Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Тоҷикистон барои муроот накардани ҳуқуқи динӣ


Гунбади баркандаи масҷиде дар Норак
Гунбади баркандаи масҷиде дар Норак

Кумиссиёни Амрико Оид Ба Озодиҳои Байналмилалии Динӣ, дигарбора ба мақомоти ин кишвар тавсия додааст,  Тоҷикистонро ба феҳрасти бадтарин помолкунандагони ҳуқуқи динӣ ворид кунад.

Дар гузориши солонаи созмон,ки рӯзи 29-уми апрел нашр шуд, ба вазорати умури хориҷии Амрико тавсия додаанд, ки Русияву Покистону Эрону Узбекистон ва Туркманистон ҳам дар баробари Тоҷикистон ба феҳрасти “кишварҳои бахусус нигаронкунанда” шомил намояд.

Дар гузориш омадааст, ки Тоҷикистону Судон ва Вйетнам бо баҳонаи таъмини “тартиботи ҷамъиятӣ” ва “амнияти миллӣ” озодиҳои диниро маҳдуд мекунанд. Дигар ин ки мақомот хатарҳои воқеӣ ва пиндорӣ аз терроризмро истифода бурда, “мардумони худро рӯирост таъқиб мекунанд.”

Дар ин гузориш ҳукумати Тоҷикистонро “заиф ва бисёр фосид” номида, гуфтаанд, вазъи ҳуқуқи мазҳабии мардум соли 2009 ва баъд аз қабули чанд санад ва бахусус қонуни нав дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ бадтар шуд.

Баъди тасвиби ин санад ба гуфтаи муаллифони гузориш “фазо барои озодиҳои динӣ ва эътиқод бисёр танг шуд”. Бар асоси ин қонуни баҳсбарангез фаъолиятҳои ғайрирасмии динӣ, таълими хусусии дин, таблиғи дин мамнуъ шуд, барои таъсиси масҷидҳои ҷомеъ муқаррароти нав таъйин карданд ва имкон доданд, ҳукумат дар таъйини имомхатибон дахолат кунад.

Дар асл ин тавр нест?

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин гузориш вокуниш нишон надодаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, дар ин гузоришҳоТоҷикистонро беасос кишвари маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ ном мебаранд, ҳарчанд “дар асл ин тавр нест".

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи корҳои дин, танзиму анъана ва маросимҳои Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ аз ҷумла гуфт, ки ин гузоришҳо бар пояи ахбори расонаҳо таҳия мешаванд ва аз воқеият дур ҳастанд.

Кумиссиёни Амрико Оид Ба Озодиҳои Байналмилалии Динӣ ҳамчунин қабули Қонун дар бораи масъулияти падару модарро ёдовар шудааст, ки иҷоза намедиҳад, кӯдакону наврасони то 18-сола ба масҷид бираванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳаққи мусулмонон ҳеҷ маҳдуд намешавад ва мисол меоранд, ки теъдоди масҷиде, ки дар кишвар ҳаст, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ нест. Онҳо бунёди бузургтарин масҷид дар минтақаро мисол меоранд, ки сохтмони он бо сармоягузории Қатар дар маркази Душанбе идома дорад. Дар он ба гуфтаи мақомот 150 ҳазор нафар метавонанд ҳамзамон намоз бигузоранд.

Ду фоҷиа вазъро дар соли 2018 бадтар кард

Ду фоҷиа дар соли 2018 ба гуфтаи муаллифони гузориш сабаб шуд, ҳукумат барои саркӯбии озодиҳои динӣ дасти бозтар дошта бошад. Аввал ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара дар моҳи июл, ки дар натиҷаи он чаҳор дучархасавор ба ҳалокат расиданд. Ҳодисаи дуввум исён дар зиндони Хуҷанд буд, ки рӯзи 8-уми ноябр рух дод ва ба гуфтаи мақомот, дар он 21 нафар аз ҷумла 2 посбони зиндон кушта шуданд.

Дар ин гузориш омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон имкон надодаанд, ки кушташудагон дар ин исён мутобиқ ба муқаррароти мусулмонӣ дафн шаванд.

Дар гузориш омадааст, ҳарчанд гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамла дар Данғараро бар дӯш гирифт, ҳукумат Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро дастандаркори ҳамла номид. Ҳизб ин иддаои ҳукуматро беасос номидааст ва ҳеҷ кишвари дигаре ҳам иддаҳои давлати ҳукумати Тоҷикистонро тарафдорӣ накардааст.

Бо вуҷуди интиқод аз вазъи мурооти ҳуқуқи динӣ дар Тоҷикистон муаллифони гузориши Кумиссиёни Амрико Оид Ба Озодиҳои Байналмилалии Динӣ гуфтаанд, “нигарониҳо аз амният ва терроризм дар Тоҷикистон воқеист”.

Дар гузориш омори ҳукуматро ёдовар шудаанд, ки гуфтаанд 1000 шаҳрванди кишвар ба сафи гуруҳи ба ном Давлати исломӣ пайвастаанд. “Айни замон ҳукумат ҳамин нигарониро ба кор бурда, дигарандешон, мунтақидон ва дигар гуруҳҳои сабтнашудаи диниро таҳқиб мекунад” – омадааст, дар ин гузориш.

Ёдрас шудани сарнавишти Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ

Мисли гузоришҳои пешин аз сарнавишти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёдовар шудаанд, ки онро соли 2015 ба тарҳрезии ошӯб бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ муттаҳам карданд, созмони ифротгаро номиданд ва фаъолияташро манъ карданд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон кишвари дигаре ҳизбро ифротгаро намедонад ва фаъолияташро ҳам манъ накардааст. Худи раҳбарони ҳизб, ки дар хориҷ ҳастанд, мегӯянд, иддаои тарҳрезии ошӯб ҳеҷ асос надорад ва фақат баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон буд.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, аз соли 2015 то кунун бештар аз 150 узви ҳизби мазкурро дастгир ва зиндонӣ кардаанд ва камаш 1000 узви ҳизб аз тарс ба хориҷ гурехтаанд.

Дар гузориш омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои истирдоди мухолифони давлат аз дархостҳои боздошт аз Интерполро истифода мекунад ва вакилони дифои Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро ба солҳои тулонии зиндон маҳкум карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳгоҳи сиёсӣ гирифт ва ҳамеша гуфтааст, ки иттиҳомоти ифротгароӣ ба зидди ҳизби ӯ, беасос буда ва дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

Дар гузориш аз он ёдовар шудаанд, ки Муҳиддин Кабирӣ моҳи сентябри имсол дар шаҳри Варшава раиси як эътилофи нави сиёсӣ бо номи Паймони Миллии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин эътилоф чаҳор гуруҳи мухолифи давлат ва ҳамчуни Ҳизби наҳзат шомиланд ва ҳизб гуфтааст, ки ҳадафаш Тоҷикистони демократӣ бо низоми дунявист.

Муҳиддин Кабириро соли 2018 дар ғайбаш дар Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд ва аъзои хонаводааш дар ҳамчунон ҳадафи таъқибу ҷазоҳои золимона қарор гирифтанд.

Вазъи масеҳиён бад нашуд, аммо хуб ҳам набуд

Дар робита ба ҳуқуқи аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла масеҳиён дар Тоҷикистон гуфтаанд, соли 2018 боздошт ва озори насрониҳо камтар буд, аммо ин тамоюл маънии тағйири сиёсати ҳукуматро надорад.

Аз бархӯрди дурушт бо пайравони Шоҳидони Яҳуво ёдоварӣ шудааст ва дар гузориш омадааст, ки моҳи октябр гуруҳе аз пайравони ин ҷараёни дини насронӣ аз ҷумла кӯдакону занонро маъмурони амниятӣ дастгир карда, чанд соат бозпурсӣ намудаанд.

Муаллифони гузориши солонаи Амрико дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон гуфтаанд, “Тоҷикистон ба сабаби ҳаммарз буданаш бо Афғонистон ва тоҷикони зиёди муқими он кишвар барои Иёлоти Муттаҳида аз назари стратегӣ муҳим аст.”

Дар гузориш аз кӯмаки Тоҷикистон барои мусоидат ба амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон ёдовар шуда ва гуфтаанд, соли 2018 ҳарчанд Тоҷикистон ба феҳрасти “кишварҳои мояи нигаронии хос” ворид шуд, вазорати умури хориҷии Амрико бо назардошти “манофеи миллӣ” истисноан ба зидди Тоҷикистон чора наандешид.

Шомил шудани кишваре ба феҳрасти “кишварҳои мояи нигаронии хос” аз назари маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ба мақомоти Амрико иҷоза медиҳад, ба зидди он кишвар чора биандешанд ва аз ҷумла таҳрим эъмол кунанд.

XS
SM
MD
LG