Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Расми хуби тоҷикон" гум мешавад?


Дар Тоҷикистон ба хотири бештар кардани даромад аз ҳисоби туризм дар минтақаҳои сайёҳии кишвар, меҳмонхонаҳои сарироҳӣ ва ё “ҳостелу” “гестхаузвз”-ро таъсис медиҳанд.

Чунки ба гуфтаи мақомот, дар аксар минтақаҳои сайёҳӣ мардум бинобар меҳмонавозиашон сайёҳони хориҷиро дар хонаашон ҷой дода, аммо аз онҳо пул намегиранд. Аммо дар сурати таъсиси “гестхауз”-ҳо дар хонаҳои мардум ва дар канори роҳҳо, нархи хизматрасонӣ муайян мешавад ва сокинон аз ин ҳисоб метавонанд даромад бигиранд.

Шамсулло Аҳадов, масъули бахши туризми ноҳияи Балҷувон, ки минтақаи туристӣ эълон шудааст, рӯзи 4-ми август дар сӯҳбат ба Радиои “Озодӣ” гуфт, барои ҳар чӣ бештар кардани даромад аз ҳисоби туризм, онҳо миёни мардум корҳои фаҳмондаиҳӣ мегузаронанд.

Вай афзуд, ки “расми хуби тоҷикон ба қавли Турсунзода меҳмондӯстӣ аст. Бархе аз сайёҳон дар хонаи сокинон меистанд ва ба онҳо танҳо чойпулӣ медиҳанд. Аммо ҳоло мо кӯшиш карда истодаем, ки дар ҳама маконҳои қабули меҳмонон, нархномаҳо вуҷуд дошта бошад.”

Ин мақоми ҳукумати ноҳияи Балҷувон гуфт, зарфиятҳои сайёҳии ин минтақа аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ арзёбӣ шуд ва як гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ аз давраҳои омӯзиши қабули сайёҳон гузаштанд. Аҳадов гуфт, ҳоло вазъият тағйир ёфта истодааст ва сокинон ҳатто хару аспҳои худро ба сайёҳон ба иҷора дода, аз ин ҳисоб метавонанд даромад бигиранд.

Боймуҳамад Табаров, хабарнигори маҳаллӣ мегӯяд, мардуми кӯҳистон тибқи одати маъмул меҳмононро ройгон хидмат мерасонанд, дар ҳоле, ки аз ин метавонанд фоида ба даст оранд: “Қабули меҳмони хориҷӣ метавонад як манбаи хуби даромади мардум шавад. Мо бояд дигар анъанаву одатҳои қадимаи худро канор гузошта, дар фикри манфиати худ ҳам бошем. Ин, ки ҳукумати маҳаллӣ мардумро таблиғ мекунад, ки бар ивази пул ба сайёҳон хизмат расонанд, дуруст аст”

Табаров мегӯяд, сокинон бо қабули меҳмонон метавонанд даромад бигиранд ва ё агар инро намехоҳанд, бигузор меҳмононро ройгон қабул накунад ва бигзоранд онҳо аз хизматрасонии меҳмонхонаҳо истифода кунанд. “Ҳоло ҳукумат меҳмонхонаҳои бисёре сохтааст ва агар сайёҳон аз хизматрасонии онҳо истифода кунанд, будҷаи давлат аз ин ҳисоб метавонад даромади хубе бигирад”- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Аммо масъулони бахши туризм мегӯянд, аксарияти сайёҳони хориҷе, ки ба Тоҷикистон меоянд, ба меҳмонхонаҳо чандон таваҷҷуҳ надоранд ва мехоҳанд вақти худро дар канори табиат ва зиндаги мардум оддӣ сипарӣ кунанд.

Руслан Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ гуфт, аз ин ин рӯ, ки ҳоло онҳо ба сокинон тарзи ташкили “Guest house”- (хона барои меҳмонон), ҳостел (меҳмонхонаи сарироҳӣ) ва қабули сайёҳонро бо усули Homestay (қабули меҳмонон дар хона)-ро меомӯзонанд.

Вай афзуд, “аксарияти сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, “сайёҳони саргузаштӣ” мебошанд. Онҳо бисёри вақти худро мехоҳанд наздик бо табиат гузаронда, аз урфу одатҳои миллии мо бархурдор шаванд. Бинобар ташкил додани Homestay, Guest house ва Hostel дар сайрхатҳои асосии сайёҳон, беҳтарин воситаи қабули сайёҳон ва ҷалби сокнони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба кор аст. Ин ҳамчунин як роҳи баланд бардошти сатҳи зиндагии мардум аст.”

Назарзода афзуд, дар хатсайри Бадахшон аллакай 100 манзилҳои сокинон барои қабули сайёҳон дар хонаҳои худ омода аст. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ин қабил хонаҳо ҳамчунин дар водии Зарафшон ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ҳам таъсис дода шудаанд.

Ба иттилои мақомот, дар ним соли ҷорӣ беш аз 163 ҳазор нафар сайёҳ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки аз он кишвар тақрибан 81 миллион доллар фоида дидааст.

XS
SM
MD
LG