Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими футболи Тоҷикистон дар "Hero Interсontinental Cup 2019" дувум шуд


Бозӣ рӯзи 19-уми июл сурат гирифт.
Бозӣ рӯзи 19-уми июл сурат гирифт.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии байниқораӣ («Hero Interсontinental Cup 2019») дар Ҳиндустон аз тими миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид, барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

Бозии ниҳоӣ шаби ҷумъаи 19-уми июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон, дар варишгоҳи «ЕКА Arena», доир гардид. Голи ягонаро Пак Хион Ил дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 71-ум, ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон 15-уми июл бозии даври охирини сабқати гурӯҳиро ба тими миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳамин ҳисоб (0:1) бохта буд.

Дастаи ғолиб - мунтахаби Кореяи Шимолӣ – бо Ҷому медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА сарфароз гардид. Ба мунтахаби Тоҷикистон, ки мақоми дувумро касб намуд, медалҳои нуқра ва 25 ҳазор доллар супурда шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон, ки бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаб – Кореяи Шимолӣ, Сурия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон - аз рӯи системи даврӣ сурат гирифт, аз як давра иборат буд, яъне дастаҳо бо ҳам якборӣ рақобат карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар сабқати гурӯҳӣ дар ду бозӣ бар тимҳои миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 4:2 ва Сурия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 малуб гашт, бо шаш имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Мунтахаби Кореяи Шимолӣ низ шаш имтиёз ба даст овард, вале бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мақоми дувумро касб намуд. Мунтахаби Сурия бо чор имтиёз севум шуд. Тими Ҳиндустон бо як имтиёз ҷойи чорумро ишғол кард.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар финали «Hero Interсontinental Cup 2019» ширкат варзанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадободи Ҳиндустон

Финал

Тоҷикистон – Кореяи Шимолӣ – 0:1

Гол: Пак Хион Ил, 71.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров (Шарафҷон Солеҳов, 89), Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов (Зоир Ҷӯрабоев, 67), Сиёвуш Асроров, Илҳомҷон Баротов (Нозим Бобоҷонов, 62), Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 73), Комрон Турсунов (Тоҳир Маладӯстов, 81).

Огоҳӣ: Сиёвуш Асроров, Шаҳром Самиев (Тоҷикистон), Хан Тхае Хиок, Син Хион Чжин, Ри Ун Чол, Ри Чанх Хо (Кореяи Шимолӣ).

Беҳтарин бозигари дидор: Ри Хёнг Ҷин (Кореяи Шимолӣ).

Сардовар: Аҳрол Рисқуллоев (Узбекистон).

19 июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 1832 тамошобин.

Мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, баъди анҷоми бозии ниҳоӣ гуфтааст, ки ширкат дар «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои тими миллии кишвар як давраи омодагӣ ба марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешуд, ки моҳи сентябри имсол оғоз меёбад.

“Мо дар сездаҳ рӯз чаҳор бозӣ анҷом додем, ки ин ба мо имкон дод ҳамаи бозигаронро дар шароити душвори обу ҳаво озмоиш кунем. Фикр мекунам, бачаҳои мо, бахусус бозигарони ҷавон, таҷрибаи хуб касб намуданд. Вале мо натавонистем дар бозии ниҳоӣ муқобили мунтахаби Кореяи Шимолӣ он бозиеро, ки бо Ҳиндустон ва Сурия карда будем, намоиш бидиҳем. Ба ҳар ҳол мусобиқа дар Аҳмадобод барои мо дарси хуб гардид. Бовар дорам, ин мусобиқа барои омодагии мо ба бозиҳои интихобии қаҳрамнии ҷаҳон-2022 манфиатбахш буд. Ба дастаи мунтахаб бозигароне, ки ба инҷо омада натавонистанд, ҳамроҳ мешаванд ва бозии мунтахабро пурқувват хоҳанд кард”, - иброз дошт Усмон Тошев.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023, ки рӯзи 17-уми июл дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) - шаҳри Кула-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бозиашро 5-уми сентябр дар Душанбе бо тими миллии Қирғизистон баргузор менамояд. Футболбозони тоҷик дар даври дуюм 10-уми сентябр дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Муғулистон бозӣ хоҳанд кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод аст. Дар даври чаҳорум 15-уми октябр дар майдони худ бо мунтахаби Ҷопон рӯбарӯ мешавад. Бозии даври охирини давраи аввалро мунтахаби Тоҷикистон 14-уми ноябр дар сафар бо тими Мянмар анҷом медиҳад.

Давраи дуюми мусобиқот 19-уми ноябр шуруъ мешавад. Дар ин рӯз футболбозони тоҷик дар Бишкек бо мунтахаби Қирғизистон рақобат хоҳанд кард.

Се бозии дигарро мунтахаби Тоҷикистон соли 2020 анҷом медиҳад. Дар даври ҳафтум 26-уми март мунтахаби Муғулистонро пазироӣ менамояд. Дар даври ҳаштум футболбозони тоҷик истироҳат мекунанд. Дар даври нӯҳум мунтахаби Тоҷикистон 4-уми июн меҳмони мунтахаби Ҷопон мешавад. Ва, ниҳоят, дар даври охирин футболбозони тоҷик 9-уми июн дар майдони худ бо мунтахаби Мянмар бозӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG