Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ чизи донистанӣ. Аз қарори Путин дар бораи муҳоҷирон. ВИДЕО


Дар Русия миллионҳо нафар аз муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ кору иқомат мекунанд.
Дар Русия миллионҳо нафар аз муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ кору иқомат мекунанд.
  1. Муҳоҷирони тоҷик дар Русия асосан бо сабтином (регистратсия) ва патент (иҷозаи кор) ҳаққи иқомат пайдо мекунанд. Муҳлати ин ҳуҷҷатҳо ба таври автоматӣ то 15-уми сентябр дароз шуд.
  2. 15-уми июн Владимир Путин, президенти Русия, дар ин бора қарор имзо кард. Қарори пешина муҳоҷиронро аз сабтином ва патент аз 15-уми март то 15-уми июн озод карда буд.
  3. Ин бор муҳоҷирон аз пули патент озод нашуданд. Онҳое, ки кор мекунанд, аз 16-уми июн сар карда, бояд пули патентро мисли пешина супоранд. Ин маблағ дар ҳар вилояти Русия фарқ мекунад ва аз 3215 то 9772 рубли русӣ аст. Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон: «Вазъи муҳоҷирон бисёр вахим аст. Бисёри корхонаҳо ба кор надаромадаанд. Аз куҷо пул пайдо кунанд, ки ин пулро пардохт кунанд»?
  1. Аз 16-уми июн то 15-уми сентябр ихроҷи муҳоҷирон аз Русия, бекор кардани иҷоза кор, (РВП) ва( ВНЖ) манъ аст. Муҳоҷирон бояд ин ҳуқуқи худро донанд ва муҳофизат кунанд.
  2. Бо густариши коронавирус дар Русия ду моҳ карантин ҷорӣ шуд. Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират гуфт, ба камияш шаст дар сади муҳоҷирон бекору бе даромад мондаанд. Дар Русия беш аз 1 миллиону 300 ҳазор тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG