Русия иддао дар бораи аз тарафи Маскав бо силоҳ таъмин шудани ҷангҷӯёни Толибони Афғонистонро рад кард. Замир Кобулов – намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон – рӯзи 24 март ин иттиҳомро “дурӯғин” ва “талоши рӯйпӯш кардани нокомии нирӯҳои Амрико” номид.
Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард.
Рӯзи гузашта генерали амрикоӣ Кёртис Скапарротти – фармондеҳи НАТО дар Аврупо – гуфт, вақтҳои охир шоҳиди афзоиши нуфузи Русия миёни Толибон будааст ва афзуд, ки эҳтимол Маскав ҷангҷӯёни Толибонро бо силоҳ таъмин мекунад. Скапарротти дар Кумитаи хадамоти низомии Сенат ба аҳамияти пирӯзӣ дар ҷанги Афғонистон низ таъкид кард. Ӯ гуфт, "дар шонздаҳ соли гузашта беш аз 1800 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта шудаанд. НАТО ва Амрико дар ин ҷанг бояд пирӯз гарданд."
Соли 2016 низ як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба оҷонсии Associated Press гуфта буд, Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд. Ба гуфтаи ин манбаъ, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кумак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ додааст.
Манбаъ иддао карда буд, “дар дасти аъзои гурӯҳи Толибон худкори навтарини "Калашников", ки танҳо дар Русия истеҳсол мешавад, пулемёти "Калашников" ва гранатомётҳои зиддитанкӣ пайдо шуданд”. Баъзе мақомҳои Афғонистон низ охири соли гузашта гуфтанд, ки Толибон аз тариқи марзҳои баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия таъмин ва танкҳояшон таъмир мешавад.
Видео: Тақозои Раббонӣ барои кумак дар ҷанг бо Толибон
Маскав ҳарчанд тамоси худро бо Толибон тасдиқ мекунад, вале иттиҳоми муҷаҳҳаз кардани Толибон бо силоҳро рад менамояд. Вазорати умури хориҷии Русия ахиран дар як баёнияи расмӣ гуфт, ҳадаф аз иртибот бо Толибон таъмини амнияти шаҳрвандони ин кишвар дар Афғонистон ва ташвиқи Толибон ба раванди сулҳ ба раҳбарии Кобул мебошад.
Шафиқ Ҳамдам, коршиноси умури сиёсӣ ва мушовири пешини НАТО дар Афғонистон, мегӯяд, ки Маскав равобити васеътар ва гуногунпаҳлӯ бо Толибон дорад. Ӯ гуфт, “бо Толибон чанд навъ равобит эҷод кардаанд. Аввал равобити сиёсӣ, дувум равобити молӣ ва иқтисодӣ, ки ба онҳо пул кумак мекунанд. Саввум ба Толибон таҷҳизоти низомӣ медиҳанд ва чаҳорум маълумоти истихборот ҳам ба онҳо фароҳам месозанд.”
Ҳукумати Афғонистон ҳафтаи гузашта гуфт, дар сафари ахири Муҳаммад Ҳаниф Атмар – мушовири амнияти миллии Афғонистон – ба Русия нигаронии Кобул аз равобити Маскав бо Толибон рафъ шудааст. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия дар дидор бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар таъкид кардаанд, ки Толибони мусаллаҳ бояд аъмоли террористиро тарк карда ва бо эҳтиром ба Қонуни асосии Афғонистон вориди гуфтугӯи сулҳ шаванд.
Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шудааст.