Наздикони Сулаймон Қаюмов, сокини ноҳияи Восеъ, аз гумонбарони аслӣ дар куштори Умаралӣ Қувватов -- раҳбари "Гурӯҳи 24" аз пешниҳоди додситони Туркия барои ҳабси абади ӯ норозигӣ карданд. Аммо Раҳмон Қаюмов, бародари Сулаймон, рӯзи 2 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ҳимоят аз ӯ сармояи кофӣ надоранд ва дар ҳоли ҳозир ҷуз аз "таваккал ба Худо" кори дигар аз дасташон намеояд.
Қаюмов, ки аз номи аҳли хонаводаашон сӯҳбат мекард, талаби додситони Туркияро "беадолатона" номид. Ӯ гуфт, "Сулаймон дар куштори Умаралӣ Қувватов даст надошта", танҳо ба қавли ӯ гуноҳаш ин будааст, ки дар рӯзи марги падари худ Қувватову дигаронро барои фотиҳахонӣ ба манзилаш дар Истамбул даъват кардааст.
"Ду ҳафта пеш аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои даркорӣ дар бораи Сулаймонро ҷамъ орем. Мо аз ҷамоат санади марги падарамонро ҳам гирифтем, ки ба ҳамон рӯзи куштори Қувватов рост меояд. Ин гап ҳақиқат дорад, ки Сулаймон Қувватовро барои фотиҳахонӣ ба хонааш даъват кардааст, аммо накуштааст," -- афзуд Раҳмон Қаюмов.
Иддаое, ки пайвандони Умаралӣ Қувватов қабул надоранд ва аз моҳи март, замони куштори Қувватов, то кунун Сулаймон Қаюмовро аз гумонбарони аслӣ дар куштори раҳбари "Гурӯҳи 24" медонанд. Пулиси Туркия низ чанде аз муттаҳамонро аз боздошт раҳо карда, танҳо Қаюмовро паси панҷара нигоҳ медорад.
Нашрияҳои Туркия рӯзи 31 июл хабар доданд, ки муфаттиши парвандаи куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24", барои гумонбари қатл ҳабси абад талаб кардааст. Нашрияи "Aksam"-и чопи Туркия гуфт, додситони бахши мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Истамбул дар мурофиаи додгоҳии муттаҳамони қатли Умаралӣ Қувватов аз додгоҳ хост, барои гумонбари қатл шаҳрванди Тоҷикистон – Сулаймон Қаюмов ҳукми ҳабси абад дар зиндони низомаш шадид ва барои 5 муттаҳаме, ки ба қатл рабт доштаанд, аз 1,5
то 4,5 соли зиндон ҳукм содир кунад. Дар хабар гуфта мешавад, ки иҷрокунандаи асосии ҳукми қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Сулаймон Қаюмов буда, дигарон дар иҷрои ин ҳукм барояш ёрӣ кардаанд.
Нашрияи "Ватан"-и чопи Истамбул ҳам навишт, ки додситон Муҳаммад Чиной Бойгин аз додгоҳ хостааст, қотили асосӣ ба ҳабси абад ва шариконаш ба 1,5 то 4,5 соли зиндон маҳкум шаванд. Аммо ин нашрия аз Сулаймон Қаюмов ба ҳайси қотил ном набурда, танҳо ба нақши ӯ дар ҳалокати Умаралӣ Қувватов ишора кардааст.
Дар хабари "Аксам" ҳамчунин гуфта мешавад, ки 5 муттаҳами дигар – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Туркия хориҷ шудаанд.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони “Гурӯҳи 24“ рӯзи 5 март дар шаҳри Истамбул аз тири ҳамлагаре ба қатл расид. Ин ҳодиса дар ҳузури ҳамсар ва ду писари Қувватов рӯй дод. Шоҳидон мегӯянд, ки шаби кушта шудани Қувватов худи ӯ ва аъзои хонаводааш дар меҳмонии Сулаймон Қаюмов дар Истамбул буданд ва баъди истеъмоли ғизо, эҳсос карданд, ки заҳролуд шудаанд. Онҳо ба берун баромада хостанд ба хонаи худ баргарданд, вале қотил дар хиёбон ба Қувватов наздик шуда тир кушод. Оила ва
тарафдорони Қувватов ин кушторро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, раҳбари "Гурӯҳи 24" барои фаъолиятҳои сиёсиаш кушта шуд.
Маълум нест, ки ҳукми ниҳоии додгоҳ дар нисбати муттаҳамон кай содир мешавад.
Дар пай полис дар бораи боздошти чанд шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла Сулаймон Қаюмов хабар дод, ки ба эҳтимоли ғолиб ин ҷиноятро содир кардаанд. Рӯзи 31 июл Шарофиддин Гадоев, яке аз тарафдорони Қувватов гуфт, агар додгоҳ танҳо Қаюмовро ба ҳукми абад маҳкум кунад, одилона намешавад, чунки дигар муттаҳамон “бо иродаи худ ҳамшарики ин ҷиноят” шудаанд. Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов ҳам гуфт, додгоҳи Туркия бояд ба ҳама муттаҳамони ин ҷиноят "шадидтарин ҳукм"-ро раво бинад.
Дар нишасти матбуотии рӯзи 25 июл вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, ки Туркия дар бораи Сулаймон Қаюмов, сокини ноҳияи Восеъ аз мақомоти Тоҷикистон маълумот хост ва онҳо аллакай маводи заруриро дар бораи Қаюмов ҷамъоварӣ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия пешниҳод намудаанд. Оқои Раҳимзода гуфт, ҳоло бар асоси иттилое, ки дастраси онҳост, тафтишот нисбат ба Сулаймон Қаюмов аз сӯи мақомоти Туркия идома дорад ва ҳанӯз қарори мушаххас дар ин замина қабул нашудааст.
Умаралӣ Қувватов, як соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки гуфта мешуд, тиҷорати ширкатҳои бузурги “Тоҷирон” ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, дар соли 2012 тарки кишвар кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолиф ба ҳукумати Тоҷистонро таъсис дод. Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай – ва моҳи декабри соли 2014 – дар Истанбул бо дастури Интерпол дастгир шуд, вале дар ҳарду маврид дархости истирдоди вай ба Тоҷикистон рад шуд.
Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ бо ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш моҳҳои охир дар Истамбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ ба сар мебурд. Танҳо баъди кушта шудани раҳбари “Гурӯҳи 24” зану фарзандони ӯ дар яке аз кишварҳои қораи Амрико мақоми паноҳандагӣ ба даст оварданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»-ро тирамоҳи соли 2014 мамнӯъ эълон кард ва аз он замон то кунун чандин нафарро бо иттиҳоми ҳамкориву узвият бо ин созмон боздошт кард.