Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон зери боми масҷиди собиқ намераванд?


Дар Тоҷикистон табдили масҷидҳои баста ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ идома дорад, вале на ҳама майли боз кардани фурӯшгоҳ ё корхона дар ибодатгоҳҳои собиқро доштаанд, чун ба гуфтаи худашон "барака" намеёбанд. Санавбари 30-сола барои боз кардани коргоҳи дӯзандагӣ ва пайдо кардани макони иҷора дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба мақомот муроҷиат кард ва ба ӯ чанд ҷойро пешниҳод карданд ва биноҳоеро, ки макони ибодат ва ё масҷид буданд. Санавбар рӯзи 26-уми январ ба Радиои

Табдили масҷидҳо ба муассисаҳои дигар мисли бастанаш осон набудааст, чун дар кишвар масҷид ҷойи муқаддас ва на ҳама омодаанд, ки онҷоро барои соҳибкорӣ ва ё кори дигаре ба иҷора бигиранд.

Озодӣ гуфт, мақомот ба онҳо ваъда доданд, ки шароити корро фароҳам меоранд ва барои харидани таҷҳизот ҳам кумак мекунанд.

“Моро бурданд чанд ҷой нишон доданд, ҳамаашон масҷид. Гуфтанд, марҳамат боғча мекунед, сехи дӯзандагӣ мекунед, ҳар чӣ мехоҳед, боз кунед, фақат инҷо бекор намонад”, – гуфт Санавбар ба Радиои Озодӣ. Мақомот ба Санавбару ҳамроҳонаш гуфтаанд, масҷидҳои хурд ва паҳну парешон дар ҳар гӯшаи Душанберо барои он бастанд, ки санадҳои қонунӣ надоштанд ва ҳам намехоҳанд, ки “Тоҷикистон мисли Афғонистон шавад ва дар ҳар масҷид ҳар кас чизе, ки дилаш мехоҳад, гап занад.”

Дар бархе аз манотиқ, масҷидҳо ба хонаҳои истиқоматӣ табдил дода шуданд.
Дар бархе аз манотиқ, масҷидҳо ба хонаҳои истиқоматӣ табдил дода шуданд.

Маҳз аз тарси истифодаи масҷидҳо барои тарғиби ифротгароӣ ва ба гуфтаи мақомот "тафриқаандозӣ дар байни ҷомеа", соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қонуни наве хост, ҳамаи масҷидҳо расман сабти ном шаванд. Садҳо имомхатиб натавонистанд расмиёти печидаи қонунро иҷро кунанд ва ноилоҷ дари масҷидҳояшонро бастанд. Биноҳои холимонда ба ихтиёри ҳукуматҳои маҳаллӣ гузашт, баъзеро ба маркази фарҳангӣ ва ё мактабу идораи ҷамоат табдил доданд.

Дар ноҳияи Бохтар, ду масҷидро китобхона карданд, ҳарчанд мисли пешина “меҳмон"-и зиёд надоранд. Ҳоло ҳам шумораи зиёде биноҳои холӣ мондааст, аз ҷумла дар шаҳри Кулоб, ки 54 масҷидаш барои иҷозанома надоштан баста шудаанд. Дар ин шаҳр чун дар Душанбе мақомот дар андешаи он будаанд, ки биноҳои холиро бо кадом ҳадаф истифода баранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханроние дар ҳузури зиёиён гуфта буд, ки масҷидҳо ба як минбари тафриқаандозӣ табдил шудаанд.

“Қарори раиси шаҳр барои ба дигар мақсадҳо истифода бурдани бинои 54 масҷид баромад. Мо масъала гузоштем, ки бо сокинони маҳаллаҳо вохӯрӣ гузаронанд, раисони ҷамоатҳо пешниҳод кунанд, ки ба ҳамон маҳалла чӣ даркор аст? Бунгоҳи тиббӣ даркор, боғчаи бачагона даркор, ё ягон муассисаи томактабӣ даркор, ё варзишгоҳ даркор ва бар асоси дархости онҳо ба тавозуни мақомоти дахлдор дода мешавад” - гуфт Раҳмоналӣ Имомзода, додситони Кӯлоб дар нишасти хабариаш дар ҳафтаи гузашта.

Бастани дари масҷидҳо дар Тоҷикистон соли 2009 ва баъди қабули қонун дар бораи иттиҳодияҳои динӣ шурӯъ шуд ва як масъалаи ҳассос ба ҳисоб меравад. Бар асоси ин санад, масҷидҳо бояд иҷозаи фаъолият бигиранд ва ҳар сол ҳисобот бидиҳанд. Ҳар масҷиде, ки ин корро намекунад, бо дархости додситонӣ баста мешавад. Бар асоси қонун, масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар аҳолӣ доранд. Дар Душанбе аз ин ҳам бештар ва 30 ҳазор то 50 ҳазор нафар.

Яке аз масоҷид, ки ба манзили маскунӣ табдил дода шуд.
Яке аз масоҷид, ки ба манзили маскунӣ табдил дода шуд.

Тарс аз густариши ифротгароӣ, ба ҳайси минбари тарғиб истифода шудани масҷидҳо, мухолифати вуҷуди ибодатгоҳҳои зиёд ба низоми дунявии Тоҷикистон, аз омилҳоест, ки мақомотро водор кард, ба танзими фаъолияти масҷидҳо шурӯъ кунад.

Худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур зимни суханроние дар ҳузури зиёиён гуфта буд, ки масҷидҳо ба як минбари тафриқаандозӣ табдил шудаанд. “Барои ҳар кӯчаву паскӯча ҳар як маҳалла безарурат бунёди намудани масоҷид, метавонад, эҳтимоли муноқиша ва тафриқаро дар байни мусулмонон зиёд карда ва ба ваҳдату суботи ҷомеа халал расонад.” – гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон.

Ингуна баёнияҳо ва бахусус қонуни соли 2009 сабаби интиқоди ҳукумати Тоҷикистон шуд ва мунтақидон мегуфтанд, ки ҳукумат сиёсати исломситезиро пеш гирифтааст. Вале мақомот иддаоҳоро беасос хонда ва мисол меоранд, ки Тоҷикистон тақрибан 4 ҳазор масҷид дорад ва дар Осиёи Марказӣ аз назари шумораи масҷидҳо дар мақоми аввал меистад.

Як масҷид, ки ба хонаи истиқоматӣ табдил дода шуд.
Як масҷид, ки ба хонаи истиқоматӣ табдил дода шуд.

Виркан Музаффарпур, донишманди тоҷик, ки масъалаи муносибати дин ва давлатро таҳқиқ кардааст, рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, танзими фаъолияти масҷидҳо исломситезӣ нест, ҳарчанд норозигиҳоро ба вуҷуд меорад. “Албатта, ин сиёсати давлат, сиёсати зиддидинӣ нест, як навъ танзим аст, ки дар тамоми давлатҳои мусулмонии дигар ҳам ҳаст. Мо дидем, ки Туркия ҳамингуна корҳоро анҷом дода буд. Аз тарафи дигар беҳтар кардани шароити худи масҷидҳост, ки бояд ба талабот ҷавобгӯ бошанд” – гуфт ин донишманди тоҷик.

Аммо табдили онҳо ба муассисаҳои дигар мисли бастанаш осон набудааст, чун дар кишвар масҷид ҷойи муқаддас ба ҳисоб меравад ва на ҳама омодаанд, ки онҷоро барои соҳибкорӣ ва ё кори дигаре ба иҷора бигиранд. “Баъзеҳо фикр мекунанд, аз гирифтани масҷид барака намеёбӣ, гуфт, як нафаре, ки соле пеш дар як ибодатгоҳи собиқи кӯчаи Деҳотӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ коргоҳи дӯзандагӣ боз кард. Дар пештоқи ин масҷиди собиқ ҳоло сехи дӯзандагӣ ва нуқтаи таъмири кондитсионер ва дигар абзори барқӣ навишта шудааст, гарчанд дараш баста аст.

“Гуфтанд, ки ҳуҷҷат мекунем, накарданд, агар санадҳояшро дуруст накунанд, мо чӣ хел кор мекунем. Ҳуҷҷат, ки надорад, чӣ хел кор мекунед, мумкин нест ин хел кор кардан.”- гуфт як коргаре, ки аз фаъолияти коргоҳ хабар дорад. Маълум нест, ки то кунун чӣ қадар масҷидҳо ба коргоҳ табдил додаанд, вале худи мақомот дар гузашта гуфтаанд, ки бештар аз 100 масҷид ба маконҳои фарҳангӣ табдил дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG