Ба соҳибкорон ва соҳибони мағозаву нуқтаҳои фурӯш дар Душанбе тавсия дода мешавад, ки нуқтаҳои тиҷоратии худро ба номи фарзандону набераҳо нагузоранд ва онҳоро "худпараст" накунанд.
Барои ба танзим даровардани номи корхонаву, муассиса ва ширкату мағозаҳо дар Душанбе ахиран як комиссияи махсус таъсис ёфтааст. Яке аз пешниҳодҳои ин комиссия ҳам, ки ҳадаф дорад фарҳанги дурусти номгузориро миёни соҳибкорон тарғиб кунад, истифода набурдан аз номи фарзандон ҳангоми номгузории муассиса ё ширкатҳо аст. Ин тавсия ҳам аслан аз ҷониби намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот ба комиссия пешниҳод шудааст.
Абдураҳими Зулфониён, як масъули ин кумита бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши нуқтаҳое, ки дар шаҳр ба номи кӯдакону наврасон гузошта шудааст, мегӯяд, дар фарҳанги номгузорӣ дар Тоҷикистон як хислати худнамоишӣ ва худпарастӣ ба миён омадааст.
Ба бовари ин масъули Кумитаи забон ва истилоҳот, “мардум ҷое, ки як номи фарҳангӣ ва дар доираи фаъолияти худ мутобиқ интихоб кунанд, фақат худпарастӣ карда, номи кӯдакро интихоб мекунанд. Вақте як мағозаро ба номи кӯдак мегузорӣ, ин ба ахлоқу рафтори ӯ бетаъсир намемонад. Мо бояд тафаккури онҳоро дар доираи забондонӣ ташаккул диҳем, то мисли гузаштаҳо номгузории хирадмандонаро омӯзанд. Масалан, агар нуқтаи фурӯши атр бошад, бояд аттор ё ба номи ягон атр гузошта шавад, на ин, ки Ясмина ё Умеда.”
Ҷаноби Зулфониён мегӯянд, комиссия аз рӯзи 22- юм ноябр санҷишу мулоқот бо соҳибони мағозаву нуқтаҳои фурӯш дар Душанберо шурӯъ мекунад ва дар ин вохӯриҳо ба соҳибкорон аз таъсири на чандон хуби номгузорӣ ба исми фарзанд ҳам хоҳанд гуфт. Мутахассисони комиссияи танзими номҳои нуқтаву фурӯшгоҳҳо мегӯянд, ки ба назди соҳибкорон на бо дасти холӣ, балки бо садҳо номи дигари пешниҳодӣ мераванд.
Зариф Наимов, раҳбари ин комиссия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳар як узви ин гурӯҳи корӣ то 200 ном вобаста ба соҳаҳои мухталиф фикру пешниҳод кардааст ва мо бо ин номҳои пешниҳодӣ назди соҳибкор меравему мегӯем, ки масалан, номи мағозаи худро Умеда ба номи духтарат нагузор ва биё беҳтараш вобаста ба фаъолияти корӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ, номгузорӣ кун.”
Нигаронии Кумитаи забон ва гурӯҳи кории вобаста ба тағйири номи муассисаву фурӯшгоҳҳо аз шеваи нодурусти номгузорӣ ва истифодаи аз ҳад зиёд аз номи кӯдакон ва таъсири он ба тарбия дар ҳолест, ки соҳибкорон мегӯянд, сирф аз рӯйи меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарзандони худ зимни интихоб, ба номи онҳо бартарӣ медиҳанд. Ба бовари онҳо, ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ ба тарбия ва ояндаи фарзанд таъсир намерасонад.
Абдураҳим Манонов, як соҳибкор дар вилояти Хатлон, ки мағозаи хӯрокворӣ дорад ва онро ба номи писараш “Юсуфҷон ”гузоштааст, мегӯяд: “Мағозаи хӯрокворӣ аст, фақат як писар дорам ва хостам номи мағозаро ба номи ӯ монам. Оянда ҳам ин тиҷорат аз ӯ мешавад. Ин ягон кори ғайримаъмули нест. Кӯдак агар дар оила тарбияи хуб гирад, ягон чизе боиси худпарасту бадахлоқ шудани ӯ намешавад.”
Кумитаи забон ва гурӯҳи кории вобаста ба тағйири номи муассисаву фурӯшгоҳҳо аз он нигаронанд, ки шеваи нодурусти номгузорӣ ва истифодаи аз ҳад зиёд аз номи кӯдакон, ба тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад."
Пӯлод Амирбеков, бозоршинос ва роҳбари ширкати таблиғотии «Промоушин» ҳам мегӯяд, агарчи тарафдори интихоби номи мувофиқ ба самти тиҷорат аст, аммо ба қавли ӯ истифодаи номи кӯдак дар мағозаву ширкатҳо баръакс ба боло бурдани шавқу ҳаваси кӯдак ба соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Ба таъкиди Пӯлод Амирбеков, ҳоло зимни номгузорӣ соҳибкорон дар баробари номи худ ё наздиконашон соли таваллудро ҳам илова мекунанд. Ширкатҳои таблиғотӣ мегӯянд, ки соҳибкорон дар воқеъ имрӯз зимни номгузорӣ ба нуқтаҳои тиҷоратии худ, ба номи фарзандону волидонашон бартарӣ медиҳанд. Ин аст, ки айни ҳол кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ пур аз мағозаву фурӯшгоҳҳо бо номҳои занонаву мардона мисли “Ситора”, ”Ясмина”, “Таҳмин”, "Абдулло", "Муҳаммад" ва амсоли ин шудааст.
Соҳибкорон мегӯянд истифода аз номи фарзанд ва номҳои хонаводагӣ дар таҷрибаи соҳибкории ҷаҳон ҳам маъмул аст. Аммо комиссияи махсуси навтаъсис мехоҳад нуқтаву фурӯшгоҳҳо вобаста ба самти фаъолият ва бо истифода аз истилоҳҳои дигари зебо номгузорӣ шаванд.
Намояндагони комиссия инро таъкид мекунанд, ки қонун ба соҳибкор дар интихоби ном озодӣ додааст ва ӯ ҳаққ дорад исми касеро мехоҳад интихоб кунад. Аммо меафзоянд, пешниҳоди онҳо барои истифода накардан аз номи кӯдакон дар номгузории нуқтаҳои тиҷоратӣ фақат як ҷанбаи тавсиявӣ дорад ва мехоҳанд инро бо роҳи сӯҳбату машварат ба соҳибкорон расонанд.