Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд як афсари милисаро бо ҷурми шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва, инчунин, "қаллобӣ ба миқдори бузург" ва “боздошти ғайриқонунӣ" ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
- Подполковник Шӯҳрат Шамсиддинов охири соли гузашта дар Қирғизистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Ӯ аз соли 2013 то соли 2018 ба ҳайси муфаттиши Идораи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд кор мекард.
Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд.
Парванда бо муҳри махфӣ
Як манбаи огоҳ 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми Шӯҳрат Шамсиддинов ду рӯз пеш содир шудааст. Бо сабаби ин ки парвандаи ӯ мӯҳри махфӣ дошт, муҳокимааш низ паси дарҳои баста баргузор гардид ва то ба ҳол ҷузъиёти бештар дастрас нест.
Аммо наздиконаш мегӯянд, ӯ дар ҷараёни таҳқиқи парванда даст доштани худро дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров рад кардааст.
Хоҷаназарови 31-сола, фарзанди яке аз кормандони Додгоҳи ноҳияи Ашт, тобистони соли 2017 дастгир ва баъди чанд рӯз озод шуд. Ӯ пас аз раҳоӣ дар як навор нақл кард, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ азобу шиканҷааш доданд ва ҳатто таҳдид карданд, “таҷовуз мекунанд”. Комил Хоҷаназаров моҳи октябри соли 2017 худкушӣ кард.
Ин сокини ноҳияи Ашт дар навори пеш аз марги худ гуфта буд, муфаттишон аз ӯ талаб кардаанд, то эътироф кунад, ки баъди мамнӯъ шудани ҳизби наҳзати исломӣ низ ба увзият ва фаъолияташ идома додааст. Ин ҳизб соли 2015 бо қарори Додгоҳи олӣ мамнӯъ шуд.
Пойи се нафар дар қазияи марги Хоҷаназаров
Манобеъ мегӯянд, дар Додгоҳ низ гуфта шудааст, Шӯҳрат Шамсиддинов соли 2017, ҳамроҳи ду муфаттиши дигар Комил Хоҷаназаровро дастгир ва шиканҷа кардааст.
Шамсиддинов нафари севум аст, ки дар чаҳорчӯби таҳқиқи қазияи марги Комил Хоҷаназаров зиндонӣ шуд. Ин афсари пулис баъди ифтитоҳи парванда аз кишвар фирор карда буд ва тирамоҳи соли 2018 дар қаламрави Қирғизистон дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод гардид. Тафтиши парвандаи ӯро додситонии ҳарбии Суғд анҷом додааст.
Пеш аз ин, дар моҳи июни соли 2018, Латифҷон Юлдошев – муфаттиши собиқи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Муҳаммад Наимов – корманди пешини шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт бо гуноҳи шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ мутаносибан ба 13 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд.
Бахтиёр Бобоҷонзода, Додраси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, дар суҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, баррасии парвандаи Шӯҳрат Шамсиддинов зери муҳри махфӣ ҷараён дошт ва бинобар ин ҷузъиёти парвандаро ошкор карда наметавонад. Шаҳидбой Ҳоҷибоев, вакили дифои Шамсиддинов низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба ҳамин далел нахост назари худро дар бораи қарори додгоҳ баён кунад.
Беш аз 40 шикоят аз шиканҷа
Як пайванди подполковник, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, аз ҳукми додгоҳ норизоянд ва бозбинии парвандаро талаб хоҳанд кард.
Шуҳрат Шамсиддинов қаблан дар ноҳияи Ашт ба ҳайси сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Шӯъбаи корҳои дохилӣ кор карда, сипас соли 2013 ба кор дар идораи пулиси Хуҷанд гузаштааст.
Истифода аз шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ боқӣ мондааст. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро аз байн бибаранд.
Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.