Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тоҷикистон дубора ба "ов"-у "вич" рӯ меоранд, чаро? САДО


Бозгашти афзоянда ба пасванди русии “ов”-у “вич” ва “ова”-ю “овна” дар насаби сокинони Тоҷикистон мақомотро маҷбур кардааст, ки ноҳия ба ноҳия гашта, сабабҳои ин равандро таҳқиқ намоянд.

Аксари онҳое, ки дар муҳоҷират будаанд, мегӯянд, бо пасвандҳои тоҷикӣ дар Русия рӯз надоранд​

Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз омӯзиши “даст кашидани баъзе сокинон аз номгузории миллӣ” ба ҳукумат хулосаи худро пешниҳод хоҳанд кард. Абдураҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 4-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи онҳо дар чанд ноҳияи кишвар нишон дод, ки асосан муҳоҷирон дар Русия мехоҳанд пасванди “зода”-ву “иён”-ро бо “ов”-ву “ова” иваз кунанд. Ба гуфтаи ӯ, “чунин тамоюл дар тамоми ноҳияҳо ба чашм мерасад, ки мояи нигаронии ҷиддӣ аст”

Гуруҳ то ҳол чиро муайян кард?

Абдураҳим Зулфониён
Абдураҳим Зулфониён

“Гурӯҳи мутахассисони мо дар ноҳияи Ёвон, Спитамен, Истаравшан, Шаҳристон ва Мастчоҳ буданд. Аксари онҳое, ки дар муҳоҷират будаанд, мегӯянд, бо пасвандҳои тоҷикӣ дар Русия рӯз надоранд”, - шарҳ дод ӯ. Ба қавли Абдураҳим Зулфониён, барои таҳқиқи масъала ҳамин ҳафта ба ноҳияи Ашт мераванд.

Дар пойтахт, дар шаҳри Душанбе, ҳам айни тамоюл мушоҳида мешавад ва онро мақомоти Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) тасдиқ мекунанд. Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рӯзи 4-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, тамоюли мазкурро дар вақтҳои охир мушоҳида кардаанд.

"Баъзеҳо бо "зода" шаҳрвандии Русияро гирифтаанд"

“Вақте як шаҳрванди Тоҷикистон барои иваз кардани насабаш ба русӣ меояд, нороҳат мешавем. Ҳисоби оморӣ надорем, вале чунин муроҷиатҳо хеле зиёд шудааст”, - афзуд Достизода.

Аммо ӯ гуфт, тағйири ном ва гузаштан ба пасванди русӣ наметавонад, зиндагии касеро дар Русия осонтар кунад: “Садҳо сокини Тоҷикистон бо ному насаби тоҷикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Мутаассифона, як қисми шаҳрвандон дар Русия дучори мушкил мешавем гуфта, номашонро бо пасвандҳои русӣ мекунанд.”

Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Бозгашт ба пасвандҳои русӣ асосан дар байни онҳое зиёд будааст, ки дар Русия кор мекунанд. Айни замон теъдоде ҳам ҳастанд, ки аз ҳоло насаби фарзандонашонро бо пасванди русӣ дуруст мекунанд, то дар Русия ба “дарди сар” гирифтор нашаванд. Неъматуллои Раҳматулло, як сокини Ҳисор, гуфт, азбаски маъмурони пулиси Русия бисёр ба номашон хӯрдагирӣ карда, азоб медиҳанд, аз “зода”-ву “пур” парҳез мекунанд. Барои ҳамин, Неъматуллои Раҳматулло зимистони гузашта баъди бозгашт насабашро ба Неъматулло Раҳматуллоев иваз кард.

"Мегӯянд, чаро бисёриҳо "ов" дорад, шумо не?"

“Дар ҳар куҷо маро нигоҳ дошта, шиносномаамро мепурсиданд. Баъди онки чашмашон ба ному насаб ва ба “зода” меафтод, мепурсиданд, ки аз куҷоӣ ва чӣ кор мекунӣ. Рости гап, баъзан қаҳрашон мекард ва мегуфтанд, чаро бархе тоҷикҳо “ов” доранд, шумо надоред”, - нақл кард ӯ.

На Кумитаи забону истилоҳот ва на Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оморе ҷамъ накардаанд, ки чӣ қадар аз мардум ва бахусус муҳоҷирон аз номгузории миллӣ даст кашида, ба номгузории “Советӣ” баргаштаанд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба назари таҳлилгарон, сабаби аслии афзоиши пасванди русӣ ба муҳим надонистани арзишҳои миллӣ, ниёзҳои иқтисодӣ ва мушкилоти иҷтимоист, ки мардум доранд. Ба гуфтаи онҳо, хонаводаҳое, ки фақат аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ рӯз мебаранд, намехоҳанд, аз “як луқма ноне”, ки онҷо ба даст меояд, маҳрум шаванд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик гуфт, “сабаби аз ҳама асосӣ ин эҳтиёҷи шаҳрвандони тоҷик аст. Мақомоти Тоҷикистон бояд талош кунанд, ки ҷойҳои кории муносиб ва маоши муносиб эҷод кунанд, то ки ниёзмандӣ аз миён бурда шавад”.

Барои муҳоҷирони тоҷик "зода" хуб аст, ё "ов"-у "вич"?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим

11 соли бе "ов"-у "вич"

Дар Тоҷикистон баъди он аз пасвандҳои русии “ов”, “ев”, “ова”, “ович” ва “овна” даст кашиданд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2007 ба номгузории миллӣ таъкид кард ва исми худро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод. Дар пайи ин тасмими раиси ҷумҳур бархе аз мансабдорони тоҷик низ ному насаби худро тоҷикӣ карданд.

  • Дар Қонуни сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон омадааст, “насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад.”

Ҳоло Кумитаи забон ва истилоҳот бояд то 10-уми июл ин масъаларо омӯзад, ки чаро мардум аз номгузорӣ тибқи “анъанаҳои миллӣ” даст мекашанд ва ба ҳукумат роҳҳои ҳалли мушкилро пешниҳод хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG