Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз “бегонапарастӣ”-и сокинон қолаб ва шаклҳои либоси миллиро таҳия доранд. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, рӯзи 21-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки “ба ин кор комиссияи махсус бо дастури Дастгоҳи иҷроияи президент машғул аст”.
Воқеан, хатар дорад. Ҳар кас бо ташвиш ва шубҳа нигоҳ мекунад ки онҳо дар зери сатрашон, чодарашон ягон чиз пинҳон накарда бошанд.
Ӯ афзуд, “воқеан, ин зарурат аст ва ҳоло мубодилаи афкор ҷараён дорад. Эродҳо низ ҳастанд. Барои инки мо либоси миллиро риоя кунем, бояд намунаи либоси миллӣ дошта бошем. Хулосаи охирин, ки либоси миллии мо кадом аст, то ҳозир муайян нашудааст ва баҳсу талошҳо асосан дар заминаи ин ба вуқӯъ меоянд.”
Дар гузашта талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои танзими либоси аъзои ҷомеа ва ҷилавгирӣ аз пӯшидани либоси мазҳабӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ мавриди интиқоди мудофеони ҳуқуқи инсон шудааст, ки инро дахолат ба ҳаёти хусусӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандон номидаанд. Аммо Шамсиддин Орумбекзода баъди анҷоми нишасти хабарӣ дар як сӯҳбати алоҳида бо се хабарнигор аз бонувони сатрпӯш интиқод карда ва гуфт, кас намедонад, дар зери чодари онҳо чист ва афзуд, тақлид ба чунин “либоси бегона” баъзе занҳоро то ДИИШ бурдааст.
“Дар шароити иқлими гарми мо вақте баъзе бонуҳо сатр ба бар мекунанд, маъзарат мепурсам, бисёр вақт дар нақлиёт дар барашон нишастан имкон надорад. Воқеан, хатар дорад, ҳар кас бо ташвиш ва шубҳа ба онҳо нигоҳ мекунад ки Худо накунад дар зери сатрашон, чодарашон ягон чиз пинҳон шуда бошад. Масалан, аз ин бонуи зебое, ки дар наздамон аст (ишора ба хабарнигори сатрпӯш) мо ҳарос мекунем”, - гуфт ӯ.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон, инчунин, дар посух ба суоли онки дар таҳияи намунаи либоси миллӣ то куҷо либоспӯшии занони мо дар солу асрҳои гузашта ба назар гирифта мешавад, гуфт, “мақсад бозгашт ба асри санг нест”. Шамсиддин Орумбекзода гуфт, “он суннатҳои миллие, ки мо доштем онҳо пурра риоя мегарданд. Дар айни ҳол бо дарназардошти пешрафти ҷомеаи имрӯза либосҳо такмил дода мешавад, на инки мо бозгардем ба асри санг. Бонувони гузаштаи мо дар бисёр маврид хеле ниёзманд буданд ва либосҳои зебои монанди имрӯза надоштанд. Ҳам зебо ва ҳам барои саломатиашон муфид бошад. Либоси миллӣ бояд ҳамқадами замони муосир бошад. Он чизе ки барои пешрафт аст, натиҷаи тафаккур аст, ақл аст, идрок аст, маърифат аст ба ҳамон самт бояд равем, на инки бозгардем ба асри санг ва бигӯем ки падару бобоёни мо ҳаминхел либос доштанд.”
Видео: Баҳси ҳиҷоб. Ду насл дар муқобили якдигар
Ин изҳороти вазири фарҳанги Тоҷикистон баъди 10 рӯз суханронии президент Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати “10-солагии қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” садо дод, ки бори дигар ба зарурати тақвияти фарҳанги пӯшидани либоси миллӣ, на “бегонаи мазҳабӣ” таъкид кард.
Оқои Раҳмон рӯзи 11-уми июл дар мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз “таъсири номатлуби фарҳангҳои бегона” ҳушдор дод ва гуфт, ки пӯшидани либоси “сиёҳу торик” арзишҳои миллиро поймол мекунад ва фазои маънавии ҷомеаро тира месозад. Ҳукумати Тоҷикистон пӯшидани либоси мазҳабии назири ҳиҷобу сатр ва дигар намунаҳои монанд ба инро ҳамчун нишонаи "бегонапарастӣ" ва "ифротишавии ҷомеа", интиқод мекунанд.
Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон назорат аз фаъолиятҳои мазҳабии шаҳрвандонро шадидтар карда, аз ҷумла, чунин назоратро аз болои сару либоси сокинон ҳам пурзӯр кардааст. Дар муассисаҳои таълимӣ пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва барои мардон доштани риш манъ шуда, барои наврасони то 18-сола рафтан ба масҷид мумкин нест.
Ҳукумат ин тадбирҳоро ба ҷилавгирӣ аз тавсеаи ақоиди ифротӣ дар миёни аъзоии ҷомеа дуруст ва қонунӣ мешуморад, вале фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ин монеаҳо озодиҳои динии шаҳрвандонро маҳдуд мекунанд ва хилоф бо меъёрҳои конститутсияи кишвар ҳастанд.