Насби эълонҳо дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе дар бораи ғайб задани Осияи 5- сола, кӯшиши наздикон ва амалиёти ҷустуҷӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ то кунун натиҷа надодаанд. Мумкин аст, ба зудӣ аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълони нопадид шудани Осияро намоиш диҳанд, аммо ба қавле яке аз муфаттишони ноҳияи Шоҳмансур, “ҳоло нисфи ҷумҳурӣ дар андешаи пайдо кардани Осия” ҳастанд.
Осия Диловарова рӯзи 8-уми август соати 11-и нисфирӯзӣ аз назди хонаашон дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт, нопадид шуд. Ба қавли яке аз пайвандони ин хонавода, ки нахост номаш бурда шавад, холааш, мехост, Осияро ба ҷойи кори модараш барад ва ба ӯ гуфт, ки то ҳаммом карданаш мунтазир бошад. Вақте аз хона берун шуд, дигар аз Осия дараке набуд ва ба ҷустуҷӯи ӯ пардохт.
Ин мусоҳиби мо гуфт: «Ӯ духтари нозпарвари хонадон буд. Вақте холааш ба ҳаммом медарояд Осия худаш либосҳояшро пӯшида, ба берун мебарояд. Обфурӯши назди бино ӯро дидааст ва гуфт, Осия ба наздаш омад ва як сомониро дароз карда, об пурсид. Аммо обфурӯш мегӯяд, ки дар як сомонӣ об намешавад. Баъди ин дигар ҳеҷ кас ӯро надидааст. Ӯро чунин тарбият карда буданд, ки ҳаргиз бо ваъдаи чизе бо нафари бегона ҳеҷ куҷо намерафт. Баъд аз он ки Сабина ва Малика гум шуданд, модараш ба Осия фаҳмонда буд, ки агар мабодо роҳгум занад, бинои хонаашон пушти “Садбарг” дар 8-ум ошёна аст. Яъне вай тамоми нишонаҳоро медонист.»
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, вақте холааш ӯро пайдо намекунад, соати 16 - и баъд аз зӯҳр ба модари Осия - Назира Диловарова хабар медиҳад ва баъд аз ин онҳо ба маъмурони милиса муроҷиат мекунанд. Назира Диловарова, ки 29 сол дорад, дар яке аз ороишгоҳҳои пойтахт кор мекунад. Падари Осия ҳанӯз қабл аз таваллуди фарзандаш дар соли 2009 аз Назира ҷудо шуда, боре ҳам духтарашро суроғ накардааст. Назира бо ҳамроҳии падару бародар ва янгааш дар кӯчаи Айнӣ 32/1 ба сар мебарад. Ҳамон биное, ки наздик ба якуним сол пеш Малика ва Сабина Араловаи 5-сола ҳам ғайб заданд ва то кунун мақомоти интизомии Тоҷикистон нишонаеро аз онҳо пайдо накардаанд.
Нопадид шудани духтари ягонааш Назираро ваҳшатзада кардааст ва ӯ гуфт, мақомоти интизомӣ барои халал ворид накардан ба рафти ҷӯстуҷӯ сӯҳбат бо хабарнигоронро барояш иҷозат надодаанд. Назира бовар дорад, ки шояд Осия раҳгум зада бошад ва касе ӯро пайдо кардаву ба манзилаш бурдааст. Ҳамсояҳои Назира Диловарова бо ҳадафи хусумат ва ё барои пулу мол рабуда шудани Осияро аз эҳтимол дур медонанд, чун ба гуфтаи онҳо, ин хонавода ба касе кор надорад ва сарватманд низ нест.
Раъно, яке аз ҳамсояҳозанҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «Осия доим бо духтари ман бозӣ мекард. Хеле зираку чаққон аст. Вай доим дар берун бозӣ мекард, ҳатто рӯзи пеш аз гум шуданаш ҳам то бегоҳ дар берун буд. Вақте Сабинаву Малика гум шуданд, мо то дер вақт ваҳшатзада будем. Фарзандонамонро ба кӯча даст ба даст бурда меовардем, нав каме нафаси осуда кашида будем ва кӯдакон озодона дар берун мегаштанд. Акнун боз аз онҳо дар тарсем.»
Раъно мегӯяд, хонаи Малика ва Сабина дар ошёнаи 1-ум буд ва хонаи Назира Диловарова дар табақаи 8-ум аст. Малика ва Сабина Аралова, ки ҳарду ҳам 5-сола буданд, 25-уми марти соли 2013 гум шуданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест. Нигина Аралова, модари Сабина, ки баъд аз гум шудани фарзандашон, аз ин маҳал ба дигар ҷой кӯчидааст, рӯзи 10-уми август дар бораи таҳқиқи парвандаи нопадид шудани Малика ва Сабина гуфт, ки мақомоти интизомӣ чанде пеш ба онҳо гуфтаанд, ки фарзандонашон бояд дар Тоҷикистон бошанд, вале иттилои аз ин бештар надоранд. Алиакбар Абдуллоев, муфаттиши собиқ мегӯяд, дар сурати пайдо накардани кӯдакон ин эҳтимол ҳаст, ки онҳоро ба хориҷ аз кишвар бурда бошанд:
«Агар кӯдакони гумшуда дар қаламрави Тоҷикистон бошанд, органҳои умури дохилӣ ҳамин гуна қудратеро доранд, ки онҳоро пайдо кунанд. Зеро дар ҳама ноҳия ва рустоҳо нозирони минтақавӣ ҳастанд ва чизе аз мадди назари онҳо дур монда наметавонад. Гурӯҳи ҷустуҷӯӣ нақша мекашад, роҳбарият дар ҳар даҳ рӯз ҳисоботашонро мешунавад. Вале чун пайдо накарданд, пас онҳоро берун аз қаламрави Тоҷикистонанд. Ҳоло гурӯҳҳои муташакилли ҷиноӣ вуҷуд доранд, ки метавонанд аз дигар роҳҳо кӯдаконро аз дохил ба хориҷ баранд. Ин ҷо боз ҳамон фасод нақш дорад. Ба хориҷа онҳоро ё барои фурӯш ба хонаводаҳои бефарзанд ва ё барои узвҳои дарунӣ мебаранд. Мақомоти интизомӣ, вазорати маориф ва Кумитаи ҷавонон барои ҷилвагирӣ аз чунин ҳодисаҳо бояд аз қабл чораандешӣ кунанд ва набояд мунтазир бошанд, ки кай чунин ҳодиса мешавад. Чун вақте ин гуна ҳодисаҳо зиёд мешавад, аллакай, бонги хатар аст. »
Дар нишасти хабарии ахир вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаи ғайб задани ноболиғон ҳам сӯҳбат кард ва гуфт, ки аз 167 ноболиғе, ки дар нимсолаи аввал нопадид шуданд, 164 нафари онҳоро пайдо кардаанд. Бедарак шудани се тифл аз як маҳалла дар тӯли бештар аз як сол, бешак вазорати умури дохилиро таҳти фишор қарор хоҳад, ки ба суолҳо дар бораи бедарак шудани кӯдакон дар ин кӯчаи марказии шаҳри Душанбе посух бигӯяд. Аз онҳое, ки Осияро дидаанд, хоҳиш кардаанд, ки ба ин 919 292 473, 904 400 077 тамос бигиранд.