Ин занҳо моҳе қабл пас аз супордани имтиҳони тарафи корфармо, ки тариқи "Скайп" сурат гирифтааст, ба кор ҷалб шуда ва аллакай дар шаҳри Ростови лаби Дон ба говҷӯшӣ оғоз кардаанд.
Ғазалшоҳ Мазориев, як масъули Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб ҷумъаи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду моҳе қабл корфармо аз шаҳри Ростов лаби Дон дархост кард, ки ба фермаҳои онҳо занҳои говҷӯш лозим аст. Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Мазориев, пас аз таҳияи асноди зарурӣ ҳудуди бист зани кӯлобӣ тариқи "Скайп" бо ҷониби корфармо сӯҳбат карда ва дар ниҳоят, даҳ нафари онҳо интихоб шудаанд.
Ҷаноби Мазориев афзуд, "моҳҳои май буд, ки аз Ростови даби Дон корфармо ба мо муроҷиат кард ва гуфт, ки ба онҳо занҳои говҷӯш лозиманд ва маош барои ҳар нафар коргар дар ҳудуди 30 ҳазор рубли русӣ муайян карда мешавад. Аз ҳудуди чорсад нафаре, ки барои кор ба
мо муроҷиат карда буданд, чил нафараш зан буд. Ҳуҷҷати бист нафари занҳоро омода кардем ва корфармо тариқи "Скайп" бо онҳо сӯҳбат кард ва ниҳоят 10 нафарро интихоб намуд. Мо даҳ занро ба шаҳри Ростов фиристодем. Ҳоло кор карда истодаанд, ҳатто барои кори хуб боз панҷ ҳазори рубли руси маошашонро зиёд кардааст".
Ба ин тартиб сину соли занҳое, ки корфармо пазируфтааст, аз 35 то 45 сола буда, бештар таҷрибаи нигоҳубини гов ва ҷӯшидани онро доранд. Бархе аз ин занон бе шавҳар буда, аммо бақия шавҳаронашон низ дар Русия дар муҳоҷирати корианд. Ин заноне ҳастанд, ки таҷрибаи кор дар муҳоҷиратро доранд.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо тарафи корфармо аз шаҳри Ростови лаби Дон қарор кардаанд, ки боз як гурӯҳи дигари занон аз минтақаро пас аз супоридани имтиҳон ба Русия фиристанд.
Зеро ба гуфтаи масъулони Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб, фаъолияти гурӯҳи аввали занони говҷӯш дар заминаи нигоҳубини гов ва ҷӯшидани он, таҷрибаи хубе барои ҷалби гурӯҳи дуюми занон аз ҷониби корфармо шудааст.
Ситора Ахмедова, як сокини ноҳияи Восеъ ҷумъаи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 18 сол боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Тюмен меравад ва бештар низ дар онҷо дар фермаҳо кор кардааст.
Хонум Ахмедова афзуд, аз як ҳамдеҳааш тариқи Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб барои кори говҷӯшӣ ба Ростов рафтааст ва ӯ маслиҳат додааст, то худашро бисанҷад.
Ситора мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Тюмен назар ба дигар манотиқи Русия хунук аст, аз ин рӯ вай Ростовро интихоб кардааст; "Дар Русия говҷӯшӣ осон аст, зеро ҳамаи кор бо апарат иҷро мешавад. Ҳоло ман низ номнавис кардам ва аз мусоҳиба бо корфармо гузарам боз бармегардам ба муҳоҷират. Ҳаждаҳ сол дар Тюмен будам ва соҳиби ду фарзанд ҳастам ва кӯдаконам дар назди модарам ҳастаанд. Шавҳарам низ ба муҳоҷират меравад. Ин маротиба хостам як ҷои гармтар равам".
Ин ҳам дар ҳоле, ки Ситорабону мегӯяд, ду фарзандашро дар муҳоҷират ба дунё оварда ва баъдан онҳоро дар назди модар дар Восеъ гузоштааст. Ҳоло ин зан қасд дорад, ки дар ин сафараш маблағ ҷамъ карда фарзандонашро соҳибмаълумот кунад, то дар оянда мисли худ ва шавҳараш маззаи ғарибиро начашанд.
Зимнан, дар гузашта Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб тариқи Маркази машваратии кортаъминкунӣ, мардонро ба Санкт-Петербурги Русия барои кор равон мекард.
Аммо имсол аз гӯшаҳои гуногуни Русия, ба хусус Ростови лаби Дон дархост шуд, ки занон ни метавонанд барои кор, ба хусус говҷушӣ ба ин кишвар биоянд. Ин аст, ки ҳамакнун аввалин гурӯҳи даҳнафара дар Ростови лаби Дон говҷӯшӣ мекунанд ва қарор аст, гурӯҳи дуюм низ иборат аз 10 нафар занони кӯлобӣ дар ояндаи наздик ба ин шаҳр фиристода шаванд.
Интихоби занҳо ва фиристодану ҷо ба ҷо кардан ва пардохти ҳаққи моҳонаи онҳо дар чорчӯби қарордодҳои сетарафа миёни ширкати корфармо ва хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии минтақаи Кулоб ва шахси коргар, яъне занон сурат гирфтааст.