Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли пуртаҳаввулот: аз интихобот то қонуни "Пешвои миллат"


Баъди ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 4 сентябри соли 2015 дар саҳни тирандозӣ дар маҳаллаи Гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе
Баъди ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 4 сентябри соли 2015 дар саҳни тирандозӣ дар маҳаллаи Гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Дар таърихи навини Тоҷикистон соли 2015 як марҳилаи хеле пуртаҳаввулот буд.

Дар таърихи навини Тоҷикистон соли 2015 як марҳилаи хеле пуртаҳаввулот буд. Моҳи март дар интихоботи парлумонии кишвар барои нахустин бор ба узвияти маҷлис ҳеҷ як аз аҳзоби аслии мухолифин роҳ наёфт ва нозирони байналмилалӣ онро муносиб ба меъёрҳои интихоботи демократӣ дарнаёфтанд. Вале таваҷҷӯҳи аслии матбуот баҳори соли 2015 ба ҳодисаи куштори раҳбари созмони мамнӯъшудаи «Гурӯҳи 24» дар шаҳри Истамбул равона шуд. Умаралӣ Қувватов дар шароити мармуз аз ҷониби ҳамлагари ношиносе ба қатл расид ва наздиконаш ин кушторро бо фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт доданд.

Дар пасманзари ин таҳаввулот соли 2015 нигаронии мақомот ва ҳам ҷомеа ба пайвастани 500 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи тундгарони «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ афзоиш ёфт. Яке аз онҳо полковники гурӯҳи таъйиноти махсус Гулмурод Ҳалимов буд, ки ин ҳодиса, аз назари таҳлилгарон, ба обурӯи сохторҳои қудратии Тоҷикистон зарбаи шадиде зад. Дар натиҷа, дар сиёсати давлат масъалаи амният авлавият пайдо кард ва мақомот маъракаи таблиғотии зидди тундгароӣ ва сӯҳбатҳо бо мардум ба хотири гирифтани пеши роҳи сафари ҷавонон ба Сурияву Ироқро ба роҳ монданд. Баҳору тобистон, бо тавсеаи ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати Яман, бо қарори ҳукумат аз қаламрави ин кишвар садҳо корманди тиби тоҷик баргардонида шуданд.

2015 - соли пуртаҳаввулоти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва аҳли оилаашон бо ҳавопаймоҳои русӣ нахуст ба Маскав ва аз он ҷо ба Душанбе интиқол ёфтанд. Наздики тобистон сохторҳои давлатӣ ба тафтиши кори созмонҳои ҷамъиятӣ шурӯъ карданд. Мақомот гуфтанд, ҳадаф шаффофтар шудани кори 2500 созмон аст, ки дар соли 2014 барои пружаҳои худ аз хориҷ 4,5 миллиард сомонӣ маблағ дарёфт карданд. Мунаққидон ҳадафи асосии санҷишҳоро назорати кори мудофеони ҳуқуқи инсон арзёбӣ карданд. Сентябри соли 2015 Тоҷикистонро ҳодисаҳои мусаллаҳонае такон дод, ки мақомот онро исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои кишвар унвон карданд. Ҳизби Наҳзати Исломиро масъули ин ҳамлае, ки боиси кушта шудани 14 ходими ҳифзи ҳуқуқ ва даҳҳо шӯришӣ гардид, номида, ҳизбро террористӣ ва мамнӯъ эълон карданд.

Коршиносон мегӯянд, фазои сиёсии Тоҷикистон дар соли 2015 маҳдуд шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, таҳаввулоти сиёсии мазкур дар кори матбуоти мустақим инъикос шуд ва аксар нашрияҳо ба худсонсурӣ гузашта, аз танқиди сиёсӣ даст кашиданд. Вале танқиди иҷтимоӣ, ба қавли профессор Иброҳим Усмонов, ҳамоно ҷой дорад. Дар охирҳои сол ҳукумат дар бораи қабули барномаи нави ташкили беш аз 300 ҳазор ҷои нави корӣ барои сокинони Тоҷикистон хабар дод. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон дурнамоест, ки таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои кориро дар давоми ду соли оянда дар назар мегирад.

Ба андешаи таҳлилгарон, ҳодисаи марги мармузи тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар як идораи полиси шаҳри Санкт-Петербург моҳи октябр дар Тоҷикистон ва берун аз он вокунишҳои манфӣ овард, президент Раҳмон таҳқиқи мунсифонаи онро аз Русия тақозо кард. Ин қазия, ба бовари коршиносон, ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми тоҷик хизмат кард. Дар охири сол таваҷҷӯҳи ҷомеа ба қонуни нави парлумон дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат” эълон шудани Эмомалӣ Раҳмон ҷалб шуд. Ин қонун дар сурати тасвибаш аз ҷониби президент, ба раиси ҷумҳурии амалкунанда имкон медиҳад, ки як умр муҳимтарин шахси тасмимгиранда дар сиёсати хориҷиву дохилии кишвар боқӣ бимонад.

XS
SM
MD
LG