Дар Тоҷикистон дар бахши риояи ҳуқуқи башар мушкилоти муайяне вуҷуд дорад, ки аз матраҳ шудани онҳо ҳатто ҳомиёни ҳуқуқ худдорӣ мекунанд. Онҳо аз он ҳарос доранд, ки ин масоил барояшон дарди сар эҷод мекунад.
Сохтори санҷишии тиббӣ набояд мақоми давлатӣ дошта бошад. Баръакс, бояд мутахассисони ҳирфаӣ бошанд, ки тавонанд дар додгоҳ озодона бигӯянд, шахс мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Аз ҳимояи ҳуқуқи кӣ худдорӣ мекунанд?
Дар миёни чолишҳои аслии ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон – парвандаҳои марбут ба аъзои созмонҳои мамнӯи мазҳабӣ ва аҳзоби сиёсӣ, ҷангҷӯёни бозгашта аз Ироқу Сурия ва ҳам шаҳрвандоне мебошад, ки аз дасти мақомдорон ваё раҳбарон дар минтақаҳо зарар дидаанд. Ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки аз ҳимояи ҳуқуқи ин бахши шаҳрвандон огоҳона худдорӣ мекунанд.
Нигина Баҳриева, раиси бунёди ҷамъиятии "Нотабене" дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо телевизиони “Настоящее Время” гуфт, “бисёр шудааст, ки созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи пуштибонӣ аз озодии виҷдон ва мазҳаб озмунҳо эълон мекунанд. Вале тақрибан ҳеҷ як нафар омода намешавад, ки барои гирифтани чунин грантҳо мубориза барад, чунки ҳеҷ яке аз онҳо худро дар анҷоми ин кор озод эҳсос намекунад. Онҳо намедонанд, ки дар кадом ҳолат инсонро метавонанд дар гуноҳе айбдор ва ба ҷавобгарӣ бикашанд”.
Ҳомиёни ҳуқуқ аз таҷрибаи худ мегӯянд, ки дар додгоҳҳо исбот кардани ин ки шахс аз ҷониби ходимони ҳифзи қонун мавриди муносибати бад ваё шиканҷа қарор гирифтааст, хеле сахт аст.
"Санҷиши тиббӣ набояд мақоми расмӣ дошта бошад"
Нигина Баҳриева гуфт, “пеш аз ҳама бояд як системаи барпо кардани санҷишҳои мустақилу бетараф фаъол шавад. Сохтори санҷишии тиббӣ набояд мақоми давлатӣ дошта бошад, балки бояд мутахассисони ҳирфаӣ бошанд, ки тавонанд дар додгоҳ озодона бигӯянд, шахс мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Додгоҳҳо бояд инро ҷиддӣ бигиранд. Чизи дуюм ин аст, ки бояд як сохтори давлатие бошад, ки аз сохторҳои дигари қудратии гумонбар дар шиканҷа ҷудо ва мустақил бошад”.
Дар нишасти ҳомиёни ҳуқуқ дар Душанбе, ки рӯзми 10-уми декабр баргузор шуд, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони мақомоти Тоҷикистон роҷеъ ба масоили зиёд сӯҳбат карданд. Яке аз ин масоил – ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд буд, ки бар пояи иттилои расмӣ дар пайи пахши он 23 зиндонӣ ва 2 зиндонбон кушта шуданд. Иттилои ғайрирасмӣ шумори қурбониёнро даҳҳо нафар мегӯяд.
"Ҳукумат бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ кунад"
Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, “ҳукумат метавонад дар баррасии ин масоил намояндагони созмонҳои ҷамъиятиро низ ҷалб кунад, то ки онҳо ҳам бо вазъи воқеӣ аз наздик шинос шаванд. Ин ба он хотир зарур аст, ки мақомот барои шароите, ки зиндониҳо доранд, масъулият эҳсос кунанд.”
Зимнан, Коверт ва дигар раҳбарони сохторҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик тақозо карданд, ки таҳқиқи ошӯб дар зиндони Хуҷанд одилона ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.
Дар нишасти бахшида ба масоили ҳуқуқи башар инчунин масъалаи дастрасии озоди сокинон ба вебсайтҳои хабарӣ матраҳ шуд. Баъди анҷоми ин нишаст сохторҳои дипломатии кишварҳои ғарбӣ нигаронии ҷомеаи байналмилалиро аз масдудшавии дастрасӣ ба вебсайтҳои Радиои Озодӣ ва оҷонсии “Азия-Плюс” ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ баён карданд.