Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабоҳати 5-соларо то кунун пайдо накардаанд (ВИДЕО)


Осия ва ё Сабоҳат Диловароваи 5-сола рӯзи нопадид шуданаш ҳамин пироҳанро дар тан доштааст.
Осия ва ё Сабоҳат Диловароваи 5-сола рӯзи нопадид шуданаш ҳамин пироҳанро дар тан доштааст.

Бо гузашти тақрибан 10 рӯз аз нопадид шудани Сабоҳат Диловароваи 5-сола аз Душанбе, мақомоти интизомии Тоҷикистон ва волидонаш ҳеҷ нишонае аз ӯ пайдо накардаанд.

Назира Диловарова, модари Сабоҳат, ки аксарият ӯро Осия ном мебаранд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ нишоне аз ҷигарбандаш пайдо накардааст ва мақомоти интизомӣ ҳам ба ӯ гуфтаанд, ки ҷустуҷӯро идома медиҳанд. Назира Диловарова, рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми шарҳҳро пурсуҷӯ кардааст ва то ба ноҳияҳои Ваҳдат ва Файзобод рафта, суроғи духтарашро пурсидааст, аммо касе дар бораи ӯ чизе намедонад.

Назира, ки зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мегирист, аз кори мақомоти интизомӣ изҳори ноқаноатмандӣ кард ва гуфт: “Ман намедонам, ки онҳо чӣ гуна ҷустҷуҷӯ мекунанд, гӯё Тоҷикистон Америка бошад, ки духтарамро намеёбанд.”

Ба гуфтаи Назира баъзе аз ҳамсояҳо ҳам бар ҷустуҷӯи духтараш мадад мерасонанд, аммо дастгирии зиёде аз атрофиёнаш надидааст. Модари Сабоҳати 5-сола афзуд, ки падари духтараш ва хонаводаи ӯ ҳам аз сарнавишти Сабоҳат хабардоранд ва ӯро меҷӯянд. Осия ягона духтари Назира Диловарова аст, ки танҳо духтарашро ба воя мерасонд, зеро қабл аз таваллуди ӯ Назираи 29-сола аз шавҳараш ҷудо шудааст.

Осия, ки дар санадҳои расмиаш бо номи Сабоҳат Диловарова сабт шудааст, соатҳои 12-13 аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1 воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе гум шуд ва аз ҷое, ки Малика ва Сабинаи 5-сола низ 25-уми марти соли 2013 гум шуданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест. Хонаи Малика ва Сабина дар ошёнаи 1-ум буд ва хонаи Назира Диловарова дар табақаи 8-ум аст.

Модари Осия мегӯяд, ки рӯзи нопадид шудани духтараш сари кор буд ва Осияро холааш нигоҳубин мекард. Ба қавли холааш, худаш мехост, Осияро ба ҷойи кораш барад ва ба ӯ гуфт, ки то ҳаммом карданаш мунтазир бошад. Вақте аз хона берун омад, дигар аз Осия дараке набуд ва ба ҷустуҷӯи ӯ пардохт. Баъди ҷустуҷӯи бенатиҷа холааш ба модари Осия тамос мегирад ва ӯ соати 16 ба маъмурони милиса муроҷиат мекунанд.

Нопадид шудани як се духтари 5-сола ва аз як маҳалла ва дар муддати камтар аз якуним сол, бахусус сокинони хиёбони Айниро ба ваҳшат андохтааст, ҳарчанд дар дигар гӯшаҳои Душанбе аз нопадид шудани ин духтар бисёриҳо хабар надоранд. Ҳамсояҳо мегӯянд, мумкин аст, Осия раҳгум зада бошад ва ба хотири пулу мол рабудани ин тифл ҳам аз эҳтимол дур аст, зеро хонаводаи Назира Диловарова, хонаводаи сарватманд нестанд.

Худи пайвандони Осия мегӯянд, баъд аз гум шудани Маликаву Сабина ба ӯ ёд доданд, ки рақами хонаашон чанд аст ва дар куҷо зиндагӣ мекунад ва ӯ духтари зираке буд ва ҳамаи нишонаҳоро медонист. Айни замон эълон дар бораи гум шудани Сабоҳат дар гӯшаҳои мухталифи Душанбе насб шудаанд, вале то кунун касе ба модари Осия хабаре дар бораи духтараш надодааст.

Аз онҳое, ки Осияро дидаанд, хоҳиш кардаанд, ки ба ин 919 292 473, 904 400 077 тамос бигиранд. Бедарак шудани се тифл аз як маҳалла дар тӯли бештар аз як сол, бешак вазорати умури дохилиро таҳти фишор қарор хоҳад, ки ба суолҳо дар бораи бедарак шудани кӯдакон дар ин кӯчаи марказии шаҳри Душанбе посух бигӯяд. Ҳарчанд вазорати умури дохилии Тоҷикистон то кунун дар бораи ин расман чизе нагуфтааст.

Ҷое ки Осия, Малика ва Сабина гум шуданд, чӣ ҷоест?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

XS
SM
MD
LG