Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Welcomsugd.tj” сайёҳонро ба шимоли Тоҷикистон мехонад.ВИДЕО


Мақомот дар Суғд мегӯянд, ки имкониятиҳои сайёҳӣ дар ин минтақа ба таври муносиб тарғиб намешаванд. Аҳрорхон Хоҷаев, сармутахассиси раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд дар як нишаст, ки дар Хуҷанд баргузор шуд, гуфт, дар "бозори ҷаҳонии туристӣ яке аз муаммоҳои мо, ин кам будани реклама, суст будани маркетинги соҳаи туризм мебошад ва мо тасмими гирифтем, ки як қадам пеш баромада сомонаро бо забонҳои хориҷӣ таъсис диҳем."

“Welcomsugd. tj” ё Хуш омадед ба Суғд аввалин сомонаест, ки дар шабакаи ҷаҳонӣ минтақаи шимолии Тоҷикистонро ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ муаррифӣ мекунад. Ин сомонаро Иттиҳодияи “Рушди туризми Зарафшон” бо дастгирии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд роҳандозӣ кардааст. Онҳо бовар доранд, ки ин сомона имкониятҳои сайёҳии вилоятро муаррифӣ менамояд.

“Беҳтарин 10 ҷои дидании Тоҷикистон”

Ҷамшед Юсуфов, раиси иттиҳодияи “Рушди туризми Зарафшон” гуфт, ки аввалин суоли бисёре аз сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, ин буд, ки оё саҳифаи интернетие вуҷуд дорад, ки дар бораи Тоҷикистон маълумоти бештар диҳад, аммо мутаассифона ҷои чунин саҳифа холӣ буд.

Соли гузашта Тоҷикистон мизбони 414 ҳазор сайёҳи хориҷӣ буд, ки наздики 235 ҳазори онҳо аз Суғд дидан кардаанд."

Сомона ба 2 забон -- русиву англисӣ буда, саҳифаи аслии он бо навиштаи “Хуш омадед”, сипас, “Беҳтарин 10 ҷои дидании Тоҷикистон” боз мешавад. Сомона дар бораи тартиби вуруду шароити будубош дар Тоҷикистонро маълумот ироа мекунад.

Ҷамшед Юсуфов, раиси иттиҳодияи “Рушди туризми Зарафшон мегӯяд, ки сомона дар бораи боду ҳаво, ширкатҳои туристӣ ва қимати пул маълумот медиҳад. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Юсуфов, ба ғайр аз ин, дар ин сомона дар бораи масофаи байни минтақаҳо, роҳҳои мошингард ва хатсайрҳои маълумот дода мешавад.

Соли гузашта Тоҷикистон 414 ҳазор сайёҳи хориҷиро пазироӣ кардааст, ки наздики 235 ҳазори он аз Суғд дидан кардаанд. Мавзеи аз ҳама ҷаззоб водии Зарафшон маҳсуб меёбад ва аксари сайёҳон кӯҳнавардоне мебошанд, ки мехоҳанд аз қаторкӯҳҳои Фон дидан намоянд.

“Welcomsugd. tj” сайёҳонро ба шимоли Тоҷикистон мехонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Ба қавли намояндагони ширкатиҳои туристӣ, шумораи сайёҳонро метавон боло бурд, агар дар баробари танзими шеваи тарғиб, боз қоидаи вориди саёҳон ба кишвар содда карда шавад. Ба қавли Мирзо Рустамов, мудири кулли ширкати сайёҳии “Суғдиён Помир тур”, барои рушди сайёҳӣ метавонд хатсайрҳои муштаракро ба кишварҳои Осиёи Миёна ҳамон тавр, ки дар замони шӯравӣ буд, ташкил кард.

Чӣ монеи омадани сайёҳон ба Тоҷикистон мешавад?

Мушкили дигаре, ки сайёҳонро аз Тоҷикистон мегурезонад, ин нархи хизматрасониҳо мебошад. Мирзо Рустамов, мудири кулли ширкати сайёҳии “Суғдиён Помир тур” мегӯяд, ки нархи чиптаҳо ба Тоҷикистон ниҳоят ҳам гарон мебошад.

Яке аз монеаҳое, ки сайёҳонро аз Тоҷикистон мегурезонад, ин нархи хизматрасониҳо мебошад."

Ӯ барои муқоиса мегӯяд, ки нархи билети ҳавопаймо ва меҳмонхонаҳо дар ҳамсоякишвари Қирғизистон назар ба Тоҷикистон ба маротиб арзон мебошад ва дар ҷалби сайёҳон ба он кишвар мусоидат мекунад.

Гаронии роҳкиро аз ҷумлаи мушкилотест, ки Тоҷикистонро дар фазои рақобатии минтақа бенасиб мемонад. Баъзан нархҳо дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя 30-40 фоиз қимат мебошанд.

Тибқи маълумоти мақомот, ширкатҳои сайёҳии Суғд дар намоишгоҳҳои байнулмилалии саёҳат ва ҷаҳонгардӣ, ки соли 2017 дар Маскави Русия ва Берлини Олмон мегузаранд, иштирок ва ҷову маконҳои дидании Тоҷикистонро ба хориҷиён шинос хоҳанд кард. Мақомот ин намоишгоҳҳоро як роҳи дигар барои муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии Суғд медонад, аммо шароити мизбонӣ беҳбудӣ металабад.

XS
SM
MD
LG