Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ, табар ва кӯдакон. Печидагиҳои парвандаи Диловаршо дар Русия


Акси Диловаршо Шарипов дар нашрияи "Московский комсополец", 1-уми сентябри соли 2017
Акси Диловаршо Шарипов дар нашрияи "Московский комсополец", 1-уми сентябри соли 2017

Сергей Хазов-Кассиа,

бахши русии Радиои Озодӣ

Пешгирии маъмурони ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – аз амалҳои террористӣ ва ошкор кардани гурӯҳҳои ифротӣ бисёр вақт сохтакориҳоеро ба намоиш гузоштааст. Ба монанди парвандаи "Нового величия" ва ё нақшаи таркондани кинотеатри "Қирғизистон" дар Маскав.

Ба дасти бахши русии Радиои Озодӣ парвандаи зодаи Тоҷикистон афтид, ки ба омодагӣ ба амали террористӣ дар яке аз мактабҳои Маскав муттаҳам аст. Дар ин миён ҳодисаи ғайриинтизор рух дод. Даниил Логачёв, Михаил Кудашкин ва Константин Репета – додрасҳои додгоҳи Маскав – мурофиаро баргузор карданд ва кормандони ВКД ва ФСБ-ро маҷбур намуданд, ки ба суолҳои барояшон нороҳаткунанда посух диҳанд.

Рӯзи 31-уми августи соли 2017 хабаргузории Life.news, РБК ва расонаҳои дигар аз пешгирии амали террористӣ ва боздошти гумонбари он – Диловаршо Шарипови 32-сола навиштанд (Ҳамон замон ФСБ аз боздошти ду террорист хабар дод, вале маълум шуд, ки марди дувум ба Шарипов рабт надорад). Пас аз ин касе дар бораи боздоштшудаҳо нанавишт. Бо гузориш додан назди ҷомеа ва роҳбарони худ, маъмурони ФСБ бояд “ором” парвандаро то додгоҳ мебурданд.

Боздошти Диловаршо Шарипов. 31-уми августи 2017
Боздошти Диловаршо Шарипов. 31-уми августи 2017


Дар оғоз ҳама чиз хуб пеш мерафт: дар ҳузури Олег Кропотин, адвокати таъйиншуда ва тарҷумон Маъмур Эгамбердиев, Диловаршо Шарипов иқрор шудааст, ки ба Абубакри Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии «Давлати исломӣ» савганди садоқат супурда, тасмим гирифтааст, 1-уми сентябр дар ҷамъомади субҳгоҳии мактаб бо табар ба “кӯдакони кофирон” ҳамла кунад. Табар дар ин ҳодиса тасодуфӣ пайдо нашудааст. Ду ҳафта пеш аз ин Артур Ҳоҷиев, сокини Сургут бо табар ба раҳгузарон ҳамла кард ва қабл аз он видеои савганд ба ДОИШ-ро сабт карда буд.

Тибқи шаҳодати аввали Шарипов, ӯ ба равияҳои ифротӣ таваҷҷӯҳ карда, дар барномаи Zello гурӯҳи «Роҳнамо ба сӯи «Давлати исломӣ»-ро пайдо мекунад, ҷое, ки бо ифротиёни дигар суҳбат кардааст. Ба ҷуз ин, дар телефони Шарипов “роҳҳои ҳамла бо асбоби буррандаву халанда ба гурӯҳи одамон”-ро пайдо намудаанд.

Ҳангоми тартиб додани санади боздошт дар бадани Шарипов ҷароҳатҳо мушоҳида шуд ва фарзияҳои тафтишотро зери шубҳа гузошт. Аммо бино ба санади бозпурсӣ Шарипов гуфтааст, ин ҷароҳатҳоро ҳангоми машқи тан ба тан бардошта буд. Вакили мудофеъ Кропотин умуман дар бадани ӯ сиёҳиро мушоҳида накардааст ва баъдан дар ин бора дар толори мурофиа шаҳодат дод.

Трофим Гриднев, муфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими раёсати тафтишотии ФСБ дар додгоҳ гуфт: «Шаҳодати айбдоршаванда Шарипов дар мавриди осебҳои гуногуне, ки аз ҷониби шахсони номаълум ба ӯ расонда шуд, рад гардидааст.» Қабл аз он дар санадҳо гуфта мешуд, дар бадани Диловаршо Шарипов ҷароҳатҳое ба монанди сиёҳии зери чашм, сурхӣ дар қабурға ва харошаҳо дар бадан мушоҳида шудааст.

Диловаршо бо ҳамсараш Қумриннисои Хайрулло
Диловаршо бо ҳамсараш Қумриннисои Хайрулло

Худи Шарипов мегӯяд, ӯ машқи тан ба тан накардааст. Вай гуфтааст, аз шиканҷа шудан ҳангоми боздошт ба муфаттишу адвокат ва тарҷумон нақл кардааст. Аммо ба ӯ гӯш надодаанд ва санадҳои омодаро додаанд, ки нахонда имзо гузорад. Тарҷумон Эгамбердиев дар додгоҳ гуфтааст, Шарипов ба ӯ дар бораи латту кӯб шудан чанд дафъа хабар дод ва ӯ дар навбати худ муфаттиш Гридневро огоҳ кардааст. Вай гуфт, намедонад чаро ин ҳарфҳо дар протокол сабт нашудааст.

Шарипов дар маҳаллаи «Артек»-и ноҳияи Красногорски вилояти Маскав дар сохтмон кор мекард ва дар вагончае мезист. Ӯро дери шаб барои он ки «ба сокинон суханҳои қабеҳ мегуфт» боздошт карда, ба идораи умури дохилии «Нахабино» бурдаанд. Дар шуъбаи корҳои дохилӣ ӯро 500 рубл ҷарима бастанд. Вай мегӯяд, як рӯз дар онҷо «бе хӯрок ва бе об» нишаст.

Рӯзи 1-уми сентябри соли 2017 ба Хадамоти федеролии амнияти Русия аз идораи Интерполи Амрико нома расид, ки дар он кормандони ширкати Гугл бонги изтироб задаанд. Ҳамон рӯз парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва майор Дмитрий Дойко гумонбарро дар Нахабино пайдо кард. Рӯзи 2-юми сентябр зидди Шарипов бе ризояти додгоҳ айб эълон карданд. Маъмурони ФСБ ҷойи хоби ӯро кофтукоб карданд ва табар ёфтанд.

Пайвандони Диловаршо Шарипов ба вакили мудофеъ Фирӯза Камолова муроҷиат карданд. Аммо муфаттиш Гриднев ӯро се моҳ ба назди нафари зери ҳимояташ роҳ надод. Ҳамчунин дар парванда номаи Шарипов замима шудааст, ки дар он аз хидмати вакил даст мекашад. Аммо дертар Шарипов гуфт, чунин корро накардааст.

Анастасия Гарина, узви Кумисюни назорати ҷамъиятӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки моҳи октябри соли 2017 ба дидани Шарипов ба "Лефортово" рафта буд. Вай мегӯяд, Шарипов тарсида буд ва намедонист ки аз хидмати вакил даст кашидааст.

Ҳангоми бозпурсӣ бо ҳузури вакили воқеӣ, Шарипов чизи комилан дигар гуфтааст. Ба қавли ӯ, шоми 30-юми август вақте бо ҳамроҳаш намоз мехонд, шаш нафар, ки дар либосашон ФСБ навишта шудааст, ба хона даромада, ба латту кӯб кардани онҳо пардохтаанд. Шарики Шариповро ба идораи умури дохилии "Нахабино" бурда, вале ба шиканҷаи ӯ дар вагон идома додаанд.

«Яке аз он мардҳо табареро, ки дар хона нигоҳ дошта мешуд, гирифта, ба пеши сари вай овард ва гуфт, ҳама чизро бигӯ, вагарна саратро меканам», – навишта шудааст дар протоколи бозпурсии Диловаршо Шарипов.

Маъмурони ФСБ дар як варақ матнеро барои ду видео навишта, аз ӯ хостаанд бо иловаи ягон сураи Қуръон бихонад. Онҳо ваъда додаанд, ки баъд аз ин Шариповро ҷавоб медиҳанд. Вақте Шарипов аз хондани матн даст кашид, яке аз мардон сими телевизорро канда, ба ангуштони ӯ дошт ва қувваи барқро сар дод. Диловаршо Шарипов аз ҳуш мерафт, вале ба сару рӯйи вай об мерехтанд. Ӯро зада ба даҳонаш пистолет гузоштанд. Баъд аз ин Шарипов розӣ шудааст, ки талаби кормандонро иҷро кунад. Азбаски вай «лоғар ва ба террорист монанд нест» ба танаш куртка пӯшонданд ва дар девор табарро овехтанд. Баъд аз он ки Шарипов матни даркориро хонд, ба сари ӯ халта пӯшонда ба идораи умури дохилии «Нахабино» бурдаанд.

Шарипов рад накардааст, ки дар Zello дар чати исломгароён менишаст. Вай барои ин кораш далел пеш овард. Соли 2017 дар Тоҷикистон барномаи афви ҷангҷӯёни собиқи ДОИШ роҳандозӣ шуд ва модари Диловаршо аз ӯ хостааст, бародари калониашро, ки соли 2014 ба Сурия рафта буд, пайдо кунад. Шарипов дар Zello ба умеди он ки садои бародарашро бишнавад, нишаста буд, бехабар аз он ки худ мавриди таваҷҷуҳи маъмурони ФСБ қарор гирифтааст.

Дар рӯзҳои аввали боздошт ӯ ба бисёр чиз сарфаҳм намерафт. Вай дар додгоҳ ба вакили мудофеъ Олег Кропотин гуфт, «шумо ба ман гуфта будед, натарсам. Агар ҳама чизро ҳамон тавр, ки ҳаст нагӯям, ҳабси абад медиҳанд ё ҳукми қатл.»

Ба қавли ӯ, Кропотин дар бозпурсии аввал, вақте ки ӯро ба идораи пулиси Нахабино бурда буданд, иштирок кардааст. Дар се бозпурсии дигар Кропотин гӯё танҳо дар охир ва барои гузоштани имзо омадаасту бас.

Олег Кропотин дар додгоҳ ин ҳамаро рад кард ва гуфт, «ба чунин кор қодир нест». Вай афзуд, ҳамчун хабарнигор кор кардааст ва ба ҳимояти ҳуқуқи инсон машғул аст. «Чанд дафъа талош карда буданд, ки маро беобрӯ кунанд. Касби мо чунин аст», -- гуфт ӯ дар толори додгоҳ.

Вай айни замон тасдиқ кард, ки Шарипов дар бораи бародараш дар Сурия ба ӯ нақл карда буд. Ин тарафи қазия танҳо баъд аз ҳамроҳ шудани вакили мудофеъ Фирӯза Камолова ба санади бозпурсӣ ворид карда шуд.

Муфаттиши ФСБ Гриднев ба ин баёнот вокуниши манфӣ кард. Вай на ба шиканҷа шудани Шарипов бовар кард ва на ба қиссаи бародараш дар Сурия.

Додгоҳ ба парванда ҷавоби раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро илова кард, ки бо дархости вакили дифоъ Фирӯза Камолова ба даст омадааст. Дар нома гуфта мешавад, воқеан бародари Диловаршо Шарипов ба сурия рафта, вале дар кадом минтақа ва дар чӣ вазъ буданаш маълум нест.

Дар додгоҳ як ҳодисаи боварнокарданӣ ҳам рух дод. Маъмурони идораи умури дохилии Нахабино фарзияи Хадамоти федеролии амниятро барҳам заданд. Ҳамааш аз он оғоз ёфт, ки Шарипов ба мурофиаи додгоҳӣ порае аз нашрияи «Московский комсомолец» (аз 1-уми сентябри 2017)-ро дар бораи хабари боздошташ овард. Хабарҳо дар ин бора як рӯз пеш аз ин дар сомонаи РБК ва Life.news чоп шуда буд. Чӣ хел шуд, ки хабарнигорон 31-уми август аз омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ хабар ёфтанд, вале Хадамоти федеролии амният дар бораи он рӯзи 1-уми сентябр аз Интерполи Амрико хабардор шуд? Ва чӣ гуна дар аксе, ки дар матбуот нашр шуд, Шарипов дар рӯйи фарш дар паҳлӯи табар тасвир ёфтааст. Табаре, ки расман рӯзи 2-юми сентябр мусодира кардаанд.

Додрас нашрияро ба парванда илова кард ва ҳамчунин бародарони Шариповро пурсуҷӯ кард. Онҳо тасдиқ намуданд, ки як бародарашон ба Сурия рафтааст. Ҳамсояи Шариповро ҳам пурсиданд. Ӯ гуфтааст, маъмурони ФСБ рӯзи 30-юми август ба ҷойи хоби онҳо ворид шуда, латту кӯб ва боздошт карданд. Худи ин мардро то 1-уми сентябр дар идораи корҳои дохилии Нахабино нигоҳ дошта, баъдан ҷавоб додаанд.

Вале баёноти аз ҳама муҳимро кормандони идораи умури дохилии Нахабино сержантҳои калон Василий Колтачихин ва Евгений Малигин доданд. Онҳо гуфтанд, шоми 30-юми августи соли 2017 барои иштирок дар амалиёти боздошти як террорист дастур гирифтанд (видеои Шарипов дар Интернет соати 1-и шаби 30 ба 31-уми август дар Интернет гузошта шуд). Малигин гуфт, ин дастур ба онҳо соати шаши бегоҳ дода шуд. Онҳо бо кормандони ФСБ вохӯрда, ба Артек рафтанд, вале худашон ба ҷойи хоби Шарипов надаромаданд. Баъд аз чанде аз вагон ҳамсояи Шариповро баровардаанд ва Малигину Колтачихин вайро ба шуъба бурданд. Худи Шариповро баъдтар кормандони ФСБ оварданд.

Кормандони пулис гуфтанд, ки соати чанд ба маҳалли хоби Шарипов рафтанашонро дар ёд надоранд. Вале дар санадҳои расмӣ гуфта шудааст, ки амалиёт соати 9-и шаб сар шуда, соати 11-и шаб поён ёфт. Дар ин муддат Шарипов ҳамроҳ бо маъмурони ФСБ дар ҷойи хоби худ буд. Тибқи протоколи боздошт Шарипов соати 01:30 дар ШКД буд.

Маъмурони пулис дар додгоҳ ба ёд оварда натавонистанд, ки террористи ояндаро бар асоси чӣ дастгир карданд. Ба суоли вакили мудофеъ дар ин бора Колтачихин гуфт, «боздошт барои майдаавбошӣ.» Ба суоли он ки чаро чунин навиштед, ӯ гуфт, «ин шаҳрванд дашном медод, одамонро таҳқир мекард.»

Тазодҳоро дар парванда бояд шоҳиди калидии ҷониби тафтишот майори ФСБ Дмитрий Дойко рафъ мекард. Ӯ Шариповро боздошт карда, ҷои хобашро кофтукоб кард. Вале Дойко ба дурустии фарзияи тафтишот пойфишорӣ намуд. Вай гуфт, маъмурони пулис ҳамаро чизро омехта карданд.

Бараъкс Дойко иддао кард, ки Шарипов моҳи майи соли 2017, яъне се моҳ пеш аз амалиёт, мавриди таваҷҷуҳи онҳо қарор гирифта буд.

Дар парвандаи Диловаршо Шарипов печидагиҳои зиёде ҳаст. Бахши русии Радиои Озодӣ менависад, ин тазодҳо кофӣ буд, ки Шарипов сафед шуда, нисбат ба кормандони ФСБ ва ВКД парванда боз гардад.

Рӯзи 23-юми ноябри соли 2018 додгоҳ парвандаи ӯро ба додситонӣ фиристод. Аммо ФСБ тан надод ва тафтиши парванда 10 моҳи дигар идома кард. Ин парванда, ки қаблан аз 5 ҷилд иборат буд, ҳоло ба 11 ҷилд расидааст. Тафтишот мегӯяд, сабтҳои садоиро пайдо кард, ки дар он Шарипов ақидаҳои ифротӣ баён мекунад. Худи Шарипов гуфтаст, майор Дойко дар боздоштгоҳи "Лефортово" ба вай таҳдид кард, ки агар ин сабтҳоро эътироф накунад, наздикону вакили мудофеашро ҳам «мешинонад». Шарипов ба ин эътироф накарда, аз рӯи Дойко ба додситонӣ, вазорати умури дохилӣ ва кумитаи тафтишот ва президенти Русия шикоят кардааст. Кумитаи тафтишот ба санҷиши даъвои ӯ сар кардааст, вале то ҳол ба чӣ натиҷа расиданаш маълум нест.

XS
SM
MD
LG