Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо ва бе муҳоҷирон. Бозори кори Русия дар аҳди коронавирус


Муҳоҷирони узбек ҳангоми ҷамъоварии картошка дар Красноярск.
Муҳоҷирони узбек ҳангоми ҷамъоварии картошка дар Красноярск.

Кишоварзони Русия бе ҷалби муҳоҷирон наметавонад, кишту кор ва ҷамъоварии ҳосилро ба пуррагӣ анҷом диҳанд ва мумкин аст, садҳо миллион рубл зарар бинанд. Бо вуҷуди баста будани марзҳо, бояд ба муҳоҷирон иҷозаи вуруд ба Русия дода шавад. Дар ин бора дар таҳқиқоти Маркази озуқаворӣ ва кишоварзии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти молиявӣ Русия таъкид шудааст.

Ба андешаи коршиносон, дар киштзорҳои Русия то 500 ҳазор муҳоҷир, асосан аз кишварҳои Шӯравии собиқ ва Чину Вйетнаму Куриё кор мекунанд. Дар пайи сирояти коронавируси нав ва паҳншавии бемории COVID -19, Русия аз 19-уми март вуруди хориҷиёнро ба қаламраваш манъ кард. Таҳлилгарони Маркази озуқаворӣ ва кишоварзӣ мегӯянд, ин вазъ боиси коҳиш ёфтани муҳоҷират ва хатари нобудии ҳосил дар заминҳои Русия шудаст.

Ба иттилои хабаргузории РБК, Вазорати кишоварзии Русия дар моҳи апрел аз камбуди нерӯи кор дар соҳаи кишоварзӣ ҳушдор дод ва гуфт, агар ин мушкил ҳал нашавад, корхонаҳои бузурги кишоварзӣ метавонанд, на бештар аз 20 дарсади ҳосилро ҷамъ оранд ва ҷамъан соҳа то 1,5 миллиард рубл даромадро аз даст медиҳад. Вазорати кишоварзӣ, тасмим дорад, барои ҷамъоварии ҳосили кишт донишҷӯён ва маҳбусонро ҷалб кунад.

Дар Маркази озуқаворӣ ва кишоварзии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти молиявӣ дар Маскав бар инанд, ки даъвати муҳоҷирон ба кори мавсимӣ дар Русия муҳим аст. Муаллифони пажӯҳиш таъкид мекунанд, ки қабл аз ворид шудани муҳоҷирон, бояд онҳо ду ҳафта дар карантин монанд. Бино ба омори мухталиф 11-12 миллион муҳоҷири корие, ки натавонистанд, ба хонаҳои худ баргарданд, дар Русияанд. Онҳо аксаран шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонанд. Ҳукумати Русия муҳлати иқомат ва патенти аксари онҳоро дароз кард.

Ҳамзамон, дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемия ба амал омадааст, бекорӣ дар байни русҳо меафзояд. Ҳоло ба иттилои расмӣ, дар кишвар наздик ба 3,7 миллион нафар бекор аст, вале пешбинии Вазорати кори Русия ин аст, ки шумораи бекорон дар ояндаи наздик ба 5-6 миллион нафар хоҳад расид.

Дар Русия корҳои дастии сахтро асосан муҳоҷирон иҷро мекунанд.
Дар Русия корҳои дастии сахтро асосан муҳоҷирон иҷро мекунанд.

Владимир Гимпелсон аз Пажуҳишгоҳи муҳоҷират бар ин аст, ки ҳеч коршинос наметавонад, пешбинӣ кунад, ки бозори кори Русияро ҳадди ақал дар шаш моҳи оянда чӣ интизор аст. Ба гуфтаи ӯ, омилҳои таъсиррасон ба масъала зиёданд. Ҳоло ягон омори расмие, ки тавонад, вазъи воқеии бозори корро бозгӯ кунад, вуҷуд надорад ва шумори дақиқи муҳоҷироне ҳам, ки айни ҳол дар Русияанд, маълум нест.

"Мо воқеан ба мушкил гирифтор шудем"

Владимир Гимпелсон мегӯяд, “муҳоҷирон дар ин ҷо барои он монданд, ки маблағе ба даст оранд. Аммо хароҷоти онҳо аз даромадашон бештар шуд. Ба далели кам шудани кор, даромади онҳо поин рафт, аммо маҷбуранд барои иҷора, хӯрок ва патент харҷ кунанд. Онҳо маҷбуранд ҳама гуна корро иҷро кунанд.”

Раҳбари “Совхози ба номи Ленин”, бузургтарин тавлидкунандаи тути заминӣ ё қулфинай дар Маскав ва собиқ номзад ба мақоми президент Павел Грудинин дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ, гуфт, хоҷагии деҳқонии ӯ маъмулан дар мавсими ҷамъоварии ҳосил муҳоҷиронро ҳам ба кор ҷалб мекард. Ҳоло пас аз баста шудани марзҳо ба далели пандемия ҳосили заминҳои ӯ зери хатар аст: “Мо воқеан ба мушкил рӯ ба рӯ шудем. Нафарони муайяне буданд, ки аз уҳдаи ин кор мебаромаданд ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил дар ин ҷо ҷамъ меомаданд. Мо онҳоро гум кардем. Онҳо аз ин кор маоши хуб меёфтанд. Бо таваҷҷӯҳ ба пандемия, шумори нафароне, ки тавонанд аз карантин берун шуда, барои ҷамъоварии меваву сабзавот ба майдонҳои кишт биёянд кам мешавад. Мо коргарон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатиро ҷустуҷу дорем, аммо онҳо дигар иҷозаи ворид шудан ба кишварро надоранд.”

Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки аз миёни миллионҳо муҳоҷири монда дар Русия наметавонанд, коргар ҷалб кунанд, чунин гуфт: "Медонед, на ҳар кас метавонад, ҳосили заминро ҷамъ оварад. Масалан нафаре, ки махсус барои кор дар сохтмон омадааст, намехоҳад, дар заминҳои кишт кор кунад. Биноан мо расман ба тамоми донишгоҳҳои аграрӣ муроҷиат кардем, ки барои кӯмак ба мо донишҷӯёнро сафарбар кунанд. Агар донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ ин ҷо фиристанд, кори мо осон хоҳад шуд. Ҳарчанд як коргаре, ки аз хориҷ ба ин ҷо меомад, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 200 кило қулфинай ҷамъ мекард, вале як нафаре, ки аз Маскав барои кор меояд, рӯзе ҳамагӣ 40 кило ҷамъ мекунад. Фарқиятро мебинед?

Ба қавли тоҷири рус, ҳоло пешгӯӣ кардан сахт аст, ки аз нарасидани коргар чӣ қадар даромадро аз даст медиҳад: “ Танҳо Худо медонад. Ҷамъ овардани ҳосил ва баъдан бурдану партофтан акнун як кори маъмулии хоҷагиҳои деҳқонӣ шудааст. Дар кишварҳои дигар ҳукумат пеш аз ҳама дар бораи истеҳсолкунанда фикр мекунад, вале дар мо онҳо дар фикри имиҷ ё нуфузи худ ҳастанд. Барои мисол дар Олмон ҳукумат барои онҳое, ки ба ҷамъоварии қулфинай машғуланд, долони сабз додааст. Аз Руминия ва кишвраҳои дигар коргаронро бо парвозҳои махсус оварданд. Онҳоро ба боғу заминҳои кишт бурда, 14 рӯз дар карантин нигаҳ доштанд ва деҳқонону боғдоронро бо нерӯи корӣ таъмин карданд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барои иҷрои чунин корҳои душвори дастӣ муҳоҷирон ҷалб мешаванд. Дар Олмон лаҳистониҳо ва шаҳрвандони Руминия, дар Амрико мексикоиҳо ва дар мо узбакҳо ва тоҷикон.“

Оё бекорон аз миёни сокинони маҳаллӣ, яъне русҳо омодаанд, ки ҷойҳои холии кориро дар соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, хоҷагии коммуналӣ ва хидматрасонӣ пур кунанд ва оё иқтисоди Русия бе муҳоҷирони корӣ пойдор хоҳад монд?

Муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Волгоград
Муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Волгоград

Елена Варшавская, профессори кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Мактаби олии иқтисодиёт, дар ин бора чунин андеша дорад: “Мо хуб медонем, ки муҳоҷирон то пандемия дар куҷо кор мекарданд. Онҳо маъмулан дар соҳаҳое кор мекунанд, ки русҳо дар он кор кардан намехоҳанд. Ин корҳое ҳастанд, ки тахассуси баланд талаб намекунанд ва маоши баланд ҳам надоранд. Ин кор дар хадамоти манзилию коммуналӣ, кор дар бахши хизматрасонӣ, кишоварзӣ, кори сохтмон ва ғайра мебошад, ин корҳое ҳаст, ки русҳо ҳамеша онҳоро нодида мегиранд.“

"Русҳо худашон бояд ёд гиранд"

Муовини мудири шӯъбаи кор ва сиёсати иҷтимоӣ, профессор Александ Шербаков, дар таҳияи гузориши ҷалби қувваи корӣ ба Русия ширкат надошт ва аз ин тарҳ ҷонибдорӣ ҳам намекунад. Таҳлилгар бар ин аст, ки дар бахшҳои иқтисодӣ, Русия бояд бидуни истифода аз нерӯи муҳоҷирон кор карданро омӯзад.

Махсусан дар шароити феълӣ, ки ба гуфтаи ӯ пас аз пандемия шумори муҳоҷирон ба таври ҷиддӣ коҳиш хоҳад ёфт: “Кишвар бояд иқтидори баровардани ниёзҳо аз ҳисоби захираҳои худро дошта бошад. Русия чунин имконият дорад. Ба вижа вақте бекорӣ бештар мешавад. Дар ин вазъ бояд ба нерӯи кории худ такя кард. Ман муттахасиси соҳаи кишоварзӣ нестам, аммо фикр мекунам, дар мавсими коркарду ҷамъоварии ҳосили заминҳо мо бояд бидуни ҷалби муҳоҷирон, бо истифода аз захираҳои худ ин корҳоро анҷом диҳем.

Ренат Каримов, раҳбари Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ, дар робита ба пешниҳодҳо барои овардани 500 ҳазор муҳоҷир мегӯяд, Русия қабл аз ҳама бояд фикри беш аз ним миллион шаҳрванди бекори худро кунад. Ба андешаи ӯ, бояд онҳоро бозомӯзонида, соҳибкасб ва ба ҷойҳои холии корӣ ҷалб кард.

Барои ин ба гуфтаи Ренат Каримов, бояд барномаи махсуси давлатӣ таҳия шавад. Ҳарчанд ӯ бовар дорад, ки новобаста ба вазъият барои ҳар корфармои рус, махсусан раҳбарони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалби масалан як муҳоҷири узбек, ки омодааст аз субҳ то шом заҳмат бикашад, ба фарқ аз як шаҳрванди Русия хубтару арзонтар аст.

XS
SM
MD
LG