Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус мақомотро водор кардааст, доир ба муҳоҷирон бештар андеша кунанд


Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар давраи коронавирус дар Русия бе кор монданд ва ба кумак ниёз пайдо карданд
Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар давраи коронавирус дар Русия бе кор монданд ва ба кумак ниёз пайдо карданд

Пандемияи коронавирус ба ҳаёту даромади шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа бетаъсир намонд ва кишвари вобаста аз пули муҳоҷиронро ҳамакнун дар баробари мушкили ҷиддии иқтисодӣ қарор дод. Дар чунин шароит, ба гуфтаи коршиносон, ҳукумат ва созмонҳои байнулмилалӣ бояд ҳарчи зуд стратегияи кумак ба ин нирӯи муҳимро тағйир дода, бархӯрдро ба масъалаи муҳоҷират мутобиқ бо пайомадҳои пандемияи коронавирус нав кунанд.

Моҳи май ва июни соли 2020. Гузаргоҳи Жибек Жолии вилояти Туркистони Қазоқистони Ҷанубӣ, ки дар марз бо вилояти Тошканди Узбекистон ҷойгир аст, макони таҷаммӯи чандҳафтаинаи тақрибан 1000 шаҳрванди Тоҷикистон буд. Аксари онҳо ду моҳ пеш дар Русия ё Қазоқистон соҳиби кору сарпаноҳ буданд, вале дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои беҳдоштиву иқтисодӣ бекору бедаромад монданд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ин гурӯҳро "муҳоҷирони дармонда" номид, чун бо сабаби манъи парвозҳо ва баста будани марзҳо дар сарҳади ду кишвари Осиёи Марказӣ банд монданд. Дар ин муддат созмонҳо дар талоши пайдо кардани буҷаи пардохти харҷи роҳи муҳоҷирон буданд, чунки чунин барномаи вижаи кумак вуҷуд надорад.

“Ҳеч кас ба мавҷи калони муҳоҷирон омода набуд”, -- гуфт раҳбари дафтари минтақавии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират Зейнал Ҳоҷиев дар оғози моҳи июн.

Коршиносон мегӯянд, қазияи муҳоҷирони дармонда дар Жибек Жолӣ, зарурати тағйири барномаҳои кумак ба муҳоҷирони корӣ дар шароити бӯҳрониро рӯшан ба намоиш гузошт. Муҳоҷирон соли 2019 аз Русия ба Тоҷикистон наздики 2,6 миллиард доллар фиристоданд, ки ба 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст. Омори ахир аллакай аз кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон дар ҳудуди 22 дарсад гувоҳӣ медиҳад.

Мақомот хомӯшанд

Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта ба Вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои шарҳи мавзӯи стратегияи муҳоҷират дар давраи пандемияи коронавирус ва чораҳои эҳтимолии давлат муроҷиат кард, вале посухи ин ниҳод то замони нашри гузориш дастрас нашуд. Мақомоти дигар мегӯянд, ин масъала дар салоҳияти онҳо нест.

Аксар дастандаркорони соҳа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар ҳолати фавқулода босуръат стратегияи нави муҳоҷирати кориро дар шароити пандемия пайдо кунад.

Аз IOM то ICMPD

Дар Тоҷикистон чанд созмони байналмилалӣ бо масоили муҳоҷират сарукор мегиранд ва барои иҷрои ҳадафҳо миллионҳо доллар ҷудо мешавад.

Ташкилоти калидӣ – IOM ё Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, воқеан ҳам зарурат ба "тағйири фаъолият ба хотири расонидани ёрии билофосила фаро расидааст ва тамаркузи асосӣ бояд ба талошҳои барқарорӣ"-и баъди пандемия равона шавад.

Кристина Транка, раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар посух ба Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта гуфт, “муҳоҷирати корӣ барои иқтисоди Тоҷикистон нақши ҳалкунанда дорад. Ҳоло имконияти он пайдо шудааст, ки стратегияи муҳоҷирати меҳнатӣ бозбинӣ ва барномаҳои наве эҷод шаванд, ки муҳоҷиронро фаро гиранд".

СҶМ ҳангоми ба ватан овардани муҳоҷирони дармондаи тоҷик аз Қазоқистон рӯзҳои 2 ва 19-уми июн нақши калидӣ бозидааст. Дар давраи дувуми интиқоли гурӯҳи 635-нафарии муҳоҷирон ҳукумати Амрико ва USAID низ саҳми муҳим доштанд. Ин созмон мегӯяд, "ҳукумати Амрико тавассути USAID барои ҳимояти муҳоҷирон дар Осиёи Марказӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ду миллион доллар ҷудо кард.”

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, барномаҳои вижаи бозгардондани муҳоҷиронро надорад, вале "чанд барномае, ки маблағгузорӣ мекунад, ба дастгирии имкониятҳои иқтисодӣ дар деҳоти Тоҷикистон" ва "коҳиши хатарҳои марбут ба бозгашти муҳоҷирон" рабт мегирад.

Созмоне, ки як бахши кораш бо мавзӯи муҳоҷират вобаста аст, Бунёди кӯдакони СММ ё UNICEF аст. Дафтари матбуоти UNICEF дар Тоҷикистон мегӯяд: "Чанд дафъа маводи муҳимро барои коргарони марказҳои тиббӣ дар саросари Тоҷикистон расондем. Ҳамчунин бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории наздик бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ташкили таҳсилоти фарогири босифат ва муттасил бо хонандагон, падару модар ва аҳли ҷомеа фаъолона кор мебарем.”

ICMPD, Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират, қароргоҳаш дар Вена аст. Аксар аъзои созмон давлатҳои аврупоӣ буда, фаъолияти он дар 90 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ба суоли он ки то куҷо созмон омода аст дар шароити бӯҳронӣ иҷрои фаъолиятҳои барномавии худро барои ҳалли мушкилоти изтирорӣ равона кунад, сухангӯи созмон Бернард Шрагл гуфт, "ҳар созмон мутобиқ бо ҳадафҳое, ки бо донор мувофиқа шудааст, амал мекунад… Дар бархе ҳолат имкони тағйири нақшаи корӣ ва буҷа мутобиқи эҳтиёҷи изтирорӣ ва бе осеб ба ҳадафҳои куллӣ вуҷуд дорад”.

Шрагл гуфт, чунин тасмим аз ҷониби созмон замоне гирифта шуд, ки зарурат ба таъмини марзбонҳову маъмурони гумруки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон бо либосҳои ҳифозатӣ аз COVID-19 пайдо шуд ва ин кор дар чаҳорчӯби ёриҳои Иттиҳоди Аврупо ва ба маблағи 48 миллион евро амалӣ гардид.

Ба қавли ӯ, пеш аз пандемия ин созмон ва мақомоти Тоҷикистон дар бораи тарҳи таъсиси Маркази захиравӣ барои муҳоҷирони тоҷик ба мувофиқа расиданд. Дар оянда кори маркази нав бояд мутобиқ ба пайомадҳои пандемия ва таъсири он ба коҳиши кору даромад ва афзоиши аҳолӣ дар пасманзари COVID-19 тағйир ёбад.

Содироти нирӯи корӣ ё содироти маҳсулот?

Айни замон коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои ёрирасон дар шароити пандемия бояд мутобиқ бо мушкилоти нав амал кунанд, то сари вақт пеши роҳи шиддати иҷтимоиву иқтисодӣ гирифта шавад.

Малика Ёрбобоева дар созмонҳои байналмилалӣ дар масоили муҳоҷирати корӣ фаъолият кардааст. Вай мегӯяд, "то оғози пандемия дар Тоҷикистон дастикам панҷ барнома дар бахши муҳоҷират амалӣ мешуд… Аксар барномаҳо ба ҳам монанд ҳастанд: ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирону оилаҳояшон, огоҳӣ аз хатарҳои СПИД, пешгирӣ аз қочоқи инсон, корҳои гуногуни таҳқиқотӣ ва дигарон. Ба андешаи ман, ҳоло фурсати он расидааст, ки бозбинии тарҳҳо сурат бигирад ва донорҳо иҷоза диҳанд, ки фаъолияти созмонҳо мутобиқ ба эҳтиёҷи ҳаминлаҳзаи гурӯҳ равона шавад.”

Ба гуфтаи Ёрбобоева, бозгашти муҳоҷирон масъалаи таъмини онҳоро бо кор дар дохили кишвар ба мадди аввал мебарорад. “Кумаки созмонҳои ёрирасон дар ин марҳила метавонад ба такмили ихтисос, маблағгузорӣ ва ё қарздиҳӣ барои роҳандозии барномаҳои тиҷоратии ин қишри ҷомеа ва ё дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ барои ба кор гирифтани муҳоҷирон равона шавад”, - шарҳ дод ӯ.

Ёрбобоева мегӯяд, “дар шароити буҳрони кунунӣ бояд таваҷҷуҳ аз содироти нирӯи корӣ ба содироти маҳсулоти ватанӣ, масалан кишоварзӣ ё саноатӣ равона шавад… Бо вуҷуди ин ки саноатӣ кардани иқтисоди кишвар вазифаи муҳими ҳукумат аст, танҳо чанд намояндаи шарикони рушди Тоҷикистон ба ин бахш таваҷҷуҳ кардаанд. Дар Тоҷикистон шонси эҳёи дубораи саноати сабук, хӯрокворӣ ва маъдан вуҷуд дорад."

"Парвозҳо барқарор шаванд, вазъ оддӣ мешавад"?

Дар миёни ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ на ҳама коршиносон ноумед ва нигарон ҳастанд. Донишманди тоҷик Раҳмон Ӯлмасов мегӯяд, вазъ чандон сахту сангин нест ва бо кушода шудани роҳҳо ба Русияву Қазоқистон ҳолат дубора одӣ хоҳад шуд. Ӯлмасов мегӯяд: "Имконияти бозори кор дар Русия ва Аврупо васеъ мешавад. Масалан, дар Русия: дар Астрахан, Волгоград, Челябинск барои кор дар саҳро одам нест, ки маҳсулотро ҷамъ кунад… Чанд корхонаи бузург аз Новосибирск ва вилояти Маскав тавассути Вазорати муҳоҷират ва сафорат муроҷиат кардаанд, ки роҳҳо кушода шуд, ба корхонаҳои онҳо мардум фиристанд."

"Ба Ғарбу Аврупо роҳ бояд ҷуст"

Анвар Бобоев, масъули бахши “Муҳоҷирати аҳолӣ” дар Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бовар дорад, ки таъсири пандемияро набояд саҳл гирифт. Ба назари ӯ, дар ду-се соли оянда вазъ душвортар мешавад ва стратегияи нави муҳоҷират аз соли 2021 бояд бо назардошти таъсири манфии пандемия таҳия шавад.

Анвар Бобоев гуфт, фурсати он расидааст, ки Тоҷикистон ҷиддан масъалаи "фиристодани қувваи корӣ ба хориҷро бо кишварҳои дигар амалӣ кунад. Бозори меҳнат дар Аврупо ва Канадаро омӯзад. Дар он ҷо то соли 2050 ба беш аз 30 миллион қувваи корӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Тоҷикистон бояд бо ин кишварҳо созишнома бандад, ки дар оянда чӣ гуна тавонем дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ ворид гардем."

Бобоев мегӯяд: "Тоҷикистон давлати бузург нест, ки содироти маҳсулоти мо ба давлатҳои ҷаҳон таъсир расонад. Мо хоҳем ё нахоҳем, қувваи корӣ ба хориҷа баромада рафтан мегирад. Чунки дар Тоҷикистон шароит надорем, ки як миллион ҷойи корӣ таъсис диҳем."

Таҳлилгари тоҷик афзуд, Тоҷикистон бе танзими шароити кори шаҳрвандонаш дар хориҷа "наметавонад роҳи худро ёбад" ва пандемия ҳам зарурати ҳалли ин масъаларо доғтар кардааст.

Дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки аз вобастагии танҳо бозори кор дар Русия ҳушдор медиҳанд ва даъватҳо ба диверсификатсия ё гуногунсозии самтҳои сафари шаҳрвандон бо ҳадафи кор бисёр садо медиҳад. Бо ин вуҷуд, ба ҷуз аз чанд кишваре, ки барои шумори маҳдуди шаҳрвандон имкони кор аз рӯйи квотаву созишномаҳоро пешниҳод мекунад, боз ҳам Русия макони асосии сафару кори мавсимии шаҳрвандон мемонад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG