Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки иддао дорад, шиканҷаву таҷовуз шудааст, адолат меҷӯяд. ВИДЕО, САДО


Як зани 25-сола аз ноҳияи Вахш, ки ба дуздӣ муттаҳам буд ва мегӯяд, ҳангоми бозпурсӣ дар идораи милисаи ноҳия таҷовузу шиканҷа шудааст, бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод гашт, аммо мехоҳад, мақомот шиканҷагарони ӯро ҷазо диҳанд. Дар гузашта мақомот даст доштани маъмурони милисаро дар таҷовузи ин зан рад кардаанд.

Ин зан, ки номаш ба далели ахлоқӣ фош намешавад, рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо ин корашон маро шармсор карданд ва обрӯямро резонданд. Бигзор дар назди қонун ҷавоб гӯянд."

Вай ду моҳ пеш ба додситонӣ шикоят карда буд. Мақомот гуфтанд, ҳанӯз тафтиш ба поён нарасидааст. Ҳафтаи гузашта ӯро ба додситонӣ даъват карда, хабар додаанд, ки бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудааст.

Ин модари ҷавон ду фарзандро батанҳоӣ бузург мекунад ва ба далели сарпаноҳ надоштан дар хонаи падар бо бародараш зиндагӣ дорад. Вай гуфт, тобистони имсол ҳангоми бозпурсӣ маъмурони милиса барои иқрор шудан ба гуноҳ "шиканҷа кардаанд, ба баданаш сӯзандору гузарондаанд ва дар ҳоле ки беҳуш буд, таҷовуз кардаанд".

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Вахш ин иддаоро беасос медонанд.

Зане, ки иддао дорад, шиканҷаву таҷовуз шудааст, адолат меҷӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Ин модари ҷавон замоне ба дуздӣ гумонбар шуд, ки бародараш телевизореро ба хона овард ва аз хоҳараш хостааст, онро бифурӯшад. Вай мегӯяд, телевизорро дар бозор ба ивази 1300 сомонӣ фурӯхт. Дертар бародараш ва сипас худи ӯ ба шуъбаи пулис даъвату бозпурсӣ шудаанд. Вай иддао дорад, ки дар ҷараёни бозпурсӣ аз сӯйи корманди идораи корҳои дохилӣ шиканҷа ва таҷовуз шудааст.

Дар санади пизишкӣ, ки нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, омадааст, ки "ҷароҳатҳо дар бадани ин зан аз ҷисми сахту кунд ё ин ки бархӯрдан ба чунин ашё дар муддати як ё ду рӯз пеш гирифта шудааст". Ҳамчунин дар санад ҷойи сӯзандору дар андоми ӯ ҳам сабт шудааст. Пас аз ин ҳодиса ин зан беш аз як ҳафта дар шуъбаи асаби бемористони ноҳия бистарӣ будааст.

Вакили мудофеи ин зан дар бораи иддаои таҷовуз шуданаш мегӯяд, "имкони исботи ин ҳолат мушкил аст", зеро натиҷаи санҷиши пизишкӣ дар ин замина дар даст нест. Вакили мудофеъ Зебо Раҳматова 18-уми ноябр аз афви нафари зери ҳимояташ ситоиш кард, аммо айни замон гуфт, мунтазири посухи шикояти худ аз додситонии вилояти Хатлон ҳастанд.

Дар он ариза аз бадрафтории маъмурони милисаи ноҳияи Вахш шикоят кардаанд.

Раҳматова афзуд: "Дар мавриди шиканҷа зерҳимояи ман тамоми санадҳо дар дасти мо ҳаст. Мо дар аввал аризаи шикоятии худро ба додситонии Вахш супурдем ва ҳоло баррасии онро додситонии вилоят ба даст гирифтааст. Бигзор афроде, ки дар ин кор даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."

Зани гумонбар ба дуздӣ афв шуд, аммо аз шикояташ дар бораи таҷовуз даст накашид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим

Ҳам шиканҷа ва ҳам таҷовуз ё хушунат ба зан аз масъалаҳои доғ ва баҳсбарангез дар Тоҷикистон аст. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ба далели мавҷуд набудани маханизмҳои қонунии муаассир исботи ин гуноҳҳо душвор аст ва дар бештари мавридҳо омилон ҷазо намегиранд.

Фақат дар се моҳи аввали имсол 11 нафар аз шиканҷа шудани худ ҳангоми боздошт шикоят кардаанд. Масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯянд, дар байни онҳо як зан ва як фарди зери синни қонунӣ низ ҳастанд.

Дар пайи интиқод аз шиканҷа, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта ба Тоҷикистон чанд тавсия дод, то вазъро ислоҳ кунад. Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи имсол барои иҷрои ин тавсия “нақшаи миллии амал барои соли 2019-2020”-ро тасвиб кард. Ба гуфтаи коршиносон, дар сурати иҷро, ин барнома роҳи вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқро ба боздоштгоҳу зиндонҳо боз мекунад, аммо маълум нест, то куҷо мавридҳои шиканҷаро кам хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG