Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, фарзанди шумо ҷони 9 миллион аҳолии Тоҷикистонро харид, вале..."


Ҳамла ба посгоҳ рӯзи 6-уми ноябри соли 2019 сурат гирифт.
Ҳамла ба посгоҳ рӯзи 6-уми ноябри соли 2019 сурат гирифт.

Волидони яке аз ҳафт сарбози неруҳои марзбонӣ, ки дар ҳамла ба посгоҳи сарҳадии «Ишқобод» кушта шуд, мегӯянд, аз марги фарзандашон 8 моҳ мегузарад, вале мақомот ба хонаводаи камбизоати онҳо кумак намерасонад.

Зӯҳро Сатторова модари Абдуғании Давлат дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте ҷасади фарзандамро оварданд, афсароне, ки тобути ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, гуфтанд, ки Абдуғанӣ қаҳрамонӣ кард, аҳолии Тоҷикистонро аз дасти террористҳо наҷот дод. Мактаби маркази ноҳияро ба номаш мегузорем.”

Фарзанди навҷавони Зӯҳро Сатторова, рӯзи 6-уми ноябри соли 2019 дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" ба ҳалокат расид. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки зимни муқовимат ба гурӯҳи 20 нафарии ниқобпӯш 6 нафар аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва 15 ҳамлавар кушта шуданд.

Зӯҳро Сатторова мегӯяд, «писарашро, ки синфи 11 мехонд, соли 2018 ба зӯрӣ ба артиш бурданд ва баъди ба ин қисми ҳарбии сарҳадбонӣ оварданаш ин рӯзи сиёҳ ба сараш омад».

Мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистон мегӯянд, сарбози тоҷикро барои ҷасораташ пас аз марг ҳам қадрдонӣ карданд. Онҳо мегӯянд, моҳи феврали имсол ба муносибати «23-солагии Рӯзи артиш» модари Абдуғаниро аз ноҳияи Рашт даъват карданд ва барои ҷонбозиаш дар «Ишқобод» пас аз марг бо нишони дараҷаи 1 «Шараф» сарафроз шуд.

Як манбаъ аз Раёсати марзбонии Тоҷикистон ба шарти зикр накардани номаш гуфт, ҳамроҳ бо нишон ба модари Абдуғанӣ 8 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ расонда шуд. Модари Абдуғанӣ бо се фарзанд, ки яке маъюб аст, танҳо бори зиндагиро мекашад.

Мехост, донишгоҳ хонаду, ноновари хона шавад

Ӯ, ки дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мегирист, бо ёдоварӣ аз охирин занги телефони фарзандаш дар соати даҳи шаби 5 ноябр нақл кард, ки Абдуғанӣ бо хушҳолӣ гуфт, то анҷоми хизмат 8 моҳи дигар мондааст ва баргашта, ба донишгоҳ дохил мешавад, кор меёбад ва бори оиларо мекашонад.

Аз Абдуғанӣ аксҳои зиёде дар дасти модараш намондааст.
Аз Абдуғанӣ аксҳои зиёде дар дасти модараш намондааст.

Ӯ гуфт: “Намедонист пас аз чанд лаҳза ба сараш чӣ меояд. Хеле ором нақл мекард. Баъди худоҳофизӣ саҳар шуда аз даҳони ҳамсояҳо шунидам, ки дар посгоҳе, ки бачаам хизмат мекард, тирандозӣ шудааст.»

Рӯзи баъдаш ба назди модар намояндае аз мақомот ба суроғаш омадааст ва зоҳиран нахостааст, ки хабари шумро ба модар расонад: «Як нафар савори Мереседес ба хона омаду пурсид, ки Абдуғании Давлат барои шумо кӣ мешавад? Гуфтам, писарам аст. Вай гуфт, шаби гузашта дар Ишқобод камтар захмӣ шудаасту имрӯз меорандаш. Гуфтам, ки агар захмӣ шуда бошад, дар беморхонаҳои шаҳр табобаташ кунед, охир шароити шаҳр дигар аст. Вай ҳеч чиз нагуфту рафт. Ошуфта шудам ва дар хонаи поён ғанабам бурдаст, бедор шудам рӯи ҳавлиамон одамони зиёд ҷамъ шуданд. Гуфтанд, ки вазнин шавед, Абдуғаниро меоранд. Ҳама медонистаасту ман бехабар. Соат тақрибан шаши бегоҳ буд, ки дар як мошини ёрии таъҷилӣ ҷасади писарамро оварданд. Ҳамроҳаш чанд афсар буд».

Модари Абдуғанӣ мегӯяд, ҷасади захмии писарашро дидааст, ки аз ақиби гарданаш тир хӯрдааст. Модари Абдуғанӣ нақл мекунад, ки вақте ҷасади фарзандашро оварданд, ҳукумати ноҳияи Рашт дар дафну маъракаҳои ёдбуд 8 ҳазор сомонӣ дод.

Ҷони 9 миллион аҳолии Тоҷикистонро харид

Ӯ афзуд: “Ман як модари хонанишин ҳастам, фақат ҳар субҳ меравам ба Идораи бойгонии ноҳия поккорӣ мекунам ва барои ин ҳар моҳ 400 сомонӣ медиҳанд. Бо се фарзанд, ки якеаш маъюб аст, ҳайрон мондаем. Вақте командири Абдуғанӣ омада буд, ваъда дод, ки ҳатман ёрӣ мерасонад.

Вай гуфт, ки фарзанди шумо ҷони 9 миллион аҳолии Тоҷикистонро харид, қаҳрамонӣ кард, мо ҳеҷ гоҳ ҷавони далерро фаромӯш намекунем, лекин 8 моҳ гузаштааст, касе ба суроғамон намеояд. Охир бачаи ман талабаи мактаб буд, ба аскарӣ бурданд, мо хизмати ватан гуфта даҳонамонро бастем, имрӯз ба имдоди мо касе мерасад? Охир Абдуғанӣ фарзанди калону ноновари хона буд. Ҳатто ваъда карданд, ки мактабро ба номаш мегузорем, накарданд”.

Ба қавли модараш, Абдуғаниро, ки “синфи 11 мехонд, ба зӯрӣ ба артиш бурдаанд.” Яке аз муаллимони мактаби рақами 1 ноҳияи Рашт бидуни овардани номаш гуфт, рӯзе, ки ҷасади шогирдро оварданд, дар назди мактаб ҷамъомад шуд ва дар он намояндаҳои мақомоти интизомӣ, аз ҳукумати ноҳия ва аз бахши ҷавонони ноҳия устодон, шогирдон ҷамъ омаданд.

Ӯ афзуд: “Дар ин ҳамоиш аз тарафи намояндаи ҳукумат ва маорифи ноҳия ҳарфҳои самимӣ заданд, ки Абдуғанӣ барои ҳифзи бехатарии давлати Тоҷикистон ҷонбозӣ кард. Ва барои поси хотири хотири ӯ мактабе, ки дар он таҳсил кардааст, ба номаш гузошта мешавад. Чанд моҳ мегузарад, дигар ба ёди касе намеояд. Ҳоло мактабҳо таътил ҳастанд ва дар моҳи август дарсҳо сар шаванд ба ин масъала бармегардем.”

Хотираҳои ҳаммактабиён дар бораи Абдуғанӣ

Сафарҷон Ризоев, як ҳаммактаби Абдуғанӣ гуфт, ӯ писари меҳрубон буд: “Мо намедонем, вай чӣ хел ба аскарӣ рафт, аз модараш шунидем, ки ӯро ки хонаи бобояш рафта будааст, ба хонаашон оварда баъд қапида ба аскарӣ бурдаанд. Ғаниҷон паррандаҳоро дӯст медошт ва беҳад кабкдӯстдор буд.”

Дар Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Рашт гуфтанд, ки бо назардошти қаҳрамонии Абдуғанӣ номи модараш Зуҳро Сатороваро дар руйхати камбизоатҳои ноҳия ҳамроҳ намудаанд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, Зуҳро Сатторова ҳар моҳ барои пардохти пули барқ сад сомонӣ мегирад. Модари танҳои Абдуғании Давлат мегӯяд, кумакҳое, ки аз тарафи мақомоти ноҳия ваъда шудааст, наметавонад бори зиндагиашро сабук кунад.

Вай мегӯяд, бо се фарзандаш дар як манзили тангу вайрона ба сар мебарад ва аз оддитарин шароити зиндагӣ маҳрум аст: “Ман аз мақомот мехостам, аққалан як хонаи дурусттар ба мо медоданд, охир ман фарзанди нахустинамро, ки имрӯз такягоҳам мешуд аз даст додам.”

Модари Абдуғанӣ нақл мекунад, ки шавҳараш пас аз зиндагии 18 сола, як сол пеш баъди муноқишае, онҳоро тарк карда ва издивоҷ мекунад: “Ҳамин вазъ Абдулғаниро бештар маъюс карда буд. Аз ҳамин нодории хонавода буд, ки мехост, ҳатман донишгоҳ дохил шавад, ҷойи кор ёбаду зиндагиро таъмин кунад, аммо дар ҳодисаи Ишқобод ҳамаро бо худаш ба гӯр бурд.”

XS
SM
MD
LG