Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари "Қорӣ Носир"- ро дар Ироқ ёфтаанд


"Қорӣ Носир"
"Қорӣ Носир"

Мақомоти Тоҷикистон бо ҳамсари дуюми марде, ки ба тарҳрезии ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Хатлон гумонбар аст ва дар зиндони Ироқ қарор дорад, телефонӣ сӯҳбат кардаанд.

Солаш дар ёдам нест, вале дар ҳамон ҷо оиладор шудаанд. Лекин аз мо пинҳон дошт. Панҷ сол пеш гуфт, ки Русия меравам ва дигар бо мо тамос нагирифт

"Ҳамсарам дар Сурия кушта шудааст"​

Махсира Шарифова, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон, ҳамсари дувуми Носирхуҷа Убайдов, маъруф бо лақаби “Қорӣ Носир” аст, ки ҳоло дар зиндони занонае дар Бағдод ба сар мебарад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “Қорӣ Носир”, зодаи ноҳияи Фархор, фардест, ки ҳамлаи маргбори моҳи июл ба ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Данғараро тарҳрезӣ кардааст. Як мақоми огоҳ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсари “Қорӣ Носир” нақл кардааст, ки бо эҳтимоли зиёд шавҳараш дар Сурия кушта шудааст.

Махсира Шарифова, ба гуфтаи мақомот, аввали соли 2018 дар канораҳои шаҳри Мавсили Ироқ боздошт шудааст. Ӯ нақл кардааст, ки моҳҳо шавҳарашро надида буд ва қабл аз боздошт шудан, хабари марги ӯро шунид. Ӯ гуфтааст, ҷасади шавҳарашро надидааст ва дурустии ин хабарро тасдиқ карда наметавонад.

Қорӣ Носир ва тарҳи ҳамла ба сайёҳон

Махсира Шарифова гуфтааст, шавҳараш дар сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бештар ба корҳои ташвиқу тарғиб машғул буд ва мустақим дар ҷангҳо иштирок намекард. Ҳамсари дуюми “Қорӣ Носир” аз ҷумлаи 43 зани тоҷик аст, ки пас аз поксозии Мавсил аз дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба дасти низомиёни ироқӣ асир афтод.

Номи “Қорӣ Носир” баъд аз он ба расонаҳо роҳ ёфт, ки мақомоти Тоҷикистон Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро ба даст доштан дар ҳамла муттаҳам карданд. Он замон мегуфтанд, ки Носирхӯҷа Убайдов, ки узви ҳизби мазкур аст, дар Эрон нишаста, ин ҳамларо тарҳрезӣ кардааст.

Ҳизби наҳзат ҳаргуна даст доштан дар ҳамларо рад мекунад ва гузашта аз ин панҷ нафаре, ки ҳамларо анҷом додаанд, қабл аз он ба гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” савганди садоқат хӯрдаанд. ДИИШ ҳам бо баёнияе гуфт, ки қатли чаҳор дучархасавори хориҷӣ дар Данғара кори дасти аъзои он аст.

Пурсуҷӯи мақомот баъди ҳамла

Рӯзи 29-уми июли соли гузаште гурӯҳе аз ҷавонон ба 6 нафар аз сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳамла карда, 4 нафари онҳоро куштанд ва ба ду тани дигар осеб расониданд. Ин ҷавонон аввал сайёҳонро бо мошин зер карда ва сипас бо корду табар ҳамла бурдаанд. Дар натиҷа 4 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 2 амрикоӣ, як шаҳрванди Ҳолланд ва як сайёҳ аз Швейтсария кушта шуданд. Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон, боздошт ва ба ҳукми абад маҳкум гардид. Чаҳор ҳамлагар ҳангоми амалиёти боздошт кушта шуданд.

Абдулло Шарифов, бародари Махсира, сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, аз боздошти хоҳараш дар Ироқ пас аз ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон хабар ёфт. Ӯ рӯзи 15-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте ба сайёҳон ҳамла сурат гирифт, мақомот аз ман пурсиданд, ки оё бо хоҳарам тамос дорам, ё на”.

Вай афзуд, хоҳараш солҳои 2000-ум дар Эрон пинҳонӣ аз наздикон бо Носирхӯҷа Убайдов издивоҷ кардааст. Хоҳараш он замон барои таҳсили динӣ ба Эрон рафтааст ва бо “Қорӣ Носир” ошно шудааст. “Шавҳари якумаш фавтид ва ӯ ба Эрон барои хондан рафт. Солаш дар ёдам нест, вале дар ҳамон ҷо оиладор шудаанд. Лекин аз мо пинҳон дошт. Панҷ сол пеш гуфт, ки Русия меравам ва дигар бо мо тамос нагирифт,” – гуфт ӯ.

Ба қавли пайвандонаш “Қорӣ Носир” аз Махсира Шарифова кӯдак надорад. Ӯ аз ҳамсари аввалаш панҷ кӯдак дорад, ки ҳоло дар ноҳияи Фархор зиндагӣ мекунанд. Носирхуҷа Убайдов бо иттиҳоми “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва “терроризм” аз тариқи Интерпол ҷустуҷӯ мешавад.

"Агар ӯ зинда мебуд, бо мо тамос мегирифт"

Аҳлиддин Убайдов, бародарзодаи Носирхуҷа Убайдов мегӯяд, соли 2014 мақомот хабар доданд, ки “Қорӣ Носир” ба Сурия рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, замони дар Русия буданаш Қорӣ Носир аз миёни дигар пайвандон танҳо бо ӯ тамос дошт. Ӯ ҳам бовар дорад, ки “Қорӣ Носир” зинда нест. “Агар ӯ зинда мешуд, ҳатман ба ман тамос мегирифт” - гуфт ӯ.

Наздикони “Қорӣ Носир” мегӯянд, ӯ соли 2010 Тоҷикистонро тарк кард ва то соли 2013 дар Русия қарор дошт ва баъдан тамосро бо пайвандонаш қатъ кард.

Мақомот мегӯянд, талош доштанд, то Махсират Шарифова, ҳамсари “Қорӣ Носир” -ро ба Тоҷикистон истирдод кунанд, вале бинобар набудани созишнома бо Ироқ ин кор ҳоло номумкин аст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳоло тарҳи созишнома дар бораи истирдоди муттаҳамон ба ҷиноятро таҳия мекунанд, то, ба гуфтаи онҳо, имкони истирдоди 43 зани зиндонии тоҷик аз Бағдод ба Душанбе фароҳам шавад. Ба гуфтаи онҳо, ин занон метавонанд дар бисёре аз парвандаҳои ҷангҷӯёни тоҷик шоҳидӣ диҳанд.

XS
SM
MD
LG