Бо вуҷуди баста будани марзҳои Қазоқистону Узбекистон бо сабаби пандемияи коронавирус ва огаҳиҳои батакрор, даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо умеди бозгашт ба ватан дар гузаргоҳи Жибек Жоли, дар сарҳади Қазоқистону Узбекистон, ҷамъ шудаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн шумораи онҳоро "беш аз 30 нафар" гуфт.
Шаҳноза Ҳасанова, корманди созмони ҷамъиятии "Сана сезим" дар Шимкент, мегӯяд, ба иттилои дарёфтии онҳо, дар давоми ду шабонарӯзи охир дар марз тахминан 50 шаҳрванди Тоҷикистон ҷамъ шудаанд.
Онҳо гуфтаанд, бо ин умед ҷамъ шудаанд, ки имкони ба Тоҷикистон рафтан пайдо мешавад. Вай афзуд, ин мардум дар ҳоле дар ин ҷо таҷаммӯъ мекунанд, ки марзи ҳарду кишвар ҳамоно бастааст.
Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте рӯзи ҷумъа гуфтанд, "чунин ҳолат боис мегардад, ки то гирифтани иҷозати убури сарҳад аз мақомоти дахлдори Қазоқистон ва Узбекистон мардум сарсону саргардон шаванд."
Ба навиштаи вазорат, кормандони сафорат дар Қазоқистон ва фаъолони ҷамъияти тоҷикон ба мардуми бандмонда бо "ғизову ҷойи хоб кумак мекунанд". Вазорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки баста будани марзҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар давраи пандемия ба инобат гирифта, "то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар минтақа аз сафар ба Қазоқистон ва Узбекистон ва талоши гузаштан аз марзи он кишварҳо худдорӣ намоянд."
Ба иттилои масъулин, бахше аз ин муҳоҷирони дармонда аз Русия омадаанд, чун дар шароити пандемияи коронавирус аксар муҳоҷирон манбаи кору даромади худро аз даст додаанд.
Бар асоси ҳисобҳои тахминии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, аз ҳар даҳ муҳоҷири корӣ шаш нафар аз кору даромад маҳрум шудаанд ва муҳоҷирони тоҷик ҳам истисно нестанд.
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки ба ҳалли чунин масъалаҳо сару кор дорад, рӯзи 5-уми июн гуфт, "муҳоҷирон хабарҳоро дуруст намехонанд ва ё махсус омада дар марз ҷой мегиранду аз мақомот талаб мекунанд, ки онҳоро ба ватан интиқол диҳанд. Ин ҷараёни соддаву осон нест, чунки қоидаи карантин бекор нашудааст, баррасии ҳар ҳолат дармондани муҳоҷирон баррасиҳои се кишварро тақозо мекунад ва муҳимтар аз ҳама – хароҷоти пардохти мусофирбарҳоро талаб мекунад. Барои кирояи ҳар як автобус тахминан 600-700 доллар зарур аст".
Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар шароити пандемия ва мушкили кори ниҳодҳои давлатӣ шаҳрвандон ҳам бояд масъулият ва ҳамкорӣ нишон диҳанд, бе зарурат маконҳои зисти муваққатии худро тарк накунанд ва худро дар ҳолати хатари олудашавӣ ва ё дармондагӣ нагузоранд.
Рӯзи 3-юми июн Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки 237 шаҳрванди дармонда дар марзи Қазоқистони Ҷанубӣ ва Узбекистон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Бозгашти онҳо, ки як қисмашон ҳанӯз ду моҳ пеш ба марз омада буданд, бо талошҳои Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) ва музокироти ҳукуматҳои се кишвари Осиёи Марказӣ имконпазир шуд.
Дар муддати интизорӣ дар марз муҳоҷирони дармонда бо ёрии башардӯстонаи сокинони маҳаллӣ, ҳукумат ва Салиби Сурхи Қазоқистон ва IOM ба ғизову муҳимоти беҳдоштӣ дастрасӣ доштанд. Аммо он тавр ки худи муҳоҷирни бандмонда гуфтанд, ин муддатро дар шароити баде паси сар карданд.