Наимҷон Самиев, узви собиқи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.
Мақомот ӯро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "ғайриқонунӣ расондан, ҷойгир кардан ва ба кор андохтани маводи тарканда", "таълими ифротгароӣ" ва "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" – айбдор карданд. Самиев дар додгоҳ гуфтааст, ки иттиҳоми ворид аз рӯи моддаи 195 - "ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, нигоҳ доштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш")-ро қисман эътироф мекунад ва дигар иттиҳомотро қабул надорад.
Судяву айбдоркунандаи давлатию адвокат ба бинои СИЗО даромаданд ва баъди тахминан 1 соат хориҷ шуданд ва қарори додгоҳро ба мо хабар доданд
Ҳукмро рӯзи 9-уми апрел паси дарҳои баста дар СИЗО ё боздоштгоҳи рақами дуи Хуҷанд эълон кардаанд. Наздиконаш гуфтанд, ки онҳоро ҳангоми мурофиа ва қироати ҳукм ба дохили боздоштгоҳ роҳ надодаанд.
То ҳол барои матбуот ва ҳам наздикони Самиев ҷузъиёти ҷиноятҳое, ки ӯ дар он айбдор мешавад, маълум нест.
Мурофиае ба дарозои "2 соат дар 2 рӯз"
Абдурашид Самиев, писари Наимҷон Самиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз нисфирӯзи 9 апрел дар СИЗО-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд додгоҳи Исфара падарашро ба 15 соли ҳабс маҳкум кардааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Инро ба мо вакили дифои падарам - Гулрухсор Яҳёева хабар дод. Моро ба толори мурофиа раҳ надоданд. Тахминан 1 соат давом кард. Судяву айбдоркунандаи давлатию адвокат ба бинои СИЗО даромаданд ва баъди тахминан 1 соат хориҷ шуданд ва қарори додгоҳро ба мо хабар доданд".
Муҳокимаи додгоҳии парвандаи Самиевро додгоҳи Исфара рӯзи ҷумъаи 5-уми апрел дар СИЗО-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд оғоз кард ва дар рӯзи дуюми мурофиа, яъне рӯзи сешанбеи 9 апрел қарори худро эълон кард. Пайвандони Самиев, ки ба хотири иштирок дар мурофиа ҳозир шуда буданд, мегӯянд, муҳокимаи парванда дар "2 рӯз тахминан 2 соат" идома кардааст.
Гулрухсор Яҳёева, вакили дифои Самиев аз суҳбат дар бораи мурофиаи парвандаи зерҳимояаш худдорӣ кард. Ӯ танҳо гуфт, ин парванда "хеле вазнин" аст ва ӯ ҳаққи сухан гуфтан надорад.
Вале Абдурашид Самиев аз қавли хонум Яҳёева гуфт, ки Наимҷон Самиев зимни баррасии парванда дар толор гуфтааст, ки ӯ айбҳои барангезиши "кинаву адовати милливу мазҳабӣ" ва "таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ" (тибқи моддаҳои 307 ва 187-и Кодекси ҷиноӣ)-ро, ки ӯро айбдор донистанд, комилан қабул надорад ва гунаҳгор будани худро аз рӯи ин моддаҳо рад кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ин қарори додгоҳро "ноодилона" меҳисобад ва шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.
Самиеви 56-сола солҳои 2008-2012 раиси дафтари ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва баъдан раиси ин ҳизб дар шаҳри Исфара шуд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ аз соли соли 2014 то лаҳзаи боздошт дар Русия мезист.
Бозгашти мармуз ба Тоҷикистон ва ваъдаи раҳоӣ
Наимҷон Самиев охири моҳи ноябри соли гузашта "дар шароити мармуз" дар Чеченистони Русия дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар оғози моҳи феврали имсол дар шабакаи YouTube як навори видеоӣ нашр шуд, ки дар он Наимҷон Самиев дар утоқе нишаста мегуфт, "касе ӯро боздошт накардааст" ва "аз Маскав ихтиёрӣ ба Душанбе омада, худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардааст".
Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Vision Foundation гуфтанд, ки Самиев дар Чеченистон “рабуда” ва рӯзи 4-уми декабри соли 2018 аз фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ба Душанбе оварда шуд.
Мақомоти Тоҷикистон дар оғоз ин хабарро рад ва тасдиқ накарданд. Танҳо баъди як ҳафтаи ҳодиса гуфтанд, ки ӯ дар Душанбе аст ва мавриди бозпурсӣ қарор дорад.
Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро, ки Наимҷон Самиев узви он буд, соли 2015 мамнӯъ ва "созмони террористӣ" эълон карданд. Аммо ҳизби наҳзати исломӣ онро рад мекунад. Инчунин, кишварҳои ғарбӣ ин ҳизбро ба ҳайси созмони террористӣ эътироф накардаанд.
Созмони ҳомии ҳуқуқи башар – Human Rights Watch – мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон мухолифону мунтақидонашро дар хориҷа таъқиб мекунад ва то ҳол тавонистааст бо кумаки сохторҳои амниятии Русия даҳҳо нафарро рабуда ба Тоҷикистон биёрад. Мақомот дар Тоҷикистон ин иттиҳомотро рад мекунанд.