Тафтиши қазияи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" ба анҷом расида, парванда ба Додгоҳи олӣ ирсол шудааст. Ҳамла ба ин дидбонгоҳ рӯзи 6-уми ноябри соли гузашт сурат гирифт ва беш аз 15 нафар аз ҳамлаварон ва сарбозон дар он кушта шуданд.
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал ба хабарнигорон гуфт, таҳқиқи қазияи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" ба анҷом расида, Додситонии кулл парвандаро ба Додгоҳи олӣ ирсол кардааст.
Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парванда нисбати 9 нафар буда, баррасии он паси дарҳои баста сурат мегирад. Шоҳиён гуфт, аз ин бештар шарҳ дода наметавонад чун қазияро бояд аввал омӯзанд.
Дар ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ҳамла кори ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ, "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".
ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомоти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.