Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Лӯхтакҳои Осия то ҳол чашм ба роҳи ӯянд


Бо вуҷуди гузашти 20 рӯз аз ғайб задани Осияи 5-сола мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз дар ҷустуҷӯи ӯ пешрафт накардаанд.

о гузашти қариб се ҳафта аз нопадид шудани Осияи 5-сола, сокинони чанд бинои истиқоматӣ дар хиёбони Айнӣ рӯзи 26-уми август дар ҷаласае бо мақомоти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор карданд, ки дар саросари гузар дурбинҳои назоратӣ насб шавад.

То ҳанӯз бенишон будани Осия сокинони ин минтақаро нигарон кардааст ва падару модарон аз гум шудани кӯдакони дигар дар ин маҳалла дар ҳаросанд. Осия, ки дар санадҳояш Сабоҳат Диловарова номида мешавад, рӯзи 8-уми август аз ҳавлии бинои 32/1-и хиёбони Айнӣ нопадид шуда буд. Аз ҳамин ҷо рӯзи 25-уми марти соли 2013 Малика ва Сабина Араловаҳо низ гум шуда, то ҳоло аз онҳо нишоне ба даст наомадааст. Бинои мазкур ба ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон тааллуқ дорад ва ҳарчанд атрофаш панҷара гирифта шудааст, вале гум шудани се кӯдаки 5-сола аз ин ҷо падару модаронро дар тамоми Душанбе нороҳат ва нигарон кардааст.

Лӯхтакҳои Осия то ҳол чашм ба роҳи ӯянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

​ақомоти интизомӣ дар пайдо кардани Осия, Малика ва Сабина ба ҳеч гуна муваффақияте даст наёфтаанд ва сокинони бино изҳори норозигӣ мекунанд, ки то кунун дар маҳалли зисти онҳо дурбинҳои назоратӣ насб нагардидаанд. Онҳо дигар аз тарс намегузоранд, ки кӯдаконашон бидуни онҳо ба кӯча бароянд.

Гум шудани Осия кӯдаконро ҳам ба ваҳшат овардааст. Сабрина, ки 12 сол дорад ва дар ҳамин бино зиндагӣ мекунад, мегӯяд, Осияро хуб мешинохт ва сахт пазмонаш шлудааст: «Осия хеле духтари зирак ва хуб буд, доим ҳамроҳ дар берун бозӣ мекардем. Мо ӯро ҳатто «Мишутка» ном мебурдем. Ҳарчанд дар синну сол ӯ аз мо хеле хурд аст, аммо мо ӯро дар рӯзҳои таваллуд ҳам даъват мекарем, чун хеле ба мо маъқул буд. Ӯ ҳаргиз одамони бегонаро ба наздаш наздик омадан намемонд. Мабодо агар нафаре назадаш мерафт, вай садо баланд мекард ва холаашро ҷеғ мезад. Мо аз гум шудани ӯ хеле зиқ шудем

Ба гуфтаи Сабрина, ҳамакнун ӯ бидуни зарурат ва бе иҷозаи волидайн берун намебарояд ва дилаш бозӣ кашад ҳам, мунтазири он мемонад, ки кай саҳни бино серодам мешавад. Дар ҳамин ҳол, пайвандони Осияи 5-сола мегӯянд, ки то ҳанӯз аз ҷигарбандашон хабаре надоранд ва ҳар рӯзро бо интизори шунидани хабари хуше шом мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, бо нопадид шудани Осия онҳо хобу хӯрро фаромӯш кардаанд ва танҳо ваъдаи мақомоти пулис дар мавриди пайдо кардани ҷигарбандашон умедашонро зинда медорад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои пайдо кардани Осияи 5-сола гурӯҳи махсус таъсис шудааст. Гуфта мешавад, гурӯҳи ҷустуҷӯӣ, ки аз ҳисоби кормандони бахши кофтукови ҷиноӣ таъсис ёфтааст, тамоми фарзияҳоро ба баррасӣ гирифтааст.

Осия соатҳои 11-и рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ, гум шуд. Осия ягона духтари Назира Диловарова аст, ки дар танҳоӣ духтарашро ба воя мерасонд, зеро ҳанӯз қабл аз таваллуди ӯ аз шавҳараш ҷудо шудааст. Назира, ки 29 сол дорад, дар яке аз ороишгоҳҳои пойтахт кор мекунад.

XS
SM
MD
LG