Фарзандони афроди мансабдор барои таҳсил дар дар хориҷ ё дохили кишвар мушкиле надоранд ва пас аз хатми донишгоҳҳо бо кӯмаки падарони худ мақомҳои баландро соҳиб хоҳанд шуд. Интихоби касб
барои “ҷавонони тилоӣ” ҳам бештар ба кӣ будани падаронашон вобаста аст.
Агар падар бонкдор бошад, фарзанди ӯ ҳатман дар ягон бонк кор меёбад, агар ходими амниятӣ бошад, ҳатман дар донишгоҳҳои амниятӣ ё низомии Русия таҳсил мекунад. Агар кори падар ба додгоҳу додгустарӣ марбут бошад, фарзанд низ касбҳои низдик ба ин шуғлро интихоб мекунад, то баъдан дар ин соҳа мутахассис бишавад.
ПАДАР ЧӢ ГУНА, ФАРЗАНДОН НАМУНА...
Барои намуна Манучеҳр Наҷмиддинов, писари вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмиддинов, дар "Агроинвестбонк", дар яке аз мақомҳои калидӣ кор мекунад. Вай то замони омадан ба "Агроинвестбонк", дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Духтари Матлубхон Давлатов, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ низ дар Бонки Миллӣ кор мекард ва писари ӯ айни ҳол корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон аст.
Писари вазири маориф -- Абдуҷаббор Раҳмонов корманди ширкати “Талко” будааст. Ба гуфтаи яке аз пайвандони Муродалӣ Алимардонов, муовини нахуствазир, писари ӯ дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил дорад.
Лочин Файзуллоев -- писари Нусратулло Файзуллоев, вазири пешини тандурустӣ, ҳоло дар мансаби муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кор мекунад. Вакили ҷавони парлумон, Махфират Хидирова, хоҳарзодаи Изаттулло Ҳаёев аст.
Ҳамин тавр, фарзандони раисиҷумҳур яке -- Озода Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, дигаре -- Рустами Эмомалӣ дар Хадамоти гумрук фаъолият доранд.
ДОМОДҲО НИЗ БЕНАСИБ НАМОНДААНД...
Дар ин радиф мешавад аз домодҳои раисиҷумҳур ҳам ёдовар шавем, ки онҳо низ мансабҳои калидӣ доранд. Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки ҳоло дар мансаби муовинии вазири молия фаъолият дорад. Ӯ пеш аз ин намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байнулмилалии Пул буд.
Акнун ба айни ин мақом, яъне намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байнулмилалии Пул Амир Убайдуллоев, писари шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Ин дар ҳолест, ки писари калонии шаҳрдор -- Ҷамолиддин Убайдуллоев зиёда аз ду сол аст, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазифаи сардори Шӯъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии ин вазоратро дар ӯҳда дорад.
Баҳром Холназаров, домоди бародари раисиҷумҳури Тоҷикистон, сафири ин кишвар дар Қазоқистон ва Саидбек Саидов, хоҳарзодаи раисиҷуҳумр сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон мебошанд.
Бархе аз коршиносон ин суолро, ки чаро фарзандони мақомдорон дар мақомҳои баланд кор мекунанду дигарон ё шояд ба сахтӣ ва ё шояд ҳам аслан ба чунин мақомҳо роҳ намеёбанд, дуруст намешуморанд. Онҳо мегӯянд, фарзандони афроди мансабдор низ шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва ҳақ доранд, ки соҳиби мақом бошанд ва дар вазорату идораҳои давлатӣ фаъолият бикунанд.
Мухолифони ин равиш далели дигар меоранд ва мегӯянд, чаро дар ҳоле ки фарзанди босаводи як марди нодор ҳатто бо хатми донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ низ наметавонад соҳиби ҷои кори муносиб бишавад, ин амал ба фарзандони мансабдорон ба осонӣ даст медиҳад.
МЕХОҲАНД ДИПЛОМАТ БОШАНД?
Яке аз шуғлҳое, ки мақомдорон мехоҳанд ҳатман фарзанди худро дар ҳамин соҳа бубинанд, Вазорати умури хориҷӣ ва кори дипломатӣ будааст. Аз Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ пурсидем, ки оё онҳо бо мавҷи хоҳишманони нерӯманд чӣ гуна сари кор мегиранд ва ҳангоми истихдом чӣ чиз дар навбати аввал ба инобат гирифта мешавад?
Ҷаноби Назрӣ гуфт, фарзандони афроди мансабдор ҳам бар пояи озмун чун шаҳрвандони дигар ба кор қабул мешаванд, на аз рӯи ин меъёр, ки падарашон як мансабдори давлатист: "Биёед, иштирок кунед дар озмун. Ягон усул истифода намешавад. Ҳама баробар. Ин нафароне, ки Шумо дар назар доред, онҳо низ дар асоси озмун ба кор гирифта шудаанд ва мешаванд."
Вале коршиносон бар инанд, ки озмунҳо як роҳи ба истилоҳ "хаспӯш" кардани шеваи истихдоманд. Барои намуна, шунида нашудааст, ки писари фулон мансабдор аз озмуни ҷои кор дар фулон вазорат нагузашт ва бекор мондааст.
ПАДАР АЗИЗ, МАНСАБАШ АЗ Ӯ АЗИЗТАР?
Рӯзноманигори тоҷик, Эраҷи Амон, мегӯяд, дар Тоҷикистон фарзандони мансабдор на аз пайи донишу ҳунар, балки аз пайи падар ва мансабу
дороӣ мераванд. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, дар 20 соли охир ҳеҷ як аз фарзандони мақомдорон бо ягон ҳунари вижа ва донишу малакаи қобили мулоҳиза ном набаровардааст.
Ба бовари Эраҷ, дар кишвар ҷавонҳое кам нестанд, ки дипломи аъло доранд ва ё нерӯи кор кардан дар вазифаҳои баландро доранд, аммо ҷойи кор надоранд ва баргузида намешаванд: "Бубинед, оё зарурат дорад, ки ҳатман писари Убайдуллоев бояд, ки дар ин мақоми байнулмилалӣ бошад? Чаро як ҷавони дигарро намемонанд? Афзун бар ин, оё писари шаҳрдор воқеан кадри ҳамон соҳа аст ё не?"
Айни чунин суолро метавон дар мавриди писару духтарони раисиҷумҳур ва вазирону раисони дигар низ матраҳ кард.
БИГУЗОР, МАНСАБ ГИРАНД, ВАЛЕ...
Дар ҳамин ҳол, Бобоҷони Қаюм, як шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, дигар шоистасолорӣ дар ин кишвар чандон ҷойгоҳ надорад: "Дар ҳоле ки агар фарзандони афроди мансабдор шоистагии лозимро дошта бошанд, баҳс вуҷуд надорад ва бигузор, таъйин
шаванд. Бигузор, соҳиби мансаб бошанд. Вале равиши нодурусти интихоби мансабдорон ҷомеаро фалаҷ кардааст, ин воқеияти ҷомеа аст."
Бо ин ҳол гуфта мешавад, ки на ҳамаи фарзандони афроди мансабдор то охир хушбахт боқӣ мемонанд. Соҳибназарон ҳам мегӯянд, хушбахтии “ҷавонони тилоӣ” чандон собит нест ва онҳо ҳангоме ки падаронашон аз мансаб мераванд, якбора ноком хоҳанд гашт.
Барои намуна, вақте додситони кулли пешин, Бобоҷон Бобохонов аз мақомаш барканор шуд, ба дунболи ӯ писараш Файзулло Бобохонов низ аз мақоми додситони ноҳияи Ҳисор барканор шуда, ҳатто алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.
Аз сӯи дигар фарзандони афроди мансабдор ғолибан ба шикастҳои равонӣ рӯбарӯ мешаванд, зеро ҳаргиз ба нерӯ ва мустақилияти худ бовар нахоҳанд дошт ва бо уқдаи сахти норасидагию пойбанди ба эътибори падар дар соя боқӣ хоҳанд монд.
Дар Тоҷикистон ҷудо аз ришвату фасод хешутаборбозӣ яке аз роҳҳои расидан ба мақомҳои баланд арзёбӣ мешавад ва ин раванд ҷавонони дигарро, ки донишу истеъдод доранд ва аммо барои расидан ба мансабҳои баланд пеши худ роҳи вазнину тӯлонӣ ва ҳатто монеаҳои касногузарро мебинанд, шадидан нороҳат кардааст.
Аз сӯи дигар фарзандони афроди мансабдор ғолибан ба шикастҳои равонӣ рӯбарӯ мешаванд, зеро ҳаргиз ба нерӯ ва мустақилияти худ бовар нахоҳанд дошт ва бо уқдаи сахти норасидагию пойбанди ба эътибори падар дар соя боқӣ хоҳанд монд...