҳ андохтани муколама бо мунтақидони ҳукумат ва ҷалби ҳамватанон барои саҳм гузоштан дар рушди кишвари ҳамсоя будааст.
Санад умдатан барои ҷалби соҳибкорон, равшанфикрон ва мухолифини сиёсии зодаи Узбекистон нигаронида шудааст. Дар Тоҷикистон ҳам айни масъала рӯз ба рӯз доғтар мешавад, чун солҳои ахир кӯч бастани шаҳрвандон, хусусан мутахассисони баландихтисос зиёд мушоҳида мешавад.
Як “оҳанрабои аслӣ” барои мутахассисони тоҷик Русия аст. Садҳо нафар аз ин мутахассисон бар асоси барномаи давлатии ин кишвар ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ба минтақаҳои гуногуни Русия мераванд. Ба ҷуз ин, аксари тоҷикистониҳое, ки донишгоҳҳоро дар кишварҳои ғарбӣ хатм кардаанд авлавият медиҳанд, ки ба Тоҷикистон бар нагарданд.
Амрикоро муҳоҷирон абарқудрат карданд
Дагихудо Дагиев, муҳаққиқи зодаи Тоҷикистон ва муқими Бритониё, ташаббуси Узбекистонро барои ҷалби ҳамватанон мусбат арзёбӣ менамояд ва умедвор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон низ ин таҷрибаро ба кор мегирад.
Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки то замоне ҳукумат ба кадрҳои ҳирфаӣ такя накунад, мунтазири беҳбуд дар заминаҳои иқтисодӣ ва ё иҷтимоӣ набояд бошад. Ба гуфтаи Дагихудо, нафарони боистеъдод, ҳамеша ба фазои орому озод ва шароти лозими иқтисодию иҷтимоӣ тарҷеҳ медиҳанд.
“Яке аз намунаҳои рӯшани чунин кишварҳо – Амрико мебошад, ки ба он ҷо дар натиҷаи ду ҷанги ҷаҳонӣ ва нооромиҳои сиёсӣ бештар равшанфикрон ҳиҷрат карданд, ки заҳамоти онҳо ин кишварро ба яке аз пуриқтидортарин кишварҳо табдил дод”,- мегӯяд Дагиев.
Ба суоли ин ки оё омода аст дар Тоҷикистон кору фаъолият бикунад, ин коршинос посух дод, ки шароити мавҷуд дар кишвар ба як ё якчанд нафар имкон намедиҳад, ки чизеро тағйир бидиҳанд. Коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки “Барои ин як тими мукаммал ва фазои лозим даркор аст, ки ҳирфаиҳо битавонанд, кору дониши худро ба шогирдонашон биомӯзонанд.”
Мутахассис аксаран дар кишварҳои худ ба делели сатҳи пасти маош кор кардан намехоҳанд. Музди миёнаи кор дар Тоҷикистон, бар асоси маълумоти расмӣ, 1228 сомонӣ ва ё 130 долларро ташкил медиҳад.
Маоши аз ҳама баланд кормандони бонкҳо мегиранд, ки 3191 сомонӣ ё 337 доллар мебошад. Барои мансабҳо дар ҳукумати пойтахт, тибқи эълони ҷойи кор аз 600 сомонӣ (63 доллар) то 1207 сомонӣ (127) сомонӣ маош дода мешавад. Дар Узбекистон вазъ аз ин хубтар нест. Андозаи миёнаи музди кор тибқи маълумоти охирин 1 миллиону 346 сум ё 166 доллар аст.
"Дар сохторҳои давлатӣ афроди соҳибкасб кам мондаанд"
Хайрулло Мирсаидов, шореҳи тоҷик, эҳтиёҷи сахти давлат ба кадрҳои ботаҷрибаро эътироф мекунад.
“Дер ё зуд ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба ин иқдом даст бизанад, зеро дар сохторҳои давлатӣ, афроди соҳибкасб, нафарони огоҳ, мардуме, ки кори худро балад бошанд, хеле кам мондаанд”,- мегӯяд, Мирсаидов.
Ба гуфтаи ӯ, “фирори мағзҳо” аз Тоҷикистон аз он сабаб аст, ки нафарони шоиста наметавонанд, дар ватан барои худ ҷойи кори муносиб пайдо кунанд, вале ба онҳо ин имкон хориҷ аз кишвар даст медиҳад.
Чаҳор сол пеш, Тоҷикистон дар баробари Узбекистон аз шумули пешоҳангони “фирори мағзҳо” дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ буд. Раддабандиро маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” тартиб дод.
"Эҳтиёҷ ба мутахассисонро медонанд, аммо..."
Абдулло Давлатов, табиби ботаҷриба ва яке аз фаъолони ҷамъиятӣ дар Русия мегӯяд, ки тағйироти фазои сиёсӣ дар Узбекситон омили баргашти тоҷирони узбекистонӣ ба кишвар гардид. Давлатов бар ин назар аст, ки маҳз умедвориҳо ба озодиҳо имкон дод, ки сармоягузорҳо ба ин кишвар бештар таваҷҷуҳ кунанд.
Ба гуфтаи Давлатов, равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд, ки дар бораи чунин як ислоҳот суҳбат кунем.
“Мутаассифона, равандҳое, ки дар Тоҷикистон ба назар мерасанд аз мудирияти бисёр заиф ҳикоят мекунанд. Наслии пешини мудирон, ки таъсире ба тасмимгириҳои сиёсӣ доштанд, аз саҳна берун шудаанд ва насли наве, ки дар солҳои 90-ум соҳибтахассус шудаанд ва ё тоза барои худ зиндагӣ месозанд, маҳоратҳо ва таҷрибаи лозимро барои гузаронидани чунин ислоҳот надоранд” , -мегӯяд Давлатов.
Ӯ афзуд, доираҳои ҳукуматӣ медонанд, ки кишвар ба рушди иқтисодӣ ниёз дорад, вале барои ин фазои сиёсии мувофиқ бояд дошт.
Рӯзноманигори тоҷик Марат Мамадшоев ба чунин ислоҳоте, ки Мирзиёев дар Узбекистон мегузаронад бо шубҳа менигарад ва бар ин назар аст, ки ҳадафи асосии онҳо халос шудан аз тими пешин аст, ки дар замони Ислом Каримов вуҷуд дошт.
Озодии равобит бо ҳамватанонро ӯ барои аҳолии Тоҷикистон зарур медонад, вале мегӯяд, шак дорад, ки ҳукумат аз чунин раванд манфиатдор бошад.
“Низоми мавҷуд иҷоза медиҳад, ки ҳадди аксари фоидаро касоне бигиранд, ки онро мудирият мекунанд, аз ҷумла бо роҳи эҷоди садгузориҳои сиёсиву иқтисодӣ. Аз ин хотир онҳо барои тағйири он манфиатдор нестанд” - мегӯяд Мамадшоев.
"Дари Тоҷикистон барои ҳамватанон боз аст"
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мавқеи комилан дигар дорад. Ба назари ӯ, масъалаҳои марбут ба равобит бо ҳамватанон дар Тоҷикистонҳалли худро ёфтаанд.
“Тоҷикистон расман хонаи ҳамаи тоҷикони ҷаҳон эълон шудааст. Мо бидуни ҳеч садгузорие мутахассисонро ҳангоми пайдо шудани зарурат ба тахассуси онҳо ва замоне, ки онҳо худро нишон медиҳанд, ҷалб мекунем. Инҷо фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои амниятӣ ва дифоъ, ки бар асоси қонун он ҷо нафарони душаҳрвандӣ кор карда наметавонанд, истисно мебошанд. Дар соҳаҳои дигар, ҳатто агар шиносномаи Русия ҳам дошта бошад, метавонанд, кор кунанд, зеро миёни кишварҳои мо созишномаи зиддахл амал мекунад” – гуфт, Сайфулло Сафаров.
Ҳукумат, ба таъбири Сафаров бо ҳамватанони хориҷӣ ҳеҷ мушкиле надорад, ба ҷуз бо онҳое, ки шомили созмонҳои экстремистию террористӣ шудаанд.
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе як нишасте бо ҳузури намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикон дар хориҷ сурат гирифт, ки онҷо мақомот аз он шикоят кардаанд, ки соҳибкороне, ки дар хориҷ ҳастанд. дар пешрафти Тоҷикистон ба қадри кофӣ "саҳм намегузоранд".
Тоҷикистон дар миёни сегонаи кишварҳое қарор дорад, ки шаҳрвандонаш аз ҳама бештар тобеияти Русияро мегиранд. Дар панҷ соли ахир теъдоди чунин шаҳрвандон, тақрибан ду баробар зиёд шудааст: аз 9773 то 26 039 нафар.
Ба ҷуз ин, бар асоси маълумоти расмӣ аз Русия, аз январ то июни соли 2018 126,4 ҳазор шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки аз ин шумор 16,3 ҳазори онҳо (12,9%) зодагони Тоҷикистон будаанд. Яъне ҳар ҳаштумин шаҳрванди нави Русия дар соли ҷорӣ тоҷикон ҳастанд.