Ба гуфтаи мақомот, ин ҳодиса рӯзи якшанбе дар маҳаллаи «Телефонбозор» рух додааст ва Фаррух Шарифов, Аҳмад Алиев ва Шаҳром Афсаҳов - хонандаҳои мактаби 71 ва 29-и пойтахт як толибилми мактаби рақами 38-ро кӯфта, телефонии мобили ӯро, ки 300 сомонӣ арзиш доштааст, ғорат кардаанд.
Маҳбуба Гулова, корманди дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд: «Дар робита ба ин ҳодиса, ки дар нуқтаи фурӯши телефонҳои кӯҳнаву нави мобилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ сар задааст, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия кор бурда истодаанд. Ин аслан ҳодисаи ғоратгарии хонандаҳост. Онҳо зада-зада аз тариқи зӯроварӣ телефонии хонандаи дигарро аз худ кардаанд.»
Аммо ба далели ин ки ин ҳодиса берун аз мактаб рух додааст, масъулони мактабҳое, ки ин хонандаҳо таҳсил мекунанд, аз ҷузъиёти қазия изҳори бехабарӣ карданд. Вале як омӯзгори мактаби миёнаи рақами 29 дар робита ба хонандаи боздоштшудаи ин мактаб Аҳмад Алиев гуфт, ӯ яке аз муҳассилони фаъоли мактаб аст ва даст доштани ӯ дар ин ҳодисаро ин омӯзгор ғайриимкон медонад.
Ҳарчанд ин хонандаҳо ба гумони ғоратгарӣ боздошт шудаанд, аммо боз ҳам ин ҳодиса, ки миёни толибилмони чанд мактаб рух додааст, муноқишаҳои байнимактабиро ба ёд меорад, ки ба гуфтаи мақомот, фақат дар моҳи январи соли равон дар ҳудуди пойтахт 8 хонанда барои ширкат дар чунин занозаниҳо боздошт шудаанд.
Ҷалолиддин Амиров, як масъули вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди талошу кӯшишҳои ин ниҳод ва сохторҳои дигар, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои занозаниву муноқишаҳои байнимактабӣ, боз ҳам задухӯрдҳо миёни толибилмон махсусан дар шаҳрҳо сурат мегиранд. Ҷаноби Амиров меафзояд, вазорати маориф ва илм бо ҳадафи кам кардани чунин ҳодисаҳо, рӯйхати хонандаҳои ба қавле беодобу қонуншикани тамоми мактабҳои кишварро таҳия карда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардааст, то ин сохторҳо бо наврасон кор баранд ва онҳоро таҳти назорат бигиранд.
Ҷалолиддин Амиров меафзояд, «албатта, тайи як-ду соли ахир ба фарқ аз солҳои пештар задухурдҳои мактабӣ то ҷое кам шудааст. Аммо боз ҳам ҳастанд чунин ҳодисаҳо ва ин боиси ташвиши вазорати маориф аст. Вазорат ба тамоми шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, ки рейдҳои гуногунро бо мақомотҳои дигар ташкил кунанд ва аз амалҳои кӯдакони шабгарду душвортарбия ва ҷангҷӯ пешгирӣ кунанд. Аслан бояд таъкид кунем, ки сабаби аслии ба қонуншиканӣ даст задани наврасон худи падару модаронанд, чун ин амалҳо ғолибан берун аз дарс рух медиҳанд ва сабаби аслӣ муҳити носолими оила ва бепарвоии падару модар аст.»
Воқеан, бо вуҷуди нигарониву талошҳои мақомот аз муноқишаву задухӯрдҳои байни хонандагони мактабҳо, ки солҳои ахир гоҳо пайомадҳои фоҷеаангез ҳам доштанд ва баъзан бо кордкашиву маҷрӯҳ шудани хонандаҳо анҷом ёфтанд, боз ҳам тавре ба назар мерасад, чунин ҳодисаҳо дар ҳоли афзоишанд. Расо як моҳ қабл, дар миёнаҳои моҳи феврал ҳам бар асари муноқиша ва занозанӣ миёни хонандагони ду мактаби шаҳри Душанбе як нафар бар асари зарби корд маҷрӯҳ ва бистарӣ шуда буд.
Омилҳои аслии задухӯрду низоъ миёни хонандаҳои макотиб ба гунаҳои мухталиф шарҳ дода мешавад, аммо тавре аз сӯҳбати худи хонандаҳо бармеояд, ғолибан ин як василаи, ба истилоҳ, нишон додани зӯр ва нуфузи худ дар миёни мактабу маҳалҳост.
Аврангзеб, хонандаи як мактаби пойтахт мегӯяд, ӯ аслан дар чунин ҷангҳо ширкат накардааст, аммо медонад, ки ин муноқишаҳо ғолибан дар пайи баҳси як ё ду хонанда берун аз мактаб сар мезананд, ки баъдан бо ҷамъоварии тарафдорон аз миёни ҳамсабақон ба муноқишаҳои гурӯҳӣ табдил меёбад. Аврангзеб мегӯяд: «Азбаски берун аз мактаб онҳо дар алоҳидагӣ наметавонанд аз худ ҳимоя кунанд, мераванд ба мактабашон ва тарафдорони худро ҷамъ оварда, қасос мегиранд ва ба мактаби дигаре ба «ҷанг» мераванд. Сабабҳо метавонад мухталиф бошад, ҳатто гоҳо бе ягон ҳадаф ҳам ҷанг мешаванд онҳо. Барои мисол, метавонанд барои ягон духтар вориди муноқиша шаванд. Як сабаби зиёд шудани чунин ҷангҳои байни мактабҳо ин аст, ки ҳоло зӯр будан як навъ муд шудааст. Ҳар кас мехоҳад бартарӣ ва зӯрии худро ба дигарон намоиш диҳад.»
Ин ҳам дар ҳолест ки тайи як соли ахир ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб ва маҳз ҳамин задухӯрдҳои байнимактабӣ, аксари мактабҳои Тоҷикистон муҳофиз киро кардаанд ва убуру мурур ба саҳни мактаб ва дохили биноро таҳти назорат гирифтанд. Ва ҳамчунин кормандони милиса низ бо хонандаҳои мактабҳои миёна мулоқот кардаву соатҳои фаҳмондадиҳиҳо мегузаронанд. Аммо соҳибназарон мегӯянд, ин иқдомҳо барои ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳо кофӣ нест, балки масъала ҳалли хеле амиқтар мехоҳад.
Ба гуфтаи равоншиносон, барои коҳиши ҷангҳои байнимактабӣ бояд дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои мухталифи сармгармкунанда ва бахшҳои гуногуни варзишӣ бештар ташкил шавад, то ки наврасон нерӯи худро зиёдтар ба ин маҳфилҳо равона кунанд. Аммо аз ҳама муҳим ба гуфтаи коршиносон, дарсҳо дар мактабҳо бояд чунон шавқовару ҷолиб гузаранд, ки фикри хаёли хонандагони навраси «хундарҷӯш» фақат дар фикри дарс бошад.