Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 50-сола рӯзи 5-уми апрел бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ 4-уми апрел аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, раҳбари футболи Осиё дар ҷараёни сафари худ бо мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мулоқот анҷом медиҳад. Дар ин мулоқот масоили рушди футбол дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, баррасӣ хоҳад шуд.
Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа 19-уми апрели соли 2013 бо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот карда буд. Ӯ он замон ба ҳайси раиси Созмони футболи Баҳрайн бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро дар Конгресси ғайринавбатии Конфедератсияи футболи Осиё, ки 2-юми майи соли 2013 дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур - баргузор шуда буд, раҳбари нави футболи қора интихоб намуданд. Ӯ то соли 2015 вазифаи президенти AFC-ро бар ӯҳда дошт, зеро ки ин конгресси ғайринавбатӣ буд. Муҳаммад Бин Ҳаммом, президенти собиқи AFC, соли 2011 ба иллати даст доштан дар фасод аз ҷониби FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) барканор шуда буд.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн дар Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки соли 2015 дар Манама - пойтахти Баҳрайн барпо гардида буд, дигарбора раҳбари AFC интихоб шудааст.
Ӯ, ки аз соли 2013 боз раҳбарии Конфедератсияи футболи Осиёро бар ӯҳда дорад, ҳадди ақал то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон Шайх Салмон ноиби президенти FIFA ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии футбол мебошад.