Баҳси ҷавонони тоҷик атрофи футбол ва дастаҳои дӯстдоштаи худ ин шабу рӯз беохир аст ва метавонад, соатҳо идома кунад.
Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, ки ҳоло дар даври якчорниҳоиаш аз 32 тим, 8 даста боқӣ мондааст, ҷавононро дар аксар коргоҳу донишгоҳ ва маҳфилҳои Душанбе ба чанд гурӯҳ ҷудо кардааст. Баҳси шадид ҳоло байни мухлисони “Реал Мадрид” ва “Барселона” аст.
Мухлисони ашадии Барселона мехоҳанд, дигаронро бовар кунонанд, ки шонси бурди ин даста бештар аст, аммо ҳаводорони дастаи шоҳонаи Мадрид, бо такя ба ду ғалабаи охири даста дар сабқат, бовар доранд, ки пирӯзӣ насиби дастаи онҳост.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Баҳриддин Ҳаитов, ки аз хурдӣ мухлиси “Реали Мадрид” аст бо таваҷҷӯҳ ба пирӯзии бештари даста дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонии Аврупо мегӯяд, пешгӯии онҳо дуруст аст: “Тахмини мо воқеитар аст. Мо ду бор пайиҳам дар лигаи чемпионҳо пирӯз шудаем. Соли севум ҳам метавонем бигирем.”
Ҳам мухлисони “Реал” ва ҳам “Барселона” мехоҳанд, дар даври ниманиҳоӣ ҳамин дастаҳоро бо ҳам рӯ ба рӯ бинанд.
Духтарон дар Тоҷикистон футболро барои Кристиано ё барои Месси тамошо мекунанд.
Маҳмуд Одинаев, аз мухлисони қадимии Барселона мегӯяд: “Ман фикр мекунам, бозӣ дар даври ниманиҳои мушкилтар мешавад, вале бо он бозиҳое, ки даста дар муқобили Рома ва Челсӣ нишон дод, гуфта метавонам, ки мо ба финал мебароем. Зеро сармурабии даста бозии хубро дар самти муҳофизат роҳандозӣ кард.”
Маҳмуд, яке аз аъзоҳои клуби “Барселона” дар Тоҷикистон аст. Ҳаводорони даста ахиран дар Душанбе муттаҳид шуда, клуби худро таъсис додаанд. Онҳо ҳангоми бозиҳо гирди ҳам меоянд, бо ҳам ошно мешаванд ва пирӯзиву нокомиҳои дастаро мавриди баҳс қарор медиҳанд.
Маҳмуд мегӯяд, ҳаводорӣ ба дастаҳои футболи Аврупо дар Тоҷикистон баланд аст, онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо саҳфаву гурӯҳҳои худро доранд ва шумори зиёд ҳам ҷамъ мешаванд.
Бархе дар барҳои варзишӣ ҷамъ меоянду мубоҳисаҳо ташкил мекунанд. Мухлисони ашаддии дастаҳои футболи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон як нишоне аз дастаи дӯстдоштаи худро дорад.
Шаҳбоз ҳам ҳаводори “Барселона” аст ва ахиран, либосҳои дастаи дӯстдоштааш, ки аз Чин фармоиш дода буд, ба дасташ расид. Шаҳбоз ҳоло бо ҳамин либос интизори ба финал роҳ ёфтани дастаи дӯстдоштааш аст.
Ӯ ба фарқ аз дигарон мехоҳад, “Реал” ва “Барселона” дар даври нимнаиҳоӣ балки даври ниҳоӣ ру ба ру шаванд. Ин бозӣ ба гуфтаи ӯ дунёро ду тақсим мекунад. “Ду клуби беҳтарини ҷаҳон бо ҳам вохӯранд бозӣ воқеан ҷаззоб мешавад. Ба фикрам Барселона бозии хуб нишон медиҳад.”
Ҳаводори футбол дар Тоҷикистон қобилияти хуби таҳлилу барасии бозии дастаҳо ва фаъолияти муррабиҳои бошгоҳҳои ҷаҳониро дорад. Онҳо ба ҳунари ҳар футболбоз баҳо медиҳанд. Дар интихоби даста ҳам бештар на ба натиҷаи баланд, балки ҳунару маҳорат таваҷҷӯҳ доранд.
Нилуфар Муродова ҳам аз мухлисонии ашадии футбол аст. Аз дастаи “Ливерпул” ҳаводорӣ мекунад. Бозиҳои ахири дастаҳоро чунин таҳлил кард: “Дирӯз Барселона хеле хуб бозӣ кард. Ливерпур дар футболи муосир муъҷиза нишон дод. Ман, ки мухлиси ин даста ҳастам воқеан ҳаловат бурдам. Албатта мухлисони Барселона мехоҳанд исбот кунанд, ки голи Кристиано тасодуфӣ буд. Аммо ин тавр нест.
Баҳси Нилуфар атрофи футбол бештар бо писарон сурат мегирад. Ӯ мегӯяд, мухлисони ашаддӣ дар миёни духтарон зиёд нест. “Духтарон дар Тоҷикистон маъмулан футболро барои Кристиано ё барои Месси тамошо мекунанд. Аммо духтароне, ки мӯҳтавои футболро дарк мекунанд ва мунтахабро аз клуб фарқ мекунанд хеле каманд” - мегӯяд, ӯ.
Мухлисони тоҷики футболи ҷаҳонӣ мегӯянд, футбол на танҳо варзиш аст, балки метавонад, инсонро тарбия кунад. Фаррух, ки аз ҳаводорони “Арсенал” аст, мегӯяд, ин даста ба кас сабур буданро меомӯзад.
“Арсенал" водор мекунад, ки сабуру содиқ бошӣ. Ҳатто як шухӣ аст, ки духтар ба дӯстдоштааш мегӯяд, ту ба кӣ содиқӣ? Писар мегӯяд, ман мухлиси Арсенал ҳастам.”
Бозиҳои ҷавобии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе баргузор мешавад. Аз байни 8 дастае, ки дар ин давр ширкат доранд, 4 дастааш ба даври нимниҳоӣ роҳ меёбад. Шореҳон мегӯянд, 80 дар сад маълум аст, ки ба даври баъдӣ, кадом дастаҳо роҳ меёбанд.
Бозии ниҳоии сабқат 26 май дар шаҳри Киев, пойтахти Украина баргузор мегардад. Ҳоло мухлисони футбол дар Тоҷикистон бесаброна интизори тамошои рақобати ду дастаи беҳтарини Аврупо ҳастанд.
Мухлисони ашадии дастаҳои ҷаҳонии футбол, дар Тоҷикистон ҳам барои нишон додани садоқати худ, корҳое анҷом медиҳанд. Барои мисол як ҷавон фақат барои дидани майдони варзишии дастаи дӯстдоштааш дар Мюнхени Олмон 30 километрро пиёда тай кардааст. Нафаре пул ҷамъ карда, ба тамошои бозии тими дӯстдоштааш ба “Ливерпул”-и Англия сафар кард. Яке ҳам утоқи худро бо ҷиҳозу либоси дастаи худ ороиш додааст.