Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози модар аз ҷинояткори бераҳм нишон додани писари ноболиғаш


Шоҳбибӣ Мусофирова зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гирист.
Шоҳбибӣ Мусофирова зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гирист.

Волидон ва вакили мудофеи ноболиғе, ки ба қатли ду нафар муттаҳам мешавад, аз намоиши батакрори писари 15-солаашон дар гузориши телевизионӣ ибрози нигаронӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ин гузориш ӯро дар чашми мардум ҷинояткор муаррифӣ кардааст, дар ҳоле ки ба бовари хонавода ин наврас "зери фишор гуноҳро ба дӯш гирифтааст".

Дар як гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон наврас аз ноҳияи Варзоб нақл мекунад, ки чӣ тавр бо табар ду нафарро кушта, ба дарё андохтааст. Гузориш бори дувум дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд.

Волидон иддао доранд, ки гузориш сохтаи мақомот аст ва писари ноболиғи онҳо таҳти шиканҷа ба иттиҳоми қатл эътироф кардааст. Онҳо мегӯянд, додгоҳ ҳанӯз писарашонро гунаҳкор эълон накардааст, аммо гузориши телевизионӣ "эҳтимоли бегуноҳӣ"-и навҷавонро зери суол мебарад.

Барномаи Вазорати умури дохилӣ, ки бештар ахбори ҷиноӣ дар он нашр мешавад, аз барномаҳои сербинандаи Телевизиони давлатии Тоҷикистон аст.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, онҳо дар гузориш аз наврас ҳамчун ҷинояткор ном набурдаанд, вале дар сурати бегуноҳ эътироф шудани ӯ, омодаанд, узр пурсанд. Дар гузориши вазорат дар бораи қатли ду нафар чеҳраи навҷавонро тира кардаанд, то шинохта нашавад, аммо ному насаб ва суроғаи навҷавонро бо садои худаш овардаанд.

Шоҳбибӣ Мусофирова, модари ноболиғ мегӯяд, чанд моҳ боз талош доранд, бегуноҳии писарашонро исбот кунанд, аммо дар ин муддат дар телевизиони давлатӣ, фарзанди ноболиғи ӯро "чун ҷинояткори бераҳм" нишон додаанд.

Акс аз гузориши Вазорати умури дохилӣ дар Телевизиони Тоҷикистон
Акс аз гузориши Вазорати умури дохилӣ дар Телевизиони Тоҷикистон

Мусофирова афзуд: "Аз ин норозиям, чун писари ман бачаи тарсу аст ва ин корро накардааст. Вайро тарсондаанд, ки ин корро ба гардан гирифтааст. Пагоҳ ояндаи ӯ чӣ мешавад?"

Муҳокимаи додгоҳии навҷавони муттаҳам ба қатли ду корманди истироҳатгоҳи “Нилан”-и Варзоб дар додгоҳ идома дорад. Ҳодиса рӯзи 6-уми июли имсол рӯй додааст. Волидони навҷавон мегӯянд, додрасҳо ягон дархости онҳоро ба назар нагирифтаанд ва ба иддаои онҳо "боздошту бозпурсии ноболиғ ба хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифтааст".

Ботур Тағоев, падари ноболиғ мегӯяд, писарашро "беш аз 10 соат ғайриқонунӣ дар танҳоӣ бозпурсӣ кардаанд".

"Бе ширкати падар, бе муаллим ва бе ҳузури ягон равоншинос, ӯро чанд соат бозпурсӣ карданд. Ин аз рӯйи қонун нест. Баъд ба хона оварда, гуфтам, ки чӣ гуноҳ кардӣ? Гуфт, ҳеч кор накардаам. Баъд ба модараш гуфтааст, агар гап занам онҳо ҳам маро ва ҳам шуморо мекушанд. Пагоҳ бурдам, дигар гуноҳро ба сари кӯдак бор карданд."

Навраси гумонбар дар мулоқот бо пайвандон ва дар муҳокимаи додгоҳӣ гуфтааст, гуноҳ надорад ва зери шиканҷаву фишор иттиҳоми қатлро эътироф кардааст. Ботур Тағоев афзуд: "Вақти анҷоми парванда моро даъват карданд ва кӯдак ҳамаашро ба мо нақл кард. Гуфт, аз рӯзи аввал то ба боздоштгоҳ бурдан, ҳар шаб мезаданд. Гуфт, ки ба барқ монданд, шимамро кашиданд, гуфтанд таҷовуз мекунем."

Мақомот иддаои шиканҷа шудани ноболиғро рад мекунанд. Дар робита ба эътирози волидон аз нашри батакрори гузориш, Вазорати умури дохилӣ гуфт, дар гузориш навҷавон танҳо гумонбар муаррифӣ шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат рӯзи 20-уми ноябр гуфт, ҳуқуқи ноболиғ ҳангоми таҳияи гузориш ба назар гирифта шудааст: "Чеҳраи наврас дар навор пӯшида аст, вале агар бегуноҳияш исбот шавад, узр мепурсем."

Волидони Шуҳрат ва Исломиддин, ҷавонони кушташуда низ ба гунаҳкор будани навҷавон шубҳа доранд ва мегӯянд, гунаҳкорон касони дигаре ҳастанд ва мақомот бояд онҳоро пайдо кунанд. Пайвандони ноболиғи гумонбар мехоҳанд, парвандаи писарашон дубора аз ҷониби додситонӣ таҳқиқ шавад.

Як пажӯҳиш дар чаҳор соли пеш дар миёни беш аз сад кӯдаки боздоштшуда муайян кардааст, аксари кӯдаконе, ки маъмурони пулис дастгир мекунанд, мавриди таҳқиру шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд. Ҳамин пажӯҳиш дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон маълум кардааст, ки маъмурони пулис баъди боздошт бо ноболиғон бадрафторӣ ва ё ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд.

XS
SM
MD
LG