Нуҳ моҳ пеш Ҳасан Ёдгоров, сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода, завлона ба даст дар ҳузури ходимони милиса дар сабти видеоии масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон саҳнаи куштореро шарҳ дод, ки ба гуфтааш, худи ӯ содир карда буд.
Писарамро ҳам омада бурданд. Писарам дар СИЗО ба домодам гуфтааст, ки "ту номардӣ, чаро маро туҳмат кардӣ?" Ӯ гуфтааст, зери фишору шиканҷа маҷбур буд, ки чунин гӯяд
Дар ин баёноташ Ёдгоров дар куштори Дмитрий Каримов, пешхидмати 42-солаи ошхонае дар шаҳри Турсунзода иқрор шуд. Ҷасади Дмитрий Каримов рӯзи 6-уми ноябри соли 2017 бо панҷ зарби корд дар манзили иҷорааш дар шаҳри Турсунзода пайдо шуд. Дар наворе, ки моҳи декабри соли 2017 тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатӣ пахш шуд, Ҳасан Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд “ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада ӯро кушт”.
Ҳасан чаро ба гуноҳ "эътироф" кард?
Мақомот он замон ин эътирофи Ҳасан Ёдгоровро “худиқрорӣ” унвон карда, ҳамчунин эълон намуданд, ки далелҳои кофӣ барои айбдор донистани ӯ дар куштор рӯи даст доранд. Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, гуё Ҳасан Ёдгоров дар рӯзи қатли Каримов моҳи ноябри соли гузашта бо баҳонаи пайдо кардани манзиле барои иҷора дари хонаи Дмитрий Каримовро кӯфтааст. Дар гузориш бо такя ба маводи тафтишотӣ гуфта шуд, гӯиё баъди ин ӯро кушта ҷиҳозашро бо худ бурдааст.
Ҳасан Ёдгоров то замони боздошт дар як мактаб-интернати шаҳри Турсунзода ба ҳайси боғбон ва ҳамсараш ба ҳайси фаррош кор мекард. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор” парванда боз шуда буд, ки аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекард. Ёдгоров бо ин иттиҳом аз моҳи ноябри соли гузашта то охири моҳи июн дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд ва қарор буд дар фурсати баъдӣ дар додгоҳ ҳозир шавад. Вале гардиши ногаҳоние дар парванда сарнавишти Ёдгоровро куллан тағйир дод.
Вақте қотили аслӣ пайдо шуд...
Моҳе пеш дар парвандаи Ҳасан Ёдгоров тағйири ғайриинтизор рух дод. Барояш хабар доданд, ки қотили аслии Дмитрий Каримов пайдо шудааст ва ӯро аз боздошт раҳо карданд.
Ҳасан Ёдгоров, ки ҳоло аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо шудааст, дар сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, аз озод шуданаш хушҳол аст ва “ҳеҷ даъвою гапи гуфтанӣ надорад”.
Ҳамаи қотилон худро бегуноҳ медонанд. Далеҳое, мисли як соат пеш аз куштор бо ҷабрдида будан ва дар як мошин то ҷое рафтан муфаттишро маҷбур мекунад, ки як нафарро айбдор бидонад.
Савриннисо Эшова, сокини деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор ва хушдомани Ҳасан Ёдгоров, рӯзи 14-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз боздошти домодаш, маъмурони милиса писари ӯ - Эраҷ Худойназаровро низ ҳамчун шарик дар ҷиноят ба бозпурсӣ даъват карданд. Гӯиё домодаш ба мақомот гуфтааст, кушторро дар ҳамдастӣ бо додарарӯсаш анҷом додааст.
Савриннисо Эшова гуфт, "домодамро барои он боздошт карда буданд, ки гӯиё охирон бор ба Дима (Димитрий Каримов) занг задааст. Бо ӯ ҷӯра буд. Вале ҳарчанд гуфтем, ки ӯ охир гунҷишкро кушта наметавонад, бовар намекарданд. Писарамро ҳам омада бурданд. Дар СИЗО писарам ба домодам гуфт, ки “ту номардӣ, чаро маро тӯҳмат кардӣ?” Ӯ гуфтааст, ки зери фишору шиканҷа маҷбур буд, ки чунин гӯяд”.
Ин зан мегӯяд, агар ба ҳамон шакл домоду фарзандашро ҳабс мекарданд, аз дасташон чизе намеомад, зеро тамоми ин муддат додхоҳии онҳоро мақомот "худсафедкунӣ"-е беш намедонистанд.
Эраҷ Худойназаров, додараруси Ҳасан Ёдгоров, ки низ дигар мавриди шубҳа нест ва дар озодӣ ба сар мебарад, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳасан даҳ рӯз пас аз боздошташ кушторро ба гардан гирифтааст". Ва баъдан, “гуфтааст, ки ин корро гуё бо ман кардааст. Лекин дар охир исбот шуд, ки мо накардем. Ба муфаттишоне, ки қотили асосиро пайдо карданд, ташаккур мегӯем”, - гуфт ӯ.
Риштае, ки парвандарро дигар кард
Парванди қатли Дмитрий Каримовро ҳоло Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиш мекунад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, нафаре, ки ҳоло дар қатли Каримов айбдор мешавад, ҳангоми истифодаи телефони гумшудаи ин нафари кушташуда боздошт шудааст.
“Нафаре, ки ҳоло тафтишот қотили асосӣ эътироф шудааст, телефони Дмитрий Каримовро ба як нафар мефурушад. Ӯ чанд моҳ пас телефонро ба кор даровард ва аз рӯйи ин телефон ва дигар далелҳо ӯ боздошт шуда, Ҳасан Ёдгоров аз боздошт раҳо шуд”, - гуфт як манбаи наздик ба тафтишот.
Феълан кори чанд корманди оперативӣ ва муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода аз ҷониби Додситонии кулл тафтиш мешавад. Суоли аслӣ ин аст, ки онҳо бо истифода аз кадом роҳ эътирофи Ҳасан Ёдгоровро ба даст оварданд.
Дар ҳамин ҳол, Султон Саидзода, муфаттиши Додситонии шаҳри Турсунзода, ки тоза корро дар ин шаҳр оғоз кардааст, рӯзи 13-уми август гуфт, сӯҳбати дубора бо Ҳасан Ёдгоров ва тафтиши далелҳо собит кард, ки ӯ дар ҷиноят даст надорад.
“Мо ин ҳолатро ошкор кардем ва парвандаро барои тафтиши минбаъда прокуратураи генералӣ ба ӯҳда гирифт. Мо вақте омадем, 20 рӯз кор кардем ва ҳамон Ҳасанро вобаста ба ҳолати кор пурсидем. Далелҳои дигар пайдо шуд, ки ҷиноятро дигар кас содир кардааст ва ин нафарро озод намудем”, - гуфт ӯ.
Ин муфаттиши Додситонии шаҳри Турсунзода гуфт, бо далели сирри тафтишот аз нафаре, ки ҳоло дар куштори ноябри соли 2017 айбдор шудааст, ном бурда наметавонад.
Манобеи тафтишотӣ бо ин ки ҷузъиёти бештари ин парвандаро боз намекунанд, мегӯянд, зоҳиран куштори Дмитрий Каримов ба хотири ба даст овардани чизу чораи ӯ анҷом шудааст.
Хато ё далелҳое, ки муфаттишро ба роҳгумӣ мебарад
Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки худиқрории Ҳасан Ёдгоров кормандони онҳоро ба иштибоҳ бурдааст ва аз шарҳи тафсилоти бештар худдорӣ карданд.
Ёдгорову Худойназаров, ки ду моҳ пеш ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ шудани худ тан дода буданд, озодиву сафед шудани худро як тасодуфи мусбате медонанд, ки дар сарнавишти онҳо рух додааст. Вале ҳуқуқшиносон мегӯянд, қазияи онҳо баёнгари чанд мушкил дар системаи тафтишу таҳқиқи ҷиноят аст, ки бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандон имкон надорад ва ҳар як нафар ҳақ дорад тавассути додгоҳу кумаки ҳуқуқшиносон барои барқарор шудани адолат мубориза барад. Аммо бархе корафтодаҳо, мисли ин ду сокини Турсунзода мегӯянд, дар баробари фишору шиканҷа худро ҳақиру нотавон эҳсос мекунанд ва худро дар ҳолате дарёфтанд, ки ба гардан гирифтани ҷинояти содирнашуда назар ба талош ба исботи бегуноҳӣ барои онҳо безарартар аст.
Фахриддин Ҷамолов, як муфаттиши бознишаста мегӯяд, чунин ҳолат дар тафтишот хеле кам рух медиҳад ва агар ҳам рӯй диҳад, ё аз бетаҷрибагии муфаттиш аст ваё бо сабаби ин ки далелҳои ишоракунанда ба гунаҳкории ҳамин як нафар бештар мешавад.
Ӯ гуфт, “ҳамаи қотилон худро бегуноҳ медонанд. Далеҳое, мисли як соат пеш аз куштор бо ӯ будан ва дар як мошин то ҷое рафтан муфаттишро маҷбур мекунад, ки як нафарро айбдор бидонад. Гоҳо иқрор шудан ё нашудани айбдоршаванда муҳим нест. Далелҳо, изи ангушт, шоҳидон ва асбоби бо он ҷиноят содиршуда кифоя аст, ки ӯро айбдор эътироф кунанд”.
Ин муфаттиш гуфт, ҳолатеро дар ёд дорад, ки аввали солҳои 1990 дар вилояти Суғд гурӯҳеро дар куштор айбдор донистанд ва танҳо пас аз як соли боздошт бегуноҳии онҳо собит шуд ва қотили аслӣ боздошт шуд.
Соли 2017 дар шаҳри Турсунзода ҷасади сӯхтаи як духтари ноболиғ пайдо шуда буд. Дар аввал мақомот онро худкушӣ донистанд, вале тафтиши Додситонии кулл собит кард, ки ин духтари ноболиғ аз ҷониби ду ҳамсинфаш кушта шудааст. Дар натиҷа ин ду нафар боздошт ва зиндонӣ шуданд.
Бо ин вуҷуд, қонунҳои Тоҷикистон барои дар ҳабс нигоҳ доштани шахсе, ки бегуноҳ мебошад, ҷубронпулӣ муайян кардааст ва нафарони озодшуда аз шубҳаву гумон ҳақ доранд барои ҷуброн шудани хисороти маънавиву равонии худ ҳақ талаб кунанд. Дар ин замина Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 23-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки барои талаби ҳақ ва ҷубронпулӣ даъвогарон бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Шоҳиён гуфт, ки чунин муроҷиатҳо дар соли ҷорӣ ба додгоҳҳои Тоҷикистон ворид нашудааст.