Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими Бангладешро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб кард. Ин сабқат зери борони шадид ҷараён гирифт.
Дар дақиқаи 15-уми бозӣ Манучеҳр Ҷалилов тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон кард ва дастаи Тоҷикистонро ба пеш андохт. Голи дувумро низ дар дақиқаи 25-ум Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи Бангладеш зад.
Дар дақиқаи 53-юми бозӣ футболбозони бори дигар дарвозаи Бангладешро рахна карданд ва ҳисоби бозиро ба 3:0 расониданд. Дар дақиқаи 59-уми бозӣ Манучеҳр Ҷалилов голи савуми худ дар ин бозиро ба дарвозаи бангладешиҳо зад. Манучеҳр Ҷалилов ҳамин тариқ дар дақиқаи 73-юм бори чаҳорум дарвозаи бангладешиҳоро рахна кард ва ҳисобро 5:0 кард.
Бозии имрӯз миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Бангладеро Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қайсии 38-сола аз Ироқ доварӣ кард. Ёварони ӯ Луай Субҳӣ Адиб Ал-Азавии 44-сола ва Муайяд Муҳаммад Алии 35-сола, довари эҳтиётӣ довари ФИФА Ватика Муҳаммад Ал-Баага буданд. Нозири доварон Масъуд Муродӣ аз Эрон ва комиссари бозӣ Йен Мун Чуназ Ҳонконг буданд.
Баъди натиҷагирии даври ҳафтуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 12 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.
Даври 8-ум
17 ноябр (сешанбе)
Бангладеш — Австралия
Қирғизистон — Урдун
Даври 9-ум
24 март (панҷшанбе)
Австралия - Тоҷикистон
Урдун — Бангладеш
Даври 10-ум
29 март (сешанбе)
Тоҷикистон - Қирғизистон
Австралия — Урдун