Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди дарёфти осони шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирони тоҷик


Дар Русия тарҳи қонуни наве таҳия мешавад, ки ҳаққи соҳиб шудан ба шиносномаи ин кишварро барои шаҳрвандони хориҷӣ осонтар мекунад. Муаллифони тарҳ мегӯянд, ин қонун бо пешниҳоди президент Владимир Путин таҳия шуда, дар муқоиса ба қонуни амалкунанда шарту шароити осонтарро пешбинӣ мекунад.

Дар сурати қабул шудани қонун эҳтимол муҳоҷирони зиёди тоҷик, ки Русия барояшон макони аслии кору даромад шудааст, аз ин имконият истифода кунанд. Вале барои кишварҳои ирсолкунандаи нирӯи корӣ ин қонун метавонад, паёмадҳои сахте ба дунбол дошта бошад.​

Натиҷаи омори нуфусшумории охир дар Русия ин аст, ки 230 ҳазор тоҷиктабор шаҳрвандии ин кишварро пазируфта, сокини муқимии ин кишвар шудаанд.

Тарҳи нав, ки дар дасти таҳияи муаллифонаш буда, ба гуфтаи онҳо, то охири соли ҷорӣ ба баррасии Думаи давлатӣ фиристода мешавад, Қонун "Дар бораи ҳамоиши иҷтимоӣ ва фарҳангии муҳоҷирон дар Русия" ном дорад.

Иосиф Дискин, узви Шӯрои палатаи ҷамъиятии Русия ва раиси комисюни танзими равобити байналмилалӣ ва мазҳабӣ, яке аз муаллифони ин қонун аст. Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин қонун асосан ба ду тоифаи шаҳрвандони хориҷӣ – хатмкардаҳои мактабҳои миёнаи махсус ва донишгоҳҳои Русия ва ҳам онҳое тааллуқ дорад, ки бо аҳли хонаводаашон ба Русия омада, зиндагӣ мекунанд. Аз ин бахши хориҷиҳои муқими Русия Дискин ба ҳайси гурӯҳҳои огоҳ, соҳибмаълумот ва ҳамоишёфта бо ҷомеа ёд кард, ки қонуну қоидаи зиндагиву кор дар Русияро хуб медонанд.

Забони Пушкин – калиди шаҳрвандии Русия

Иосиф Дискин гуфт, тарҳи қонун, ки дар ҳоли таҳия ва такмил шудан аст, шарту шароит муҳлати гирифтани шаҳрвандиро осону кӯтоҳтар мекунад. Муҳимтарин омил дар интихоби шаҳрвандони нави Русия донистани забони русӣ ва ҳамоиш ёфтан бо ҷомеаи ин кишвар хоҳад буд. “Таҳсили кӯдакони хонавода дар мактабҳои Русия, балад будани ҳадди ақал 1000 калимаи русӣ аз ҷониби зану шавҳар, рафтан ба муассисаҳои фарҳангии мисли театру кино ва ширкати кӯдакон дар маҳфил ва клубҳои спортӣ, донистани расму оин ва ҷашнҳои миллии Русия метавонад далели ҳамоиш ёфтани оила ба ҷомеаи Русия шинохта шавад”, - мегӯяд Дискин.

Думаи давлатии Русия.
Думаи давлатии Русия.

Ӯ гуфт, масалан, муддаии шаҳрвандии Русия, ки соҳиби фарзанд нест, ҳамоиш ёфтани худ бо ҷомеаи ин кишварро аз роҳи нишон додани билети театр ё кино исбот кунад. Дар сурати пурра собит шудани ин ҳама талабот аз ҷониби як шаҳрванди хориҷӣ, ба гуфтаи Иосиф Дискин, марҳилаи дарёфти ҳаққи шаҳрвандӣ метавонад, дар шаш моҳ ҳам анҷом ёбад. Қонуни амалкунанда мӯҳлати ҳадди ақали тақдими шаҳрвандӣ ба як хориҷии муқими Русияро бо назардошти иҷрои марҳила ва талаботи қонун ҳадди ақал 5 солро дар бар мегирад.

Дискин баробар бо ин ҷараёни феълии гирифтани шаҳрвандиро “мушкил ва печида бо фасод” унвон кард ва гуфт, дар сурати ҳукми қонун гирифтани тарҳи нав онҳое, ки нияти неки кору зиндагӣ дар ин кишварро доранд, тавассути як протседураи содда, фаҳмо ва кӯтоҳмуддат соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд.

Истиқболи муҳоҷирон

Чанд муҳоҷири тоҷик, ки аз таҳия шудани тарҳи қонун нав шуниданд, аз ин хабар истиқбол карданд. Аз ҷумла, Диловар Ҳамроеви 27-сола, ки дар Маскав таксиронӣ мекунад, мегӯяд, мавқеи як муҳоҷири корӣ ё коргари хориҷии кироя аз як шаҳрванди комилҳуқуқ фарқ мекунад. Вай гуфт, агар ин қонун ҳақиқат дошта бошаду қабул шавад, шахсан ӯву садҳо ҳазор ҳамватани дигараш аз дардисарҳои феълии марбут ба дарёфти патент, сабтиноми расмӣ ва бархӯрдҳои нороҳаткунанда бо полис халос мешавад.

Коршиносон мегӯянд, бо инки Русия ба нирӯи коргарони хориҷӣ ниёз дорад, дар ду даҳсолаи охир аз худ ба ҳайси кишвари хушоянд ва ботаҳаммул дар баробари муҳоҷирони соҳиби забону фарҳангҳои мухталиф дарак надодааст. Эҳтиёҷи иқтисодӣ, мушкилоти демографӣ ва бозори кор аст, ки зарурати ҷалби нирӯи кории иловагиро аз хориҷа тақозо мекунад. Танҳо дар соли 2015-ум аз ҳисоби патенти муҳоҷирони корӣ буҷаи шаҳри Маскав 8 миллиард рубл даромад дидааст.

Дар ҳама ташаббусҳои марбут ба сабукӣ овардан дар қонуни тақдими шаҳрвандӣ ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ қарор дорад, ки пеш аз ҳама бо назардошти манфиатҳои миллии худи Русия таҳия мешаванд.

Людмила Кравченко, мутахассиси маркази таҳлилии Сулакшин дар Маскав гуфтааст, ки дар Русия бо сабаби буҳрони иқтисодӣ таваллуд дар миёни шаҳрвандони ин кишвар коҳиш ёфтааст. Ҳар сол, ба гуфтаи ӯ, ҷамъияти Русия аз ҳисоби муҳоҷирон ба ҳисоби миёна 230-300 ҳазор нафар афзоиш меёбад ва 96 дарсад сокинони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ ташкил медиҳанд.

"Аҳолии Русия кам мешавад"

Ҳукумат ба умеди онки онҳоро ҳунар меомӯзанду бармегарданд ва дар рушди ватанашон хидмат мекунанд, пули зиёд харҷ мекунад. Моликияти зеҳнӣ ин боигарии ҳар кишвар аст. Ин қонун формулаи санҷидашуда аст.

Дониёр Усмонов, як соҳибкори тоҷики шаҳрванди Русия мегӯяд, “аҳолии Русия бинобар сабаби кам будани таваллуд дар ҳоли камшавӣ аст. Хусусан дар вилояти Приморе шумораи аҳолӣ ба шиддат коҳиш меёбад. Ҳол онки ин минтақа бо Чин ҳамсарҳад ва Русия аз ин дар ташвиш аст. Аз ин рӯ, бархе аз депутатҳо дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷирони Осиёи Миёнаро, ки аз бисёр ҷиҳат бо Русия наздик ҳастанд, дар онҷо ҷой дода шаванд.”

Усмонов гуфт, бахши прагматикии ҳукумати Русия муддатҳо боз талош мекунад, дидгоҳи мақомотро ба сиёсати демографӣ тағйир дода, зарурати ба шаҳрвандӣ пазируфтани муҳоҷирони ба истилоҳ фоидаовар барои хазинаи зеҳниву иқтисодии ин кишварро талқин кунанд. Дар ин сурат ин кишвар на танҳо аз назари шумори аҳолӣ, балки аз назари сифати ақлонии он ҳам метавонад бурд кунад.

Вале ин стратегия пеш аз ҳама барои кишварҳои ирсолкунандаи нирӯи корӣ ба Русия бонги изтироб аст. Дар Тоҷикистон, ки соле як миллион аҳолиаш дунболи кору даромад ба Русия мераванд, коршиносон мегӯянд, бо рафтани нирӯи ҷавону кордони кишвар захираҳои инсониву зеҳнии ҷумҳурӣ кам мешавад.

"Фирори мағзҳо бештар мешавад"

Шарифмуроди Исрофилниё
Шарифмуроди Исрофилниё

Шарифмуроди Исрофилниё, донишманди тоҷик, мегӯяд, сабуктар шудани меъёрҳои пазироии шаҳрвандии Русия дари фирори мағзҳоро аз Тоҷикистон боз ҳам бештар боз мекунад. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҷаноби Исрофилниё гуфт, Тоҷикистон бо сарфи маблағи зиёд ҷавононро ба таҳсил мефиристад, ки онҳо ба кишвар баргашта дар рушди ватанашон хидмат кунанд. Ӯ гуфт, “ҳукумат ба умеди онки онҳоро ҳунар меомӯзанду бармегарданд ва дар рушди ватанашон хидмат мекунанд, пули зиёд харҷ мекунад. Моликияти зеҳнӣ ин боигарии ҳар кишвар аст. Ин қонун формулаи санҷидашуда аст. Амрико аз ҳисоби мағзи кишварҳои дигар тараққӣ кард. Ин роҳи осону муфт соҳиб шудан ба мутахассисони соҳибистеъдод аст.”

Бино ба омор, ба истиснои тақрибан 1 миллион русзабоне, ки баъд аз суқути Шӯравӣ аз Тоҷикистон ба Русия кӯчиданд, дар 20 соли ахир аз 200 то 300 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Натиҷаи омори нуфусшумории охир дар Русия ин аст, ки 230 ҳазор тоҷиктабор шаҳрвандии ин кишварро пазируфта, сокини муқимии ин кишвар шудаанд.

XS
SM
MD
LG