Амрулло Мағзумови 56-сола шоми 15-уми май дар фурудгоҳи “Внуково” баъди бозгашт аз Истамбул боздошт шудааст. Мақомоти Русия сабаби боздошти Мағзумовро нагуфтаанд, вале худи ӯ баъди дастгир шудан ба бародаронаш хабар додааст, ки ба ӯ гуфтанд, “мавриди ҷустуҷӯ” буд ва “барои фаъолиятҳои гузаштаи сиёсиаш дастгир шудааст”.
Пулиси Русия ба дархости Тоҷикистон барои боздошти Мағзумов ишора кардааст, аммо мақомоти интизомии Душанбе аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд. Аз ҷумла, мақомоти Додситонии кулл ва вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ки дар бораи боздошти Амрулло Мағзумов иттилое надоранд.
Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ки ба Мағзумов хатари истирдоди ғайриқонунӣ ба Душанбе таҳдид мекунад ва дар сурати ба дасти мақомоти интизомии Тоҷикистон афтоданаш мумкин аст, “ӯро шиканҷа кунанд.”
Илҳомҷон Ёқубзода, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ мегӯяд, ҳарос аз хатари истирдоди Мағзумов ба Тоҷикистон аз он ҷо маншаъ мегирад, ки то ҳол аъзои истирдодшудаи ҳизб ба Тоҷикистон шиканҷа ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон гирифтаанд.
Мағзумов – аз фаъолияти ҳизбӣ то муҳоҷири корӣ
Дар бораи Мағзумов иттилои зиёде нест, вале ҳамсафонаш мегӯянд, ин сокини шаҳраки Чорбоғи ноҳияи Ваҳдат аз соли 1992 узви фаъоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ буд ва соли 2015 ба сабаби фишору таъқиби ин созмон тасмим гирифт, аз ватан хориҷ шавад.
Илҳомҷон Ёқубзода, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ мегӯяд, Мағзумов баъди тарки Тоҷикистон дар Русия ба соҳибкорӣ машғул буд. Бар асоси муқаррарот, хориҷиёне, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, бояд ҳар сол қаламрави Русияро тарк кунанд ва дигарбора баргашта, патент бигиранд.
Ба гуфтаи Ёқубзода, ба сабаби поён ёфтани мӯҳлати патент Амрулло Мағзумов “чанд рӯз пеш” тасмим гирифтааст, ба Қазоқистон биравад, вале дар марзи Қазоқистон ӯро бозпас фиристода гуфтанд, ки “дар феҳристи афроди мавриди истирдод ё депортатсия” мебошад. Сабаби дар ин феҳрист будани исми Мағзумов маълум нест. Ӯ баъди роҳ наёфтан ба Қазоқистон ба Истамбули Туркия парвоз карда ва дигарбора ба Русия баргаштааст.
Ёқубзода гуфт, ки сафари Мағзумов ба Туркия шояд як рӯз идома кард ва дар ҳоле, ки бидуни мушкил аз Русия берун шуд, вақти бозгашт аз Истамбул дар фурудгоҳи “Внуково” ба ӯ гуфтанд, ки боздошт мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, агар санадҳои Мағзумов мушкил медошт, бояд пеш аз парвоз ба кишвари дигар мавриди таваҷҷӯҳи марзбонон қарор мегирифт. Ёқубзода аз қавли бародарони Мағзумов гуфт: “Гуфтаанд, ки ту дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ ҳастӣ ва туро ба хотири фаъолиятҳои гузаштаи сиёсиат боздошт кардем.”
“Тоҷикистон дархости боздошт додааст”
Вакили дифое, ки барои ҳимояи ҳуқуқи Мағзумов ҷалб шудааст, гуфтааст, ки додситонҳо далели боздошти ӯро ба дархости сохторҳои интизомии Тоҷикистон рабт медиҳанд. Ин ҳуқуқшинос ба Радиои Озодӣ танҳо гуфт, ки баробари дарёфти ризоияти Мағзумов барои ҳимоят аз ҳуқуқи ӯ, ҷузъиёти ҳодисаро рӯшан мекунад.
Ва афзуд: “Ба эҳтимоли ғолиб фардо бояд мурофиаи додгоҳӣ барои муқаррар кардани шароити нигаҳдории ӯ баргузор шавад.” Ҳуқуқшинос гуфт, Мағзумов дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати дохилии Русия дар истгоҳи “Москва-Ленинградская” нигаҳдорӣ мешавад, ба саволҳои полис посух медиҳад ва бо ҳамин сабаб ӯ натавонист бо Мағзумов дидорбинӣ кунад.
Исми Амрулло Мағзумов барои матбуот чандон ошно нест, вале ба иттилои аъзои ҲНИТ, ӯ соли 2015 ба ҳайси номзад ба вакилии маҷлиси ноҳиявӣ дар интихобот ширкат кардааст. Интихобот барои ӯ ва дар маҷмӯъ барои тамоми аъзои ҲНИТ он сол бенатиҷа анҷомид – ҳеҷ як узви ин созмони мухолифин натавонист ба маҷлис шомил шавад. Дар пай ба қавли нозирон, фазои сиёсӣ ҳам тағйир кард ва Мағзумов ҳам тасмим гирифт кишварро тарк кунад.
Иттиҳомоти тарҳрезии ошӯб
Моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон ошӯби мусаллаҳона бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо сар зад ва мақомот, дертар Ҳизби наҳзати исломиро тарҳрезу ҳидоятгари ошӯб номиданд.
Бар асоси дархости додистонӣ Додгоҳи олӣ ҳизбро созмони экстремистӣ номид ва фаъолияташро мамнӯъ эълон кард. Ҳизбу тарафдоронаш иттиҳомотро комилан беасос меноманд ва мегӯянд, ки ҳадафи мақомот аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ҳизби мухолиф ва бонуфуз дар кишвар буд.
Вале дар фурсати кӯтоҳи баъди ин, аъзои раёсати олӣ ва даҳҳо узви дигари ин ташаккули сиёсӣ бо гуноҳи даст доштан дар ошӯби мусаллаҳона пушти панҷара рафтанд. Дигар фаъолони ҳизб Тоҷикистонро тарк карда дар Русия ва дигар кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд.
Илҳомҷон Ёқубзода мегӯяд, замони зиндагиву кор дар Русия Мағзумов ҳеҷ фаъолияти сиёсӣ надошт ва танҳо ба кору зиндагии худ машғул буд. Як вижагии парвандаи Мағзумов ин аст, ки ба гуфтаи худи ӯ ва ҳамҳизбони собиқаш, дар бораи парвандаи ҷиноӣ чизе намедонист ва дар муддати чор соли гузашта ба хотири мутобиқ кардани санадҳояш дар Русия аз марзи ин кишвар зиёд убур карда ҳеҷ гоҳ дучори мушкил нашуда буд.
Аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудани аъзои собиқи ҲНИТ дар гузашта ҳам будааст. Аз ҷумла Наимҷон Самиев, узви собиқи ҳизб аз ноҳияи Исфара чанде пеш ба Тоҷикистон истирдод ва сипас моҳи апрели имсол ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро ба "таълими ифротгароӣ" ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" гунаҳкор донистаанд, ҳарчанд худаш гуфтааст, ки гуноҳе надорад.