Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик барои бозӣ бо Филиппин ба Манила рафтанд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Филиппин шоми ҷумъаи 23-юми март ба шаҳри Манила расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки 13-уми июни соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, аз Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрдааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, баъди хотимаи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Чаншаи Чин, мунтахаби Тоҷикистон 23-юми март аз онҷо ба пойтахти Филиппин – Манила - сафар кард. Футболбозони тоҷик дар меҳмонхонаи «Century Park Hotel» зиндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - дохил аст. Дар байни онҳо панҷ нафарашон легионеранд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгар Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия) ва Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), инчунин ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия). Дарвоқеъ, Нуриддин Давронов ва Манучеҳр Ҷалилов ба дастаи мунтахаб дар Манила пайастанд.

Нуриддин Давронов
Нуриддин Давронов

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон 27-уми март дар Манила, дар Варзишгоҳи ёдбуди Хосе Ризал, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.Бозиро ҳакамон аз Австралия таҳти раҳбарии Ҷарред Ҷиллетт доварӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, аз Филиппин, яке аз куҳансолтарин дастаҳои мунтахаби Осиё, ки соли 1907 таъсис ёфтааст, бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрдааст.

Баъди натиҷагирии даври панҷуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 9 имтиёз аз 5 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 11-7) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 7 имтиёз аз 5 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 5-4) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 7 имтиёз аз 5 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 9-7) дар ҷойи севум мебошад. Мунтахаби Непал бо 2 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 2-9) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Ҳаким Фузайлов
Ҳаким Фузайлов

Бояд тазаккур дод, дар мавриди баробар будани имтиёзҳо пеш аз ҳама натиҷаҳои бозиҳои миёни дастаҳо ба назар гирифта мешавад. Аз ин ҷиҳат яманиҳо бартарӣ доранд, бинобар ин дар ҷадвал аз мунтахаби Тоҷикистон болотар ҷойгир шудаанд.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки вазифаи дастааш шикаст додани рақиб ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтан аст. Ӯ афзуд, “тақдири ду роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи мо дар даври охирин ҳал хоҳад шуд. Ҳанӯз мо имконият дорем, бинобар ин кӯшиш мекунем, ки дар бозӣ муқобили тими миллии Филиппин пирӯз шавем ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат бигирем. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон ягон бор дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат накардааст.”

Бояд таъкид намуд, барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи январи соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ба мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин танҳо ғалаба зарур аст.

Дар ҳамин ҳол дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) Филиппин дар байни 211 кишвар бо 265 имтиёз дар мақоми 122-юм ва Тоҷикистон бо 255 имтиёз дар ҷойгоҳи 124-ум қарор доранд.

Дар доираи омодагӣ ба бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Чин, ки 21-уми март дар варзишгоҳи «Ҳелонг»-и шаҳри Чанша барпо гардид, бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Дастаи мунтахаби Филиппин бошад, 22-юми март дар бозии дӯстона бар тими миллии Фиҷӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳама – «Хуҷанд»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»), Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия), Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Нозим Бобоҷонов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Дилшод Восиев, Шериддин Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Ҷоми Осиё-2019

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

5

2

3

0

11-7

9

2

Яман

5

1

4

0

5-4

7

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

9-7

7

4

Непал

5

0

2

3

2-9

2

Даври 6-ум

27 март (сешанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:30 ба вақти Душанбе

ФИЛИППИН – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Ҷарред Ҷиллетт (Австралия).

Ёварони сардовар: Антон Шетинин, Рян Марк Галлагер (ҳарду – Австралия).

Довари эҳтиётӣ: Эванс Шаун Роберт (Австралия).

Нозири доварон: Ҳасан Комронифар (Эрон).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

Манила, Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал

ЯМАН – НЕПАЛ

XS
SM
MD
LG