Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон»-ро пазируфтанд,ки дар асоси он акнун бо таъйин шудан ба ин ва ё он мақом дар ҳукумати Тоҷикистон афрод муваззафанд, ки аснод оид ба дороиҳои худро ба таври катбӣ ба ниҳодҳои молиётии кишвар ироа кунанд.
Мансабдорон ва ходимони давлатӣ аз ин ба баъд ба таври ҳатмӣ эъломия оид ба даромад ва эъломия оид ба дороии худро ҳамасола як маротиба ба ҷойи кор ва идораи андози маҳалли иқомати худ пешниҳод мекунанд.
Ба таъбири мақомоти Тоҷикистон ин тағйирот ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши фасодкорӣ ва шаффофияти фаъолияти афроди мансабдор мусоидат мекунад. Ироаи маълумоти хаттӣ ва ирсоли он ба мақомоти андози маҳалли зист аз тарафи аъзои ҳукумат ва бақияи ходимони давлативу сиёсии Тоҷикистон барои фаъолияти ошкору шаффофи онҳо ва ҳамчунин ҷиҳати пешгирӣ аз фасодкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҷумъа Давлатов- сардори Раёсати хадамоти давлатии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ҳукумати Тоҷикистонро ба вакилони Маҷлиси намояндагон шарҳу тавзеҳ мекард гуфт бар асоси ин қонун ҳамаи мансабдорони давлатӣ ӯҳдадоранд, ки эъломия оид ба даромад ва эъломия оид бо молу мулки худро солона як бор ба идораҳои молиёт пешниҳод кунанд
Давлатов афзуд меъёри мазкур дар қавонини дигари соҳавии кишвар низ таъкид шуда буд. Аз ин ҷиҳат яке дигар аз аҳдофи ин тағйирот ҳамоҳанг кардани қонун «Дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон» бо дигар қавонин аст. Вале ин меъёр минбаъд ҳамаи вазирону раисони кумитаҳо ва раисони вилоёту навоҳӣ ва шаҳрҳоро вазифадор мекунад, ки дар баробари ироаи маълумот ба ниҳодҳои молиёт ба ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин бора гузориш диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқ ва раиси пешини Оҷонси мубориза бо фасод тағйироти мазкур дар ин қонунро як гоме муҳим дар амри ҷилавгирӣ аз фасод ва фасодкорӣ дар миёни мақомоти кишвар арзёбӣ кард.
Дар ин миён бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон ва коршиносон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дороӣ ва даромадҳои бархе аз афроди манасабдор ба номи наздикони онҳо сабт шудааст ва ин як роҳи маъмулии гурез аз пардохти молиёт ва ҳамчунин пинҳон нигоҳ доштани дороиҳои воқеии мансабдорон мебошад.
Зимнан дар ҷаласаи имрӯзаи парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи фаъолияти фаврӣ- ҷустуҷӯӣ», ислоҳот ворид гардид, ки бар пояи ин ислоҳот минбаъд кормандони ин ниҳод барои ошкор кардани молу мулки пинҳонкардаи нафарони гумонбар дар ҷиноят ҳуқуқ пайдо карданд.
Гуфта мешавад бар асоси ин ислоҳот молу сарвати пинҳон нигоҳдоштаи афроди мансабдоре, ки бо иттиҳоми фасодкорӣ гунаҳкор ҳисобида шудаанд бар суди давлат мусодира хоҳад шуд, сарфи назар аз он ин амвол ба номи дигарон сабт шудааст.
Дар ҳамин ҳол ба таъйиди Ҷумъа Давлатов дар ҳоли ҳозир пешнависи қонун дар бораи ҷойивазкунӣ ва ё ротасия дар ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад, ки яке аз меъёрҳои муҳимми он дар як вазифаи давлатӣ на беш аз панҷ сол фаъолият кардани як шахс аст. Аммо ин дар ҳолест, ки бархе аз мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон беш аз даҳ сол аст, ки дар як вазифа кор мекунанд.