Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтиёҷ ба равоншинос барои ислоҳи кӯдакони душвортарбия дар Тоҷикистон


Мадина исми мустаори навраси 15-сола аст, ки се ҳафтаи ахир дар қабулгоҳ - таҳвилгоҳи ноболиғони вазорати корҳои дохилӣ нигаҳ дошта мешавад.

Ӯ аз 12-солагӣ муҳити хонаводаро ба муҳити сард ва гоҳҳо бераҳми хиёбон иваз кардааст. Дар 12 моҳи гузашта бори чаҳорум аст, ки "меҳмон"-и таҳвилгоҳ мешавад.

Ба нақли Мадина, ӯ замоне оворагарду хиёбонӣ шуд, ки фаҳмид, фарзандхон аст. Баъди фавти падараш дар муҳоҷират дар Русия, бо модар танҳо монд ва баъдан ба гуруҳи атфоли оворагарду хиёбонӣ пайваст. Барои он аз хона фирор кард, ки модарашро барои ба мактаб нарафтани ӯ ҷарима карданд ва модар ҳам ӯро сахт сарзаниш кард.

Тибқи иттиллои Додситонии кулли Тоҷикистон, соли 2018, ноболиғон ҳудуди ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба як соли пеш 32 дарсад бештар аст.

Ӯ қиссаи дароз ва талхи зиндагиашро чунин нақл кард, "вақте фаҳмидам, падару модари худам нестанд, гапашонро гӯш накардам. Ман сигор мекашидам ва баъд аз хона гурехтам. Чанд ҷӯраву дугона доштам, ки дар кӯчаҳо талбандагӣ, мошиншӯӣ ва ҳатто дуздӣ мекарданд".

Маъмурони милиса аввал ӯро барои ҷанҷолаш бо мудири мактаб ба таҳвилгоҳ овардаанд, то ба қавле ӯро тарсонанд, ки "беадабӣ" накунад. Вале тарбияи ин маркази вазорат асар накардааст, ки Мадина ба модараш ҳам дигар итоат намекард ва модар ҳам барои тарбияи ӯ аз мақомот кумак хост.

"Сеюм маротиба модарам ба милиса шикоят кард, ки маро омада баранд. Он вақт ман шабҳо дер ба хона меомадам ва модарамро гӯш намекардам",-мегӯяд, ӯ. Дар таҳвилгоҳ, Мадина танҳо нест, аз ӯ хурду бузургтар ҳам ҳастанд, баъзеҳо ятим, баъзе нимаятим, баъзе душвортарбия.

Алиҷони 12-соларо нодориву камбизоатӣ хиёбонӣ кардааст. Вай гоҳе мошин мешӯяд, гоҳ испанд дуд мекунад ва баъзан бор мекашад. Азоби кӯчаро бисёр кашидааст. Алиҷон мегӯяд, борҳо бачаҳои бузургсол дар кӯча латукӯбаш карданд ва пулҳои бо машаққат кор кардаашро гирифтаанд. Ӯро ҳам мисли Мадина ҳангоми амалиёти мақомот ба ин таҳвилгоҳ овардаанд.

721 ноболиғ дар таҳвилгоҳи ВКД

Дар як соли ахир 721 ноболиғи дигар ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Онҳо асосан кӯдакони бепарастор ҳастанд, ки ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғуланд ва мақомот онҳоро кӯдаконе меноманд, ки "бо қонун дар мухолифат ҳастанд".

Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, баъди дастгир кардани чунин наврасон дар кӯчаҳои Душанбеву дигар ҷойҳо онҳоро ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳ оварда, баъди ёфтани падару модарашон бо онҳову фарзандашон суҳбат мекунанд ва ҷавоб медиҳанд. Агар ятим ва ё нимаятим бошанд, онҳоро ба мактабҳои махсус мефиристад.

Таҳвилгоҳҳои бе равоншинос

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин муассисаҳо низ даҳҳо мушкил доранд. Ахиран Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳам дар гузориши солонаи худ аз набуди равоншинос дар чунин мактабҳо изҳори нигаронӣ кард.

Ваколатдор гуфтааст, санҷишҳо дар муассисаҳои нигаҳдории кӯдакон ва ҳамчунин мактабҳои махсуси кӯдакони душвортарбия ошкор кардааст, ки дар онҳо ҳатто мақоми равоншинос вуҷуд надорад. Дар ҳоле, ки "барои таъмини инкишофи ҳамаҷонибаи равонии кӯдаконе, ки берун аз шароити оила тарбия меёбанд, кӯмаки махсуси равонӣ зарур аст".

Омбудсмени кӯдак гуфтааст, бо нияти кӯмак ба наврасони оворагарде мисли Мадинаву Алиҷон, салоҳиятҳои худро дар заминаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак тавсиа дода, дар оянда ҳамчунин аз ҳуқуқи наврасони душвортарбия муроқибат мекунад.

Аҳад Содиқов, як масъули Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак рӯзи 17-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳолатҳое ҳаст, ки падару модар барои бемасъулияти нисбати фарзанд ҷарима мешаванд, аммо боз мебинед, ки фарзанди онҳо дубораву себора барои оворагардӣ, ё кадом як ҷиноят боздошт мешавад. Аммо дар онҷо онҳо бояд бо равоншинос таъмин бошанд. Аз назари равонӣ онҳоро табобат кард".

Чаро кӯдакон ба ин рӯз афтоданд?

Худи наврасон мегӯянд, мушкили аслии онҳо дар ниёзмандиҳои моливу иқтисодии оилаашон буда, ҳамин сабаб мешавад, ки онҳо кӯдакии худро дар хиёбонҳо пушти сар мекунанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар дар миёнаҳои солҳои 1990-ум ҷанги дохилӣ сабаби афзоиши шумори наврасони хиёбонӣ шуда бошад, ҳоло муҳоҷирати кории волидон, сабаби афзоиши ингуна наврасон мешавад.

Ҷомеашиносон мегӯянд, аксари ин ноболиғон аз назари равониву ҷисмонӣ бемор ҳастанд ва барои ислоҳи онҳо бояд аз хизмати расоншиносон истифода кард.

Чора чист?

Намоз Бобоев, раҳбари собиқи мактаби махсуси бачаҳои душвортарбия дар Душанбе, мегӯяд, бояд наврасон дар муассисаҳои махсус ба ҳунаромузӣ ҷалб шаванд, то тавонанд ҳангоми берун шудан аз он, ба муҳит мутобиқ шаванд.

Намоз Бобоев, ки дар китобе бо номи "Даргоҳи тарбия" саргузашти чанде аз чунин кӯдаконро гирд овардааст, мегӯяд, ин муассисаҳо бояд равоншинос дошта бошанд.

"Ман вақте дар Санкт Петербург будам, онҷо бештари кӯдакони душвортарияву хиёбониро пеш аз ҳама касб меомӯхтанд. Дар ин ҳолат метавон аз кӯдакро фарди барои ҷомеа лозим омода кард ва ӯ ҳам тавонад роҳи худро ёбад ва ислоҳ шавад"-гуфт ӯ.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, маҳдуд будани муошират, камбуди меҳру навозиш, самимияту эҳтироми калонсолон метавонад, наврасонро ба яъс ва каҷроҳа барад. Тамоюле, ки солҳои ахир зиёдтар шудааст.

Тибқи иттиллои Додситонии кулли Тоҷикистон, соли 2018, ноболиғон ҳудуди ҳазор ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба як соли пеш 32 дарсад бештар аст. Ноболиғон ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли куштор, қочоқи маводи мухаддир ва авбошиву дуздӣ, даст задаанд. Дар байни ин наврасон духтарон ҳам будаанд.

XS
SM
MD
LG