Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадулло Давлатзода: “Якдигарфаҳмӣ шуд, дигар даъвое надорам”


Маҳмадулло Давлатзода
Маҳмадулло Давлатзода

Маҳмадулло Давлатзода, муҳоҷири кӯчарӯби тоҷик, бо дарёфти 150 ҳазор рубли русӣ, муодили тақрибан се ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ, аз даъвояш алайҳи як сокини шаҳри Маскав, ки дар канда гирифтани гӯши ӯ муттаҳам аст, даст кашид. Давлатзода рӯзи 2-юми сентябр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба созиш расиданд ва дигар даъвое нахоҳад кард.

Мо дигар алайҳи хоҳиши ҷабрдида амал намекунем ва бо ҳамин ин баҳс хотима дода мешавад.

Муҳоҷири 51-солаи тоҷик аз ин бештар тафсилот надод ва гуфт, ки феълан дар бемористони рақами 67-уми пойтахти Русия аст ва ба зудӣ ҷавоб хоҳад шуд. “Ҳамааш хуб аст. Саломатӣ ҳам хуб аст. Хеле беҳтар шудам. Омаданд, суҳбат карданд, якдигарфаҳмӣ шуд. Мо ҳам барои мусолиҳа ризоят додем. Дигар даъвое надорам”, - афзуд ӯ.

То ҳол маълум нест, ки ин мусолиҳа дар чӣ шароите ба даст омадааст. Дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта вакили Маҳмадулло Давлатзода гуфта буд, ӯ таҳти фишори шадид аст, то аз даъво алайҳи сокини шаҳри Маскав даст бардорад.

Маҳмадулло Давлатзода
Маҳмадулло Давлатзода

Ирина Бирюкова, ҳуқуқшиноси созмони “Общественный вердикт” ва вакили дифои Маҳмадулло Давлатзода, рӯзи 2-юми сентябр гуфт, баъди онки марди рус аз Маҳмадулло расман узр пурсида, барои табобаташ 150 ҳазор рубл дод, ҷабрдидаи тоҷик гуноҳи ӯро бахшид ва оштӣ кард. Ӯ гуфт, “Маҳмадулло инсони мусолиматомез ва амиқан диндор аст. Шояд ба ҳамин хотир шахси ба ӯ зараррасонидаро бахшид. Мо дигар алайҳи хоҳиши ҷабрдида амал намекунем ва бо ҳамин ин баҳс хотима дода мешавад.”

Қаблан Маҳмадулло Давлатзода, муҳоҷири тоҷик, аз он шикоят карда буд, ки ба дунболи баҳсаш бо як зани сокини Маскав мавриди латту кӯб қарор гирифта ва аз гӯшаш маҳрум шудааст. Ӯ гуфта буд, ҳамаи бало баъди он ба сараш омад, ки рӯзи 15-уми август, ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ба зане эрод гирифт, то нагузорад, сагаш ба болои гулҳои шинондаи ӯ ахлот кунад.

Тафсилоти бештарро дар инҷо хонед:

“Ба хубӣ гуфтам, ки бигзор сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад. Ин зани ношинос дар ҷавоб гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман эрод мегирӣ?” – нақл кард Давлатзода. Ин муҳоҷири тоҷик гуфта буд, зоҳиран ҳамон рӯз гапи байни ӯву ин зани рус ба поён расид: “Аммо субҳи дигар, вақте бо чойник ба гулҳо об мерехтам, марде омада бе пурсупос маро зад. Чойник аз дастам парид. Дандонҳоям шикастанд ва билохира худамро аз дасташ раҳо карда гурехтам.”

Пас аз ин ҳодиса Маҳмадулло Давлатзода ба идораи пулис шикоят мебарад, аммо кормандони пулис ӯро мутақоид мекунанд, ки беҳтар аст аризаро бозпас бигирад ва аз пайи муноқиша наравад. Аммо ин гузашти Давлатзода боиси бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанаш шудааст. “Рӯзи дигар, вақте партовҳоро ҷамъ мекардам, боз ҳамон мард омад. Аз дастам қапида гуфт, ки рафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣ. Дар дасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро то канда шудан газид ва баъд гурехт. Ман доду вой кардам. Дар ҳамин вақт касе маро халос кард, лекин намедонам кӣ буд”, - гуфт Маҳмадулло Давлатзода.

Маҳмадулло Давлатзода 10 сол боз ба ҳайси кӯчарӯб дар як бинои серошёна дар Маскав кор мекунад. Аксарияти сокинони ин бино ӯро мешиносанд ва аз сифатҳои хуби ӯ тавсиф мекунанд.

Бегонаситезиву бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия падидаи нав нест, вале коршиносон мегӯянд, баъди таҳримҳову бештар шудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, шумори афроди норозӣ аз ҳузури муҳоҷирон дар Русия зиёд мешавад. Дар чунин ҳолат, муҳоҷирони хориҷӣ, ки дар чашми бисёр сокинони Русия, “гӯё барои гирифтани пули сокинони маҳаллӣ ин ҷо омадаанд”, шаттаи аввали ин ҷаҳлу хушунатро мехӯранд.

Маркази нарзарсанҷии “Левада” низ баҳори имсол натиҷаҳои назарсанҷии худро дар робита ба муносибати шаҳрвандони Русия ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиё Миёна нашр кард, ки дар он 38 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, муҳоҷирони хориҷиро “бад” мебинанд.

XS
SM
MD
LG