Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобо шудани Кабирӣ ва асрори зиндагии хусусии сиёсатмадорони тоҷик


Акси соли 2011
Акси соли 2011

Ба фарқ аз Аврупову Амрико, ки ҳаёти арбоби ҷамъиятиаш чун оина ба ҷомиа маълум аст, зиндагии хусусии сиёсатмадорони тоҷик, ба хусус мансабдорон, то ҳол сирре сарбамӯҳр боқӣ мемонад.

Оё иллати чунин “пинҳонкорӣ” чист: Фарҳанги бозмонда аз замони Шӯравӣ, ки ҳар раҳбарро ба мардум на як инсони оддӣ, балки бештар ҳамчун як “фавқулинсон” менамуд? Ахлоқи шарқии мо? Ваё дар чордевори хонаҳои худ дар воқеъ чизе барои пинҳон кардан аз ҷомиа доранд?


Албатта, ба фарқ аз мақомот раҳбарони мухолифин барои матбуот ва ҷомиа бозтаранд ва барои мисол, аз касе пинҳон намонд, ки Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли гузашта писари аввалаш Рӯҳуллоҳ ва дар рӯзҳои Наврӯз фарзанди дувумаш Муҳаммадро хонадор кард. Оқои Кабирӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ мужда дод, ки ахиран соҳиби нахустин набера ва расман бобо шуд: “Ростӣ, чанд ном пешниҳод кардаанд. Якеаш Фараҳноз аст, ки ба худи ман зиёд хуш омад. Вале ҳанӯз интихоби ниҳоӣ накардаем.”


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
Линки мустақим



Кабирӣ 7 фарзанд – 6 писар ва як духтар дорад. Рӯҳуллоҳ донишгоҳи политехникиро хатм карда ва Муҳаммад дар Малайзия таҳсил мекард. Вале баъди садамаи соли гузашта, ки мунҷар ба ҳалокати як кӯдак шуд, Муҳаммадро баъди як моҳи боздошт 40 000 сомонӣ ҷарима баста, аз ҳаққи тарки Тоҷикистон барои як сол маҳрум карданд ва ӯ ба ин далел натавонист имсол таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад.


Ҳар як сиёсатмадор пеш аз ҳама ҳамсар ваё падар ё модар ҳам ҳаст, аммо Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, арбоби ҷамъиятӣ ба далели масруфият ба хонаводаи худ зиёд расида наметавонад: “Албатта, дигар аъзои оила ҳам болои мо ҳаққ доранд: Фарзандон ҳаққ доранд ба падар, ҳамсар – ба шавҳар, падару модар – ба фарзанд ва ҳатто хешу табор ҳаққ доранд, ки мо дар рӯзҳои ғаму шодӣ дар паҳлуяшон бошем. Вале хушбахт онест, ки наздиконаш ӯро фаҳманд ва кумакаш кунанд. Яъне агар натавонист ҳаққи онҳоро саривақт ва дуруст анҷом диҳад, зиёд сахтгирӣ накунанд.”


Вале аксари сиёсатмадорони тоҷик, бахусус онҳое ки сари қудратанд, ҳарими хонаводаҳои худро аз ҷомиа ҳаддалимкон пинҳон мекунанд ва расман ҷое эълон нашуда, ки барои мисол, 9 фарзанд ва домодҳову қудоҳои сершумори раисиҷумҳури Тоҷикистон чанд ширкату чӣ қадар дороӣ ва молу мулк доранд ва оё Рустами Эмомалӣ сармояи лозим барои сохтани тими футболи “Истиқлол”-ро билофосила баъди хатми донишгоҳ аз куҷо гирифт?

5 фарзанди раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров ё 5 фарзанди муовини аввали
акси хонаводаии Раҳмон
акси хонаводаии Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Сафар Сафаров дар куҷо кор ё таҳсил мекунанд ваё ду писари шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев куҷоянд?

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, аз чашми мардум чунин пӯшида будани ҳаёти хонаводагии мансабдорон бештар аз фарҳанги шарқии роиҷ дар ҷомиаи мусалмони Тоҷикистон об мехӯрад, вале аз ин фарҳанг сӯъиистифода низ мешавад: “Инҷо Шарқ аст ва дар Шарқ анъана шудааст, ки ҳаёти ҳокимон дар паси парда бимонад ва ҳар қадар ҳаёти ӯ мармуз бошад, метавон ба осонӣ аз ин ҳоким симои фавқулодда сохт ва сифатҳои фавқулинсониеро ба ӯ нисбат дод. Ва ҳокимон фикр мекунанд, ки чунин сурати ҳол имиҷи онҳоро ба мардум хубтар меқабулонад.

Дини Ислом низ мегӯяд, ки ҳарам, яъне ҳаёти дохили хонавода бояд ба рӯи бақия номаҳрамон пӯшида бошад. Вале ҳоло ин доманаи васеътаре гирифтааст ва аз мардум нафақат зану фарзандон, балки дороиҳои худро ҳам пинҳон мекунанд. Албатта, ҷомиа мехоҳад ва бояд дар бораи ҳаёти ҳокимонаш иттилоъ дошта бошад. Вале он ҷониб инро намехоҳад ва шояд ба ин далел, ки дар чордевори хонаи худ шояд дар воқеъ чизи зиёде барои пинҳон кардан аз мардум доранд. Ва ин хеле бад аст.”


Бо ин ҳол, тавре маълум мешавад, таваҷҷӯҳ дар ҷомиаи Тоҷикистон ба ҳаёти шахсии мардони сиёсиаш кам нест. Каюмарси Ато, сардабири сомонаи “Озодагон” мегӯяд, ин сомона дар пайи нашри аксҳои хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъи фарзандону наберагонаш аз торнамои Fliсkr ва аксҳои фориғ
Раҳматулло Зоиров (акс аз Фейсбук)
Раҳматулло Зоиров (акс аз Фейсбук)
аз кори чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла акси моҳигирии Кабирӣ, акси раиси сотсиал-демократҳо Раҳматуллоҳ Зоиров бо наберааш ва тасбеҳгардонии сухангӯи президент Абдулфаттоҳ Шарифзода – дархости зиёде гирифт, ки чунин аксҳоро, ки аҳли арши сиёсии кишварро ба сурати як инсони оддӣ намудор мекунанд, бештар пайдову нашр кунанд: “Ин мавзӯъ харидори худро дорад, чунки мо дар бораи раисиҷумҳуру хонаводаи ӯ ва писарону духтаронаш зиёд мешунавем, вале онҳоро қариб надидаем. Мо ба ҳамин хотир ин аксҳоро нашр кардем ва натиҷааш ҳам ин шуд, ки онҳо дар ҷумлаи сербинандаву серхонандатаринҳо қарор гирифтанд.”

Каюмарси Ато мегӯяд, ҳоло мардуми мо дар бораи, барои мисол, чӣ қадар дороӣ доштану чӣ ҳайвонотеро дӯст доштани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин иттилоъи бештар доранд, то аз он чӣ ки дар чордевори хонаводаҳои мансабдорони худи Тоҷикистон мегузарад: “Мутаассифона, ин чиз дар Тоҷикистон як навъ табуст. Ба назарам, ҳамон гуна ки мақомоти мо аз сӯҳбат бо мардуми оддӣ мегурезанд, ҳамин тавр намехоҳанд зиндагии шахсиашон рӯи об барояд. Онҳо ҳатто декларатсияи дороияшонро, ки ба идораи андоз месупоранд, ҳатто ин санади расмиро нашр намекунанд, чӣ расад ба ин ки як чизи хонаводагиашонро бароранд ва ба мардум нишон диҳанд.”


Дар воқеъ, ба фарқ аз Путин, ки соле пеш ҳатто дар рӯзи “сабук шудан”-и як сагаш хабарнигоронро дар як поси шаб ба манзили худ даъват кард ва ин муждаро шахсан барояшон расонд, мо намедонем, ки оё президенти Тоҷикистон чанд набера дорад, оё овозаҳо дар бораи издивоҷи боз як духтари Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои Наврӯз то куҷо дуруст буд, ва исми домодҳову
Путин бо сагонаш бозӣ мекунад
Путин бо сагонаш бозӣ мекунад
қудоҳои ӯ, ки аз нуфузи афзояндаашон дар арсаи тиҷорати кишвар зиёд сарусадо мекунанд, низ расман нашр нашудааст, ки ақалан маълум шавад, ки кӣ кист?


Ахиран мансабдорони аввали Русия эъломияҳои молиётии худ барои соли гузаштаро нашр карданд ва маълум шуд, ки, барои мисол, аз байни вазирони рус муовини сарвазир Игор Шувалов бо 448 миллион рубл, ё тақрибан 15 миллион доллар даромади солонаи тақрибан баробари ӯву ҳамсараш даромади аз ҳама бештар доштааст. Даромади худи Путин дар соли 2012 хеле хоксоронатар ва ҳамагӣ зери 5,8 миллион рубл, ё 190 000 доллар, яъне 75 маротиба камтар аз Шуваловро ташкил дода, аз эъломияи ӯ бармеояд, ки раисиҷумҳури Русия ду манзил, 1,5 гектар замин дар вилояти Маскав ва 3 мошини сохти Шӯравӣ – ГАЗ-М- 21, ГАЗ М-21-П ва “Нива” низ дорад. Ҳамсари ӯ Людмила дар соли гузашта ҳамагӣ 4000 доллар “кор” кардааст.


Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, албатта, Шарқ - Шарқ аст ва ҳарими ҳаёти хусусии аҳли сиёсаташ набояд мисли ғарбиҳо пурра боз бошад. Вале як чизи мусбате ки мешавад аз Ғарб гирифт, ба ақидаи Кабирӣ, таҷрубаи шаффофият дар мавриди манобеъи дороиҳои молии мансабдорон аст. Чизе ки то ҳол дар Тоҷикистон роиҷ нест ва боре ҳам нашудааст, ки кадом мансабдори тоҷик дороиҳои худ ё ҳадди аққал эъломияи молиётиашро нашр карда бошад.
XS
SM
MD
LG